Кишоварзӣ ислоҳот мехоҳад

  • Чоршанбе, Окт 26 2022

 

25.06.1996, таҳти № 522, фармони Президенти мамлакат “Дар бораи таҷдиди корхонаҳо ва ташкилотҳои кишоварзӣ” қабул гардид, ки ин санадҳои ҳуқуқӣ кишоварзонро дар истеҳсолот соҳибихтиёр намуда, дар ин замина дар бозори маҳсулоти кишоварзии мамлакат тағйиротҳои муҳим ба миён омада, вазъияти иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат куллан тағйир ёфт.

Ҷойе хубу ҷойе бад

Гузашти ислоҳот дар минтақаҳое, ки мувофиқи талаботи қонун гузаронида шуданд хуб ва натиҷадоранд, бахусус баҳо ва натиҷаи мусбии онро дар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон мебинем, замину чорво ва дигар моликияти колхозиву совхозӣ фақат барои аъзоёни он тақсим гашт, онҳо имрӯз ба кишоварзии аслӣ машгуланд.

Дар баъзе минтақаҳо бошад дар давраи амалигардонии он талаботҳои қонун ва механизми ислоҳот бо пуррагӣ риоя нагашта, замину чорво соҳиби аслии худро наёфта, ин амал то ба охир расонида нашуданд. Касе, ки шуғли кишоварзӣ надошт аз мансаб истифода кард, замин гирифт, дигаре чорвои ҷамъиятиро соҳиб шуд ва саввуми кӯшиш намуд бо ивази ном шакли ҷамъиятии истеҳсолӣ соҳаро нигоҳ доранд. Дар маҷмӯъ ин кӯшишҳо имкон надоданд, ки ҷомеъаи имрӯза дар минтақаҳои Тоҷикистон фермери хоса аслиро тавлид ва тарбият сохта, касби асили фермери озоди кишоварзро ба миён оварад.

 Соҳибкори имрӯза ва кишт

Муносибат дар роҳбарии истеҳсолот, идоракунонии хоҷагиҳои деҳконӣ дар сатҳи минтақаҳо ҷумҳурӣ дарак медиҳанд, ки он шакли пурраи расмии худро мувофиқи “Қонун дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)” дарёфт накарда, аломатҳои соҳибкории пурраро надоранд.

Барои мисол, ҷалби дигар табақаҳои ғайрикишоварзӣ барои ҷамъоварии ҳосили пахта, “мукофотонидани” шахсиятҳои алоҳида барои натиҷаи хуби истеҳсолӣ, мавҷудияти нақшаи кишт ва истеҳсолот ва ғайраҳо имрӯз дар муқобили талаботҳои соҳибкорӣ меистанд. Ва савол ба миён меояд, ки бо чӣ сабаб соҳибкори имрӯза сохтори кишти зироатҳоро мустақилона тартиб дода наметавонанд, мустақилона ҳосили худро ҷамъоварӣ карда наметавонад ё дар давраи кишт дараҷаи талаботи сабади истеҳсолӣ ва истеъмолиро нисбати бозори маҳсулоти кишоварзӣ намедонад, нақшакашӣ, пешбиниҳои истеҳсолӣ ва бозори кишоварзиро риоя намекунад.

Дар мавридҳои таҳлили истеҳсолоти кишоварзӣ, муносибатҳои бозори маҳсулоти кишоварзӣ, идоракунонии имрӯзаи он дар минтақаҳои Тоҷикистон шояд заруриёти додани шаклҳои гуногун, аз қабили инфиродӣ, оилавӣ ва шарикӣ набуданд, зеро дар минтақаҳо шакли оилавии онро ба ҳайси коллективӣ қабул намуда, бархе роҳбарони давр торикиҳои зиёди муносибатҳои истеҳсолиро пеш оварда, чун диданд, ки идоракунии ин шакл ба талаботҳои бозорӣ ҷавогӯй нест, зарурати тағйироти онро пеш оварданд. 

Хоҷагиҳои оилавӣ бошанд, агар...

Дар хулоса ба ҳамон низоми хоҷагидории колхозӣ ва совхозӣ баргашта, қайд менамоям, ки боз ҳамон аломатҳои марказонидашудаи идоракунии истеҳсолот, боз ҳамон низоми нақшакашӣ пеши роҳ меоянду маҳорати фармонфармоӣ аз нав ҷоннок гашта, намегузоранд, ки ташаббусҳои нав бар пой хезанду дастгирӣ ёбанд.

Агар дар ин мавридҳо ташаббусҳои ташкилсозии хоҷагиҳои деҳконии оилавӣ пеш оянд ин шахсиятҳои кӯҳнапараст навгониҳоро намехоҳанд, аз умумият ва омехтагии қонун истифода менамоянду иҷроиши ин ташаббусҳоро ба ояндаи номаълум ҳавола месозанд. Чунки нағз медонанд, ки ташаббускорон қудрати шикасти ин “мошини куҳнапарасти”-ро надоранд ва оқибат ба тақдирашон тан медиҳанд.

Пешниҳоди онро дорам, ки нишондоди имрӯзаи қонун тағйир ёбад ва дар таҳрири нави он фақат механизми ташкилсозии хоҷагии деҳконии оилавӣ ба ҳисоб гирифта шаванд, зеро оила бо ин нақшаи пешовардаашон хоҳиши ташкили рӯзғори устуворашонро дошта, тақдири ояндаашонро бо дигар шахсиятҳо пайваст сохтан намехоҳанд.

Бояд хоҷагии деҳкони-фермерӣ дар асос ва доираи аъзогии муносибатҳои оилавӣ, ки онро 1 нафар аъзои оила ташкил сохтааст ва мақсади истеҳсол, коркард ва фурӯши маҳсулотро дорад, ташкил карда шаванд. Хуб мешавад, ки шакли оилавии хоҷагии деҳконӣ оилаҳоеро дар бар гиранд, ки фаъолият ва даромади истеҳсолии онҳо танҳо аз ҳисоби кишоварзиашон бошанд ва дигар шуғле ба монанди соҳибкории ғайрикишоварзӣ надошта бошанд. Инчунин оилаҳое бошанд, ки даромади онҳо вобаста ба буҷаи давлат набошад. Дар ин сурат мо имконоти пурра пайдо менамоем, ки хоҷагии деҳконӣ (фермери)-и асосиро тавлид созем ва устувор барои рушди ояндаи мамлакатамон пешбарӣ намоем. Ин пешниҳодамро ба он асос менамоям, ки нафароне, ки имруз аз сохторҳои давлатӣ ва дигар сохторхои соҳибкории ғайрикишоварзӣ ҳамҷоя хоҷагии деҳкониро ташкил сохтанд, натиҷаи истеҳсолӣ надоранд ва қариб ҳарду касбро бесамар гардонидаанд.

 

Мизроб Амирбеков,

коршиноси масоили кишоварзӣ 

Тел: 935002061

 

   

 

 

 

 

   

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase