Қирғизистон-давлати бедарвоза

  • Чоршанбе, Окт 05 2022

Оё медонед дар Қирғизистони ҳамсоя, дар тӯли 30 соли ахир, чанд нафар роҳбарӣ кардааст? Мегӯед, 6 нафар?! Хато намекунед. Инҳо

1.    Аскар Акаев

2.    Қурмонбек Боқиев

3.    Роза Отунбоева

4.    Алмазбек Атамбоев

5.    Сооронбой Жээнбеков ва

6.    Жапар Садиров...

...мебошанд. Де-юре ҳамингуна ҳам ҳаст. Вале де-факто дар даврони гузариш боз 3 нафари дигар низ садорати ин кишварро бар дӯш доштанд. Инҳо:

7.    Эшонбой Қадирбеков

8.    Садир Жапаров ва

9.    Талант Мамидов...мебошанд.

Ин гирудор аз чӣ гувоҳӣ медиҳад? Аккурат аз он, ки ин кишвар ҳаргиз раҳбаре надошт, ки ин кӯчиёни майзадаву майхораро дар «Ҷазираи Озодӣ» (дақиқан Ҷазиробод) раҳбарӣ кунад. Зимнан гумон аст,  КАСЕ ин алакашмиллатро сарвар шуда тавонад. Хоса президенти феълӣ, ки дар миёни ҳама сарварони қаблӣ БЕСАВОДТАРИН ва БЕДОНИШТАРИН мебошад. Ва акнун биёед дар бораи сарварони кишвари дар хаос ва анархия гум сӯҳбат кунем.

 

Аскар Акаев (1990-2005)

Беҳтарин ва бузургтарин қирғизе, ки ин кишварро сарвар буд, маҳз Акаев аст. Донишманд, дипломат, эстет, интеллигент ва политик. Аскар Акаев (с.т.10.11.1944), аз 27.10.1990 сарвари РСС Қирғизистон ва аз 31.08.1991 то 11.04.2005 президенти ҶҚ буд. Хатмуттаҳсили Донишгоҳи механикии Ленинград (1968), аспиранти ҳамин институт, номзади илм, профессор, доктори физика-математика, академик!!! Бар асари «Инқилоби Садбаргӣ», ки онро таври маълум Ҷорҷ Сороси амрикоӣ роҳандозӣ карда буд, ба Маскав фирор кард. Бо рафтани ӯ дар Қирғизистон хаос ҳукмрон шуда, давлат дигар ҳаргиз рӯи осоишу оромишро надид, ки надид.

 

Қурмонбек Боқиев (2005-2010)

Зодаи «инқилоби садбаргҳо», ки тӯдаи мардуми майзада сари кор-ш овард. Қурмонбек Солиевич Боқиев (с.т.01.08.1949), хатмуттаҳсили Донишгоҳи политехникии Куйбишев. Хидматчии давлатӣ, лидери блоки сиёсии «Ҷумбиши мардумии Қирғизистон», сарвазири кишвар (2000-2005). Соли 2009 дувумбора президент интихоб шуд ва каппааш сӯхт. Мардуми майзада майдоншин шуд. Инқилоби нави Соросӣ роҳандозӣ гардид (07-15.04.2010). Боқиев сарнагун, авлодаш ҳабс ва боқимондааш ба Минск фирор карданд.

 

 

Роза Отунбоева (2010-2011)

Роза Исҳоқовна (с.т.23.08.1950), хатмуаттаҳсили МГУ факултаи фалсафа (1972) ва донишгоҳи Германия, лидери фраксияи «СДПК», бар асари инқилоби про-амрикоӣ дар таърихи 07.04.2010 президенти ҳукумати гузариши ҶҚ таъин гардид.

Боақлӣ кардаву инқилоби алкаширо интизор нашуда, дар таърихи 01.12.2011 ҷояшро ба Алмазбек Атамбоев-сарвазири худаш дод. Ягона нафаре, ки аз инқилобҳои хунин раҳид, ӯст. Ҳоло намояндаи сандуқи ҳуқуқи СММ дар умури Афғонистон аст, ҳол он ки 7-пушташ ин кишварро надидааст ва забонашро низ намефаҳмад. Бо 1 ҳарф «бонуи хитрый»...

 

Алмазбек Атамбоев (2011-2017)

Алмазбек Шершенович (17.09.1956), хатмуттаҳсили МГУУ ( Московский Государственный университет управления) дар соли 1980, сиёсатмадори советии қирғиз, сарвазири кишвар ва раиси Ҳизби сотсиал-демократии ҶҚ. Қаҳрамони Қирғизистон (2017).

Ба фарқ аз дигарон мандаташро давом надод ва ҳукуматро дар соли 2017 ба Жээнбеков супурд. Вале ин амалкард низ ӯро аз инқилоби алкашӣ наҷот надод. Соли 2019 иммунитеташро барҳам зада, барои озод кардани 1 «Вор в Законе»- авторитет Батукаев боздошт ва ҳабс шуд. Инқилобиёни алкаши қирғиз ҳоло аз куҷо медонистанд, ки баъдтар озодкунандаи авторитетҳо на, ки худи «Вор в Закон»-ҳо сари қудрат меоянд? 

 

Сооронбой Жээнбеков (2017-2020)

Сооронбой Шарипович (16.11.1958), хатмуттаҳсили Донишгоҳи аграрии РСС Қирғизистон, хидматчии давлатӣ, сарвазири 21-уми кишвар (2016-2017), Президенти 5-уми республика.

Дар соли 3-уми президентияш инқилоби алкашии навбатӣ сар зад. Мардуми масту аласт Сооронбойро чаппагардон карда, рафта аз зиндон Жапарбойро оварда, ба тахт шинониданд...

 

Садир Жапаров (28.01.2021)

Садир Нургожиевич (06.12.1968) хатмуттаҳсили...ягон донишгоҳ нест! Ӯ ба коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ дар соли 1985 дохил шуда, соли 1987 ба Армия меравад ва баъдан ба гурӯҳҳои рекэтӣ мепайвандад. Тренер-гуштингир.

Дар солҳои «перстройка» усулан ҳаминҳо мафия таъсис додаву бо авбошӣ машғул буданд. Баъди бо зӯр гирифтани мансаби директори «Нурнефтегаз», ба таври бесобиқа номаълум факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи славянии ба номи Елтсинро хатм мекунад. Ин дар ҳолест, ки ягон студенти ин донишгоҳ Жапаровро аз дур ҳам надидааст.

3 бор генпрокурор бар зидди ӯ парванди ҷиноӣ боз карда, ахиран 09.03.2013 барои 1,5 сол маҳкум шуд. Озод шуда тибқи масали Бобои Ғулом «боз номаъқулиро сар кард». Ин бор аз чанги адолати судӣ ба Полша фирор мекунад. Дар Полша ӯро хуб «обработка» карда, бозпас мефиристанд, мисли Саакашвилӣ.

25.03.2017 дар марзи Қирғизу Қазоқ боздошт ва баррои 11,5 сол маҳкум гардид. Дар 1 камера бо Қамчинбек Ташиев менишаст. Соли 2021 ин 2 авторитети олами ҷиноӣ тариқи зӯр, бе иҷозати прокурор ва дастури додгоҳ озод шуда, сипас президенти ҶҚ таъин мегардад. Дар асл, қонунан ҳамоно сокини маҳбасхона аст!

Дигар хонанда худ биандеш, ки халқе аз президент-АКАДЕМИК то сатҳи президент-ЗЭК фаромадааст, чӣ миллат асту ба он эътимод метавон баст ва ё на?  Гуфти бобои Ғулом «ина ҳамӣ да?!»

М. Мубориз

Махсус барои СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase