Паспортдорҳои тарсу куҷо шудед?

  • Чоршанбе, Окт 26 2022

 

 Алихон Шарифов, ҷанговари башардӯст, муаллиф ва хонандаи ҳамешагии газетаи СССР аз ш.Кӯлоб ба идора занг зада (тел: 981019106), гуфт, имрӯз аз пеши сафорати Россия гузаштам, пушти дарҳояш зоғ нест!

   - Бо эълон шудани мобилизатсияи ҳамаи он шаҳрвандоне, ки дар паси дари сафорат ва бахши консулии Федератсияи Россия ҳафтаҳо навбат мегирифтанд, гум шудаанд. Канӣ онҳое, ки мегуфтанд мо гражданини ФР мешавем ё гражданинем? Канӣ онҳое, ки дар давраи пандемияи коронавирус бо нархҳои 12-15 ҳазор сомонӣ ба парвозҳои чартерӣ чипта харида, «Мо гражданинем, Ватан меравем, Тоҷикистон аз худатон!»-гуфта фирор мекарданд? Инҳо акнун аз «Ватани» хеш ба Тоҷикистон гашта омада истодаанд, инҳо ба «Ватани» нави худ намехоҳанд хизмат кунанду онро ҳимоя!? Он полковнику генералҳое, ки аз Россия нафақа мегиранд, куҷоянд? Агар худ пир шудаанд, фарзандону наберагонашон раванд ба дифоъи Россия! Чӣ, пули Россияро гирифтан хубу ҳимояаш бад? Пул, ки гирифтед, паспорт, ки гирифтед, ватанатонро рафта ҳифз кунед. Шахсан ман ҳамагӣ 414 сомонӣ нафақа мегирам ва омодаам дар дилхоҳ вақт, бо даъвати Ватан, бар ҳимояти Тоҷикистонам бархезам ва ҳеҷ гоҳ паспорти русиву амрикоӣ намегирам!!!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase