Файзобод: таъмири роҳ зери назорат аст

  • Чоршанбе, Дек 07 2022

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод мақолаи Наҷмиддин Худоиевро, ки бо сарлавҳаи «Рушди деҳот дар қоғаз?» дар шумораи № 44 (737) нашрияи «СССР» рӯзи 03.11.2022, нашр гардидааст, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Бояд қайд намуд, ки солҳои охир бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон н.Файзобод низ чун дигар гӯшаҳои мамлакат ба таври бесобиқа рушд намуда истодааст. Аз ҷумла, дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 16 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфарш, беш аз 20 километр роҳҳо тахту ҳамвор ва сангфарш карда шуда, дар деҳаҳои ноҳия, ки шумораи умумиашон ба 71 баробар аст, 9 муассисаҳои нави таълимӣ, 132 синфхонаҳои иловагӣ барои беш аз 3400 ҷойҳои нишаст, 4 китобхона, 12 бунгоҳу марказҳои саломатӣ, 20 толору майдонҳои варзишӣ, 3 ҳаммом, 6 сартарошхона ва 95 дигар иншооти хизматрасонӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Тибқи нақшаи корҳои ободонӣ дар 10 соли оянда дар ҳамаи деҳаҳои ноҳия, ки дорои беш аз 100 хоҷагӣ мебошанд, сохта ба истифода додани ҳаммом, сартарошхона, майдони варзишӣ ва азнавсозии роҳҳо дар назар аст.

Азбаски аксар деҳаҳо, аз ҷумла, деҳаи Муминобод, ки дар мавзеъҳои куҳию душворгузар ҷойгиранд, бо вуҷуди ҳамасола тахту ҳамвор карда шуданашон, дар фаслҳои тирамоҳу зимистон, дар натиҷаи боридани барфу боронҳои зиёд, таъмирталаб мегарданд. Мусаллам аст, ки таъмиру мумфарш кардани роҳи ҳамаи ин деҳаҳо кори якрӯзаю яксола нест. МИҲД ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо ҷалби соҳибкорону сокинон ҷиҳати таъмиру тармими роҳу пулҳо, ободу зебо намудани ҳар як маҳали зист пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Аз ҷумла, соли равон бо сокинони деҳаи дар мақола зикргардида бо иштироки бевоситаи раиси ноҳия 2 маротиба вохӯрию суҳбат доир карда шуда, масъалаҳои рушди минбаъдаи деҳа, дар ҳамкорӣ бо МИҲД ноҳия ва ҷалби соҳибкорону сокинон анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар яке аз ин вохӯриҳо масъалаи таъмиру тармими роҳ ва азнавсозии пули мошингузар аз болои дарёчаи Мискинобод ба миён гузошта шуд, ки ҷиҳати амалӣ намудани ин корҳо тадбирҳо андешида шуда истодаанд.

Ҷ.Амонализода,

муовини якуми раиси н.Файзобод

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase