Дуруд ба СССР-и азиз!Барелеф 1 намуди санъати ҳайкалтарошӣ буда, тасвири барҷаста аз сатҳи ҳамвор ба андозаи на зиёдтар аз нисф баландтар мебошад. Ин услуби санъати амалӣ дар зебу ороиши биноҳои фарҳангиву маъмурӣ, осорхонаҳо истифода бурда мешавад. Лавҳаҳои фахрӣ-хотиравӣ, рӯи тангаҳои фулузӣ, медалу орденҳоро низ санъати барелеф зинат медиҳад.

Бобати гузоштани пайкараи Акбари Саттор дар назди ГЖК устод Сайёфи Мизроб 100% ҳақ аст! Ба хотири пос доштани хотираи неки Вазири журналистон (ба ибораи СМ) биёед ақалан барелефи Акбари Сатторро дар девори ГЖК насб карда, Рӯҳи ин Инсони Бузургро шод намоем!

Ва боз 1 пешниҳод: 01.09.2022 дар ифтитоҳи 5 мактаби тоҷикӣ-русӣ Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин иштирок намуданд. Бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангиву таърихии халқҳоямон бисёр хуб мешуд агар ба яке аз ин мактабҳо номи «875 солагии Москва» гузошта мешуд. Охир собиқ пойтахти мардуми советӣ ва давлати абарқудрати СССР имсол юбилейи 875 сола дорад!

Маннон Махсумов,

ш.Истаравшан,

Тел: 988097194

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase