Сарпарасти табибони чинӣ кист?

  • Чоршанбе, Сен 21 2022

 

  Бегмат Маҳмадов, хонандаи ҳамешагии газетаи СССР аз н.Тоҷикобод ба идора занг зада, гуфт, ки чанд вақт мешавад, ки мехоҳам оид ба баъзе мавзӯъҳо ё мақолаҳои баъзе муаллифон фикру ақидаи худро баён намоям.

   - Пеш аз ҳама дуруд ба Ҷамол  Икромӣ аз н.Сино. Ӯ шикоят намудааст, ки табибони чинӣ мардуми содаи тоҷикро бо ҳар гуна табобат ғорат мекунанд.

Бародар Икромӣ! Вақте ки ин масъаларо бардоштед, бояд онро то ба охир мебурдед. Аниқ мекардед, кӣ ва барои чӣ табибони чиниро ин қадар реклама мекунад? Сарпарасти табибони чинӣ дар Тоҷикистон кӣ аст ва бо кадом мақсад онҳо даъват шудаанд, ҳол он ки хатмкардагони Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон аз давраи Шӯравӣ то ҳозир табибони беҳтарин мебошанд. Чаро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ нисбат ба ин ягон вокунише нишон намедиҳад?

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase