Фархор: тозагӣ ва низом ҳаст...

  • Чоршанбе, Янв 11 2023

 

Зариф Назирӣ, раиси н.Фархор ба редаксия занг зада, гуфт, ки вобаста ба нашри шикояти 1 сокини ноҳия дар мавриди тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар гирду атрофи бозори марказӣ аллакай тадбирҳо андешида шуда истодаанд.

   - Новобаста аз он, ки назорати ҳаракати воситаҳои нақлиёт бар зиммаи БДА аст, аз ҷониби раҳбарияти ноҳия низ барои ҷорӣ намудани тартибу низом дар кӯчаҳои марказӣ ва гирду атрофи бозор чораҳои лозима андешида шуда истодаанд. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳанӯз шуъбаи нақлиёт амал намекунад, ки фаолияти худро дар ин самт пурзӯр намояд. Бо таъсис ёфтани чунин шуъба ҳатман камбудиҳо дар соҳаи нақлиёт ва танзиму назорати он ба низом хоҳад даромад.

Ба ғайр аз ин дар самти тоза нигоҳ доштани кучаҳо низ 1 қатор корҳо гузаронида шуда, бо нав шудани раҳбари КЖКП миқдори зиёди партовҳои сахти маишӣ аз маркази ноҳия бароварда шуданд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase