Осоишгоҳҳои Тоҷикистон: нарх ва шароит

  • Чоршанбе, Фев 10 2021

 

 

 Шамсиддин Қудрат, хонанда ва муаллифи доимии мо аз ш.Хисор занг зада, дар бораи нарху навои истироҳатгоҳҳои кишвар, хосса «Баҳористон»-у «Зумрад», «Хоҷа оби гарм»-у «Сароб»-у «АВИС-сити» изҳори назар карда буд. Воқеан ҳам чуноне ки хонандаи мо мегӯяд дар роликҳои таблиғотии ин осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо нархи аниқу муайян, масалан барои 10-12 рӯзи табобат набуда, танҳо таблиғи тахфифҳо эълон мешаваду халос. Мо тасмим гирифтем 1 маротиба ба тамоми осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои кишвар муроҷиат карда, нархи табобати 10-рӯзаро аниқ кунему фаҳмем, ки оё кисаи мо имкони чунин истироҳату табобатро дорад ё не???

«Баҳористон»

   Дар сомонаи расмии осоишгоҳи «Баҳористон» дар қисмати арзиши муолиҷаи табобатӣ-истироҳатӣ нархҳо аз 1.01 то 31.05-и соли 2020 гузошта шудаанд. Аз рӯи маълумоти соли пор нархи 1 шабонарӯз дар утоқи маъмулӣ бо зист, муолиҷа ва 3 маҳал хӯрок барои 1 нафар 260 сомониро ташкил медиҳад. Ин нархи аз ҳама арзонтарини «Баҳористон» аст. Зист дар утоқҳои роҳаттару полулюксу ба қавле люкс аз 280 сомонӣ барои 1 шабонарӯз сар шуда, то ба 700 сомонӣ дакка мезанад. Яъне, агар шумо 10 рӯз дар ин макон табобат гирифтанӣ шавед, барои зист дар ҳуҷраи стандарт-маъмулӣ бояд 2600 сомонӣ ва дар люкси дунафара то 7000 сомонӣ пардохт намоед!

   Мо ба ин нархҳо бовар накарда (хеле гарон боз ҳам бо назардошти пандемияи коронавирус вақте мизоҷ кам аст!) ба бахши ташрифоти осоишгоҳи «Баҳористон», ки рақамаш 92 858 55 55 аст, занг задем. Оператор зимни суҳбат афзуд, ки айни замон тахфиф эълон шуда, нархи 1 шабонарӯз барои 1 нафар дар аксарияти биноҳо, ҳатто полулюкс 180 сомонӣ муқаррар шуда, ин тахфиф то моҳи апрели соли 2021 идома хоҳад ёфт. Яъне, боз ҳам барои 1 нафар дар 10 рӯз бидуни харҷи роҳ 1800 сомонӣ лозим мешавад.

Баҳористон Дубайро гузашт?

Барои мисол, бо 7000 сомонӣ, ки бояд дар Баҳористони люкс ба сар барӣ, шумо метавонед роҳат ба Дубай сафар карда, дар меҳмонхонаи Нователли 5 ситорадор расо 10 рӯз дам гиред. Шароити ун ҷоро медонед-бисёр олист!!! Рӯиҳамрафта, ин маблағ ба чиптаи ҳавопаймо ва таксипулӣ низ медарояд, ки шуморо бурда, дар меҳмонхона ҷо мекунанд ва сипас бо такси оварда, ба ҳавопаймо шинонида, то Душанбе гусел менамоянд. 

Ба 7000 сомонии Баҳористон бошад нархи роҳкиро ва ҳавопаймо аз Душанбе то Хуҷанд аслан намедарояд. Яъне чӣ? Яъне масъулини Баҳористон аз шароити бади истироҳатӣ, бо иллати басташавии хатсайрҳо ба истироҳатгоҳҳои хориҷӣ, бо сабаби пандемияи коронавирус ва фаол набудани истироҳатгоҳи Шоҳамбарӣ суистифода карда, ба аҳли меҳнат ситам мекунанд. Бояд Палатаи ҳисоб, Агентии коррупсия ва Агентии зиддимонополӣ ин амали Баҳористонро ба риштаи таҳқиқ кашад. Зеро дар чунин шароити пандемиявӣ, ки Президенти кишвар пайваста ғами мардуми оддиро мехӯрад, Баҳористон муваззаф аст, нархномаҳояшро коҳиш диҳад. 

«Хоҷа оби гарм»

    Дар осоишгоҳи «Хоҷа оби гарм» нархи 1 шабонарӯз дар утоқи маъмулӣ аз 130 сомонӣ барои 1 нафар сар шуда, арзиши утоқҳо нимроҳату роҳат аз 165 то 235 сомонӣ барои 1 нафар муайян шудаанд. 

   Мо боз ба ин нарх бовар накарда, ба бахши ташрифоти осоишгоҳи мазкур занг задем-93 355 50 77. Тавре ба мо хабар доданд, айни замон нархи 1 шабонарӯз дар утоқи нимроҳат-полулюкс барои 1 нафар 180 сомонӣ буда, арзиши утоқҳои роҳат бошад аз 260 сомонӣ барои 1 нафар сар мешаванд. Яъне, барои 10 рӯзи истироҳату табобат шумо бояд 1800 сомонӣ дар киса дошта бошед, ба ин маблағ зист, табобат ва 3 маҳал хӯрок дохил мешавад. Беҳтарин иқдом ва аҳсант ба масъулини ин осоишгоҳ, ки ғами мардумро мехӯранд!

«Зумрад»

   Дар мавриди нарху навои истироҳату табобат дар осоишгоҳи дигари мамлакат-«Зумрад» низ иттиллои аниқ дарёфт карда натавонистем. Сомонаи расмии ин осоишгоҳ дар блок буда, дар сомонаҳои гуногуни сайёҳӣ рақами телефонҳои гуногун гузошта шудааст. Ба телефони рақами 93 568 33 33 занг задем, гуфтанд, ки ба дигар шумора-918 85 00 06 занг занед. Нафаре, ки гӯширо бардошт, моро боз ба дигар шумора-(8 3462) 2 40 70 равон кард. Хулоса, нархномаи аниқу дурусти ин осоишгоҳро мо пайдо накардем ва шояд пас аз нашри ин матлаб масъулони осоишгоҳи «Зумрад» дар ин бора худашон хоҳанд гуфт. 

   Бино ба иттиллои корафтодаҳо, нархи истироҳату табобат дар осоишгоҳи мазкур аз 150-180 сомонӣ барои 1 нафар дар 1 шабонарӯз сар мешавад. Роҳкиро агар ба ин нархнома замм кунем, пули ҳангуфте мешавад. 

«АВИС-сити»

   Пайдо кардани иттилоот дар бораи нарху навои осоишгоҳи «АВИС Сити» дар аввал барои мо мушкил буд, зеро сомонаи онро то дер пайдо карда наметавонистем. Пасон яке аз рақамҳое, ки дар сомона дарҷ шуда буд-92 879 24 59 ба дигар осоишгоҳ-«Ӯротеппа» дахл дошт! Шумораи дигар-91 910 01 03 бошад алакай ба дигар нафар тааллуқ шуда буд…Ва ин дар ҳолест, ки тавассути ТВ пайваста ин осоишгоҳ таблиғ мешаваду дар бораи нархнома ҳарфе намезананд!

   Дар саҳифаи фейсбукии ин осоишгоҳ, ки ҳанӯз соли 2017 боз шуда, дигар тағйир накардааст, нархҳо аз 80 сомонӣ сар мешаванд. Вале ба ин набояд бовар кард, зеро ин нархҳои 4 сол пеш буда, ба гуфтаи ҳолдонҳо нархи 1 шабонарӯзи истироҳату табобат дар «АВИС Сити» низ аз 150-180 сомонӣ сар мешаванд. Умедворем пас аз нашри ин матлаб мудирияти ин санаторий худашон ба мо ба таври расмӣ посух хоҳанд гуфт. 

«Сароб»

   Тибқи нархгузорие, ки дар сомонаи осоишгоҳи «Сароб» гузошта шудааст, нархи 1 шабонарӯз зисту табобат ва 3 маҳал хӯрок барои 1 нафар дар утоқи маъмулӣ 280 сомониро барои то 3 шабонарӯз ташкил медиҳад. Агар шумо аз 3 шабонарӯз бештар истироҳату табобат карданӣ бошед, пас 250 сомонӣ ҳисоб хоҳанд кард. Яъне барои 10 рӯз 2500 сомонӣ! Нархи утоқи роҳат барои 1 нафар аз 330 сомонӣ дар 1 шабонарӯз сар мешавад-3300 сомонӣ дар 10 рӯз. Аз Хоҷа Оби Гарми шафаташ фарқи нарх аз замин то осмон!!!

«Шифо»

   Нархи 1 шабонарӯз истироҳату табобат барои 1 нафар дар осоишгоҳи «Шифо» низ аз 150 сомонӣ сар шуда, ба он зист, табобат ва 3 маҳал хӯрок ворид мегардад. 1 чиро ҳатман бояд қайд кард, ки дар Шифо шумо ҳатман ШИФО меёбед, зеро шароиташ олӣ ҳам набошад, табибони касбияташон олӣ дар ин ҷо фаолият доранд.

   Иттифоқҳои касаба

Дар охир бубояд гуфт, ки ҳар 1 осоишгоҳу истироҳатгоҳи кишвар ба ғайр аз нархномаи аслӣ боз тахфифу имтиёзҳои дигарро низ доранд, ки ба кӯдакону ҷавонон дахл дошта, аз интихоби утоқҳо вобаста аст. Ва набояд фаромӯш кард, ки агар шумо корманди идораи давлатӣ ҳастеду тариқи роҳхати Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба истироҳат меравед, он гоҳ нархҳои осоишгоҳҳо ва хизматрасонии онҳо 50-75% арзонтар ҳисоб карда мешаванд. 

Ва аммо оё Иттифоқҳои касаба ба ҳама муроҷиаткунандагон роҳхати имтиёзнок медиҳанд ва ё не ва дар ин иттифоқ «шӯру мур» ё худ пулшӯӣ ҳаст ё нест, роҳхатҳо дастраси ҳама мешавад ва ё баргузидаҳо… мо ҳатман ин суолотро пайгир мемонем.

Мо метавонем!

 

Мину Аминзода, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase