ШВКД: бо муаллиф суҳбати самимӣ кардем…

  • Панҷшанбе, Сен 08 2022

16.06.2022 дар нашрияи СССР (таҳти №24) мақолаи шаҳрванд Ҳоким Сафар зери унвони «Файзобод: Пробка ва таъкиди Сарвазир» нашр шуда, муаллиф дар мақола зикр мекунад, ки дар маркази шаҳраки 30-солагии Истиқлолияти н.Файзобод бозори «Истиқлол» ҷойгир аст, ки рӯзҳои якшанбе дар онҷо бозор барпо мегардаду тоҷирону соҳибкорон маҳсулоташонро оварда мефурӯшанд. Рӯзҳои якшанбе 100-ҳо мошини сабукрав дар шоҳроҳ ҷой мегиранду «пробка» барпо менамоянд.

Дар асоси дастури сардори ШВКД дар н. Файзобод ҳамарӯза дар назди бозори «Истиқлол» аз ҳисоби кормандони ШБДА бо мақсади ба танзим даровардани гирду атрофи шоҳроҳ дар назди бозори мазкур вобаста карда мешаванд. Инчунин бо ин мақсад дар рӯзҳои якшанбе ҳангоми баргузории бозор аз ҳисоби кормандони БДА ва нозирони минтақавӣ то ба анҷом расидани фаъолияти бозор теъдоди зиёди кормандон вобаста мегарданд.

Рӯзи 05.06.2022 ҳангоми сафари кории Сарвазир бо ҳамроҳии меҳмонон ба ш.Роғун, ки аз ҳудуди бозори мазкур гузаштанд, тамоми фаъолони н.Файзобод ва кормандони масъул дар назди бозори «Истиқлол» қарор доштанду воситаҳои нақлиёт дар шоҳроҳ бе мамониат ҳаракат мекарданд.

Ҳарчанд, ки факту далелҳои дар мақола дарҷ гардида, қисман исботи худро ёфта бошанд ҳам, бо вуҷуди ин бо муаллифи мақола суҳбати самимонаву ошкоро доир карда шуд. Роҳбарияти ШВКД ба Ҳокими Сафар барои таваҷҷуҳ ба мушкилоти соҳа изҳори сипос намуда, ҳамзамон таъкид карданд, ки эроду пешниҳодҳо бояд беғаразона ва воқеиву объективӣ бошанд.

М.Пирзода,  сардори ШВКД дар
н.Файзобод, полковники милитсия

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase