Ҷанге, ки мо ба қирғиз бохтем…

  • Чоршанбе, Сен 28 2022

Гузашт шавкати Маҳмуду дар замона намонд,

Ҷуз ин фасона, ки нашнохт қадри Фирдавсӣ…

Шоири клоссик (муаллифро ёбед ва соҳиби ҷоиза шавед!) медонед чиро дар назар дорад? Ҷанги иттилоотиро. Зеро тавре медонем, Маҳмуди Ғазнавӣ Фирдавсиро қадр карда буд, вале ҷои зар динорҳои мисинаш дод. Фирдавсӣ ранҷид ва ба кибератака гузашт:

Аё шоҳ Маҳмуди кишваркушой,

Зи кас гар натарсӣ, битарс аз Худой…

Агар модари шоҳ бону будӣ,

Маро симу зар то ба зону будӣ.

Чу андар табораш бузургӣ набуд…

Ва типа ҳамин 1 достони дигаре, ки аз ғуломзодагии шоҳ гувоҳӣ медод. Ҳол он ки қаблан Фирдавсӣ навишта буд:

Чу кӯдак лаб аз шири модар бишӯст,

Ба гаҳвора Маҳмуд гӯяд нахуст!!!

Ин мадҳияеро, ки гӯши кас нашнидааст бо чунин вусъати подхалимӣ, танҳо алоқамандони адабиёт, ба таъбире, «узкий круг» медонанд, ки ҳаргиз фош намекунанд. Яке аз тарси обрӯи «кумир»-ашонро нарезонидан ва дигаре просто аз  тарс. Тарси кӣ? Маълум нест, шоиру адабиётшиносони мо аз кӣ метарсанд. Вале метарсанду хомӯш мешинанд. Мисле, ки намегӯянд, Маҳмуд ба Фирдавсӣ боз ҳам зарру сими бештар аз гонорарашро инъом кардааст...

Хулласи калом, Маҳмуди Ғазнавӣ бар қиболи ана ҳамин ҳуҷуми иттилоотии Фирдавсӣ 1 умр рӯсияҳу бадном боқӣ монд. Ҳол он ки ӯ империяи Тоҷикро (шарт нест миллаташ ким буд, вале давлаташ тоҷикӣ буд) то Ҳинду Чину Мочин вусъат дод…

Нафаҳмидӣ хонанда? Мефаҳмонам. Мо ҷанги иттилоотиро бар қирғиз пурраву бе бозгашт ва комилан бохтем. Ба гуфтаи Умед Бобохонов-сардабири «Азия+» бо ҳисоби 10:0.

Ҳо, ман, ту, вай, мо медонем, ки ҳуҷумро қирғизи аҳдшикан сар кард. Вале мо «узкий круг»-ем. Ҷаҳон моро гунаҳкор кард! Зеро қирғизҳо дар баробари тамомии бӯҳронҳои фарогири кишварашон, 1 чиро мустаҳкам доштанд:

-Бозори Информатсия ва Масс-Медиаро!

Хабаргузориҳои қирғиз ба ҳадде пурқудрату бақуввату вусъатноканд, ки имрӯз метавонанд ҳатто шабакаҳои пурнуфузи Россияро низ варшикаста кунанд. Чӣ расад ба 6-7 телевизиону 5-6 радиои мо, ки воқеан ҳам дар рӯзи душанбеи 19.09.2022, соате, ки ҷаҳон бар «иғвои қирғиз» қарс задаву «ҳуҷуми истилогаронаи Тоҷик»-ро сари халқи «бечораи қирғиз» маҳкум мекард, пурра ба хоби гарон-профилактика рафтанд!!!

Эй мардум! Эй масъулин!! Эй идеологҳо!!! Дар асри 21 чаро танҳо ТВ-ҳои мо профилактика мешаванд? Шумо кадом каналро боз дидаед, ки  пайваста, чун Бозори Корвон рӯзи ПРОФИЛАКТИКА ДОШТА БОШАД???

Аҳсант ба ҷанговарони иттилоотии қирғиз. «Зӯр-зӯрай охӣ!»-гуфти Бобои Ғулом (тарҷумаи мантиқии «Победителей не судят»). Онҳо сари мо ҳамла карданд, бехабар ва аҳдшиканона, аҳолии осоишта, кӯдакону занони ҳомила, мусалмононро дар намози шом бо дронҳояшон куштанд ва хабаргузорияшон онгуна вазъро сӯфта зидди мо тоб дод, ки дар пеши чашми аҳли олам мо, на қирғиз, агрессор шудем. Ва дигар ба кӣ мегӯй, ки чунин набуд?

Изҳороти вазорати хориҷаи мо чорзонӯи баъди бодсардеҳиро мемонду бас. Дар тӯли 7 рӯзи ҷанг хабаргузориҳои расмӣ, ТВ ва Радиои расмӣ 1 ҳарфи дуруст нагуфтанд. Ба оҷонсиву хабаргузориҳои хусусӣ, ки то ҳанӯз «душмананд», 1 манбаъ, 1 хабаре надод. Ва боз мепурсед, ки «Журналистони тавонои Тоҷик куҷоед? Чаро ба майдон намебароед???».

Ба майдон бо тиру туфанг мебароянд. Тиру туфанги журналист информатсия аст. Вале вақте масъуле ба ту 1 ҳарф намегӯяд, бе силоҳ чигуна бояд майдондорӣ кард??? Магар ин ки журналист низ бояд шеър гӯяду тарона нависад, типа «э қирғизаки бераҳм, бас кун, бас кун…». Бас намекунад! Мезанад, мекушад, месӯзад, метозад ва боз муттаҳамат мекунад, ки айби туст.

Борҳо гуфтаву боз мегӯям, дастгоҳи идеологии мо, Шӯрои амнияти мо аслан намедонанд, ҷанги иттилоотӣ чист ва онро бо вилка мехӯранд ё қошуқ?

Раҳматии Одинашо Муродов чандин сол пеш «Консепсияи амнияти иттилоотӣ»-ро навишта, маро пешдаро кард, ки типа «туро мешносанд, спонсор ёб». Воқеан ҳам амнияти иттилоотӣ даромади пулӣ надорад. Фоидаи он ҳифзи давлатдорист. Ман низ ба масале аспро қамчин кардаву гуфти Бобои Ғулом «пӯсти хукро ба рӯ кашида», ба чандин даргоҳ сар халондам. Вале таври маълум сардамдорону сарватмандони мо ҳамеша 1 суол доранд:

-Аз ин проект ба ман чӣ мерасад?

-Ба ту…ҳамин мерасад, ки боз чанде дигар сари курсият мешинӣ!-мегуфтам ба онҳо ва бо ҳамин проект мурд, капут шуд, фано гардид…

Файзуллоҷон Сафаров-дӯсти ҷавони мо, чанд сол пеш муҳимияти «Кибератака», ҷангҳои кибериро мехост ба масъулин фаҳмонад. Вале гуфтаи бобои Лоиқ «Бо ҳован чанде об куфт»-у мурғи дилаш табака шуда, аз парвоз монд.

Ҳафтаи пор бошад, қирғизҳо ба кибер-атака гузаштанд. Зарараш ба ҳама расид! Оре, ба якояки корбарандагони интернет ва фейс. Бубинед, онҳо ҳатто саҳифаҳои миллиро, ки бо тоҷикӣ менавиштанду дар он вожаи «қирғиз» мерафт, автоматӣ мебастанд. Ин аст, ки Сафват Бурҳонови нозанин ва аксари кормандони мо, бо шумули банда, вожаи «қиндиз», қндуз, қндиз, қрғз…-ро корбаст кардем. А, шумо фикр кардед, барои мазоҳи Ғамсояҳо? Неъ! Агар пурра менавиштем, моро қирғизҳо мебастанд. Ҳалолашон бод! Фарзи мисол, саҳифаи маро бастанду компи Ҷамилабонуро пурра корношоям карданд. Бо вирус. Ҷанг дигар ҳамин аст. Ва ҳамин моҷаро сари аксарияти журналистону корбарони ФБ буд.

«Ин ҳам гӯрба!», гуфти Ортиқи Қодир. Дар ҳамин шабу рӯз акои Бек Сабур ақаллан суръати интернетро наафзуд, ки миллати тоҷик зидди машинаи бузурги иттилоотии душман сафарбар шавад. Шаҳноз Комилзодаи нозанин, ки ҷонашро сипар карда, кӯдакони ноболиғашро партофта, ба Исфара, ба ҷанги иттилоотӣ рафта буд, аз ситами Вазорати алоқа имкон намеёфт, 2 сурат ва 1 навор ба интернет партояд. Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад агар ҳамин моҷаро нест, пас чист?

 Имрӯз масъулин аз бохти ҷанги иттилоотӣ хабар доранд. Афсӯс намехӯранд, мегӯӣ, хонанда? Мехӯранд! Ещё как мехӯранд! Вале гарав мебандам, бо гузашти 1-2 моҳ, боз набарди иттилоотӣ «Аҳмадаки порина» мешаваду акси таблитсаи ТВ фаромӯш. 1 калламағзие намегӯяд, ки биоед 1 маркази ҷанги гибридӣ кушоем ва дар набарди иттилоотӣ ақаллан бо урусӣ чизе нависем, чун дар 31 соли истиқлолият 1 журналисти англо-франко-немис…забон набаровардаем.

Ман низ дар ин бора дигар дақиқан наменависам. Зеро медонам, ки масъулини ин самт дар болотар аз мо чизе дар ин бора намедонанд ва донистан ҳам намехоҳанд. Вале 1 ҳушдор медиҳам. Хоҳед, ҷиддӣ қабул кунед, нахоҳед кори шумост:

-Аз сарчашмаҳои муътамад хабар расид, ки қирғизҳо аз ҷанги иттилоотӣ ба киберҳуҷумҳои интернетӣ гузашта, ният доранд, ба коргузории бонку молияи мо халал ворид созанд…

Хайр, 1 гуптем-да. Медонам, инро хонда, масъулин хандида, мегӯянд, «Сайёф ҳарза мегӯяд. Ингуна шуданаш мумкин нест!». Ҳаст! Ва ман факт ҳам дорам:

-Русҳо тавассути кибер-атака ҳатто ба интихоботи президенти Амрико дахл карда, дар соли 2017 Донал Трамп, президенти 45-умро сари қудрат оварданд. Чаро? Зеро ҳамин ҷанге, ки демократҳо зидди ФР бо сарварии Ҷо Байден сар карданд, 5  сол пеш, бояд бо сарварии Ҳиллари Клинтон шуруъ мешуд, агар Доналди ҷумҳурихоҳ сари кор намеомад. Вале ин тамоман чизи дигар аст, хонанда. Инро глобал-политика мегӯянд. Мо Метавонем!

Муроди мо насиҳат буд-гуфтем,
Паноҳат бар Худо кардем-рафтем!

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase