«Маҳмуд-Герой» барои Россия

  • Чоршанбе, Янв 18 2023

Вожаи Маҳмуд-Герой, надонем аз чӣ, вале дар миёни хосу ом машҳур аст. Шеваву фолклоршиносон бояд сари ин муаммо биандешанд, ки ин вожа аз куҷо пайдо шудааст? Хонандагони мо низ агар нависанд, мо нашр мекунем. Мо метавонем!

Вале сӯҳбати имрӯзаи мо сари 1 бачаи душанбегист, ки 14 сол пеш оламро ларзонда, ба маҳбаси Амрико афтод. Имрӯз аз ӯ қаҳрамон, Маҳмуд-Герой метарошанд. Зеро идеология ҳаминро талаб мекунад. Душмани Россия кист? Аккурат, Амрико! Товариш Бут бошад, азиятдидаи ин душман. Пас, қаҳрамон дигар накобед. Мана ӯ, тап-тайёрак...

12.12.2022. Ҳамагӣ 3 рӯз баъди ба Маскав расидан, ЛДПР-ҳизби лофугазофии Жириновский Виктор Бутро узви худ номид. Ба таҳқиқ «свято место пусто не бывает» (ҷои муқаддас холӣ намемонад). Ба назар мерасад, ки маҳз Бути олмонтабор ҷои Жирики яҳудитаборро дар ин ҳизб хоҳад гирифт...

 

 Буттарошӣ

08.12.2022.  «Шоҳзодаи Силоҳ» (оружейный барон)-и рус Виктор Бут, ки аз зиндони Амрико раҳида, ба ватанаш – Россия баргашт. Самолёти ӯ дар фурудгоҳи «Внуково-2»-и ш.Маскав нишаст. Бутро пас аз 14 солу 10 моҳи ҳабс бо гулдастаҳо шахсони наздиктарин – занаш Алла ва модараш Раиса пешвоз гирифтанд.

Маврид ба зикр аст, ки озодии Бут муфт ё ройгон даст надодааст. Ӯро дар натиҷаи табодули бандӣ миёни Россия ва ИМА раҳо карданд, аниқтараш ба ивази баскетболбози амрикоӣ Бриттни Грайнер. Ин маънои онро дорад, ки на Бут ва на Бриттни мӯҳлати боқимондаи ҳукмро дар ватанашон сипарӣ нахоҳанд кард ва дар кишварҳояшон ба ҷавобгарӣ кашида нахоҳанд шуд.

 

Бриттнии наркоман ва Бути силоҳфурӯш

Бриттниро моҳи феврали соли 2022, ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз оғози ҷанг дар Украина, ҳангоми бозгашт аз Ню-Йорк ба Маскав, дар фурудгоҳи “Шереметово” боздошт карда буданд. Грайнер дар Россия бо маводди мухаддир боздошт ва аз сӯи суди ин кишвар 9 сол зиндонӣ ва 1 миллион рубл ҷарима шуд. Ин ҳукми русӣ мавриди маҳкумияти аъзои тими Грайнеру варзишгарони ҷаҳонӣ гардид ва президенти Амрико Ҷо Байден ҳам онро “ғайри қобили қабул” хонд.

 Вазорати корҳои хориҷии Россия гуфтааст, ки табодул бо миёнаравии Имороти Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ сурат гирифтааст:

“Россия дер боз барои раҳоии Бут мекӯшид ва бо Амрико пайваста музокира менамуд. Вале ҷониби Амрико қатъан ин қазияро рад мекард ва мухолифи истирдоди ӯ ба ватан буд”.

 

Бартери президентҳо

Ба гуфти ин вазорат, дар ин табодул “нақши асосиро президенти Россия Владимир Путин бозӣ кардааст” ва табодули Бут бо Грайнер “бо кӯшишҳои бевоситаи ӯ” амалӣ шудааст. Аз сӯи дигар Ҷо Байдени «рӯбоҳи пири зирак» 1 сафедпӯсти аршадро бо 1 сиёҳпӯсти варзишкори миёнаобрӯ иваз намуда, дар арафаи интихоботи навбатӣ обрӯи худ ва демократҳоро баланд кард.

 Бут ҳеҷ гумон надошт, ки «бартер» ба ин зудӣ сурат мегирад. Ва иқрор шуд, ки нисфи шаб ӯро аз ҳуҷрааш бурданд ва танҳо гуфтанд, ки берун ояд. Пас аз он ӯро бо лоқу пар-ашёҳояш ба баромадгоҳ равон карда, ба ҳавопаймо шинонданд. Пас аз чанд соати парвоз, Бут ба фурудгоҳи «Абу-Дабӣ»-и Имороти Муттаҳидаи Араб расид ва сипас дар ҳавопаймои Россия нишаст. Дар наворҳои видеоӣ табибон вазъи ӯро тафтиш карда, сипас ба наздиконаш – модару ҳамсараш занг задаанд.

Айни ҳол бо Грайнер рух дод. Ба ӯ танҳо дар самолет гуфтанд, ки ба Амрико мепарад. Духтари қадбаланд (206 см баландӣ ва 93 кг вазн!) то ин дам фикр дошт, ки ӯро ба ягон зиндони дигари Сибир «этап» мекунанд...

 

Пешкаҳои бозии бузург

29.07.2022.  Дар сӯҳбати телефонии котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ва Сергей Лавров мавзӯи табдили зиндониҳо баррасӣ шуда, ИМА сарнавишти Грайнер ва маллоҳи амрикоӣ Пол Виланро матраҳ кард. Вилан с.2020 дар Россия бо иттиҳоми ҷосусӣ 16 сол гирифта буд, ҳарчанд худи ӯ ин иттиҳомро рад мекард. Матбуоти русӣ мегуфт, ки бар ивази ин 2 нафар Россия эҳтимолан мехоҳад ба Россия бозпас овардани Бутро матраҳ кунад.

Қабл аз ин ҳам Бутро Амрико мехост бо Надежда Савченкои хохол, ки барои «наводчикӣ» дар Маскав 22 сол ҳукм гирифт, иваз кунад. Надежда ахиран фишкаи асливу усулии муборизаи ҷанги сарди Россияву Украина (дар аҳди Петро Порошенко) гардид ва метавон гуфт, ки сари Киевро дар замони Владимир Зеленский хӯрд! Ғарбу Амрико дар ҳоле аз Надя БУТ метарошиданд, ки дар асл ин зан аз хонааш мушакборони аҳолии осоиштаро «регулировка» мекард. Бар асари «кӯмакҳои ҳадафӣ»-и Надежда, минҷумла, 2 журналисти рус аз ВГТРК низ кушта шудаанд...

 

Бут кӣ буд?

“Барони бозори силоҳ” – Виктор Анатолиевич Бут 13.01.1967 дар ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ р.Ленин) РСС Тоҷикистон таваллуд шуда, мактаби миёна (ҳоло Гимназия)-и ба номи А.Пушкини ҳамин ноҳияро хондааст. Ҳамзамон дар Тоҷикистон забони байналмилалии эсперанторо низ аз худ намуд. Соли 1984 ба Омӯзишгоҳи низомии Қазон шомил ва пас аз хатм дар с.1980 ба Донишкадаи ҳарбии тарҷумонӣ дохил шуда, онро авохири солҳои 80 хатм кард. Нажодаш, ки немис буд, ин забонро хуб аз бар мекард. Бути мо соҳиби даҳҳо паспорт ва садҳо ному насаб буд, масалан:

Борис, Виктор Бадд, Виктор Батт, Виктор Бат, Виктор Булакин, Вадим Маркович Аминов...

Дар солҳои 1990 рӯ ба тиҷорат оварда, ба хариду фурӯши байналхалқии гул, гӯшти мурғ ва таҷҳизоти мебелӣ сар кард. Ӯ дар 1 мусоҳибааш қоил мешавад, ки ҳанӯз дар 25-солагӣ ба тиҷорати силоҳ даст зада буд. Аввалан ӯ корро аз Афғонистон оғоз намудааст.

Баъд аз хидмати ҳарбӣ дар авиатсияи низомӣ дар Ангола ва қитъаи Африқо, дар соли 1992 (пас аз суқути СССР) ба Африқои Ҷанубӣ рафта, ширкати хусусии авиатсиониро таъсис медиҳад. Дар солҳои 1995 – 1998 офисашро ба Белгия – дили Аврупо мекӯчонад, вале пас аз он, ки дар тиҷорати силоҳ гунаҳкораш карданд, ба Дубай меравад ва ширкати нави «Air Cess Liberia»-ро таъсис дода, ҳомили 50 самолёти ҷангии замонавӣ мешавад. Мизоҷони силоҳи Бути тоҷикистонӣ кишварҳои Афғонистон, Ангола, Того, Руанда, Либерия, Серра-Леоне буданд, ки ба дастаҷамъӣ ва дар аксари маврид бо Амрико меҷанганд. Ҳамзамон «клиентҳои асосӣ»-яш ҷунбиши Толибон ва Ал Қоида низ буд. Ҳатто кораш то ба он дараҷае мерасад, ки соли 2002 ба гурӯҳи террористии “Ал-Қоида” яроқи кимиёӣ дастрас мекунад.

 

Дом барои Барон

Пас аз ин муомила “Интерпол” ӯро зери пайгард қарор медиҳад ва Бут ба таври доимӣ дар Россия боқӣ мемонад. Вале зимни 1 амалиёти махсуси истихбороти Амрико ӯ, бехабар аз доми Пентагон, ба Тайланд барои муомилаи фурӯши яроқ меравад ва боздошт мешавад. Ӯсоҳибидаҳҳоширкатҳоиҳавопаймоӣнизбуд:

Air Cess, Centrafrican Airlines, San Air General Trading, Air Bas, Air Pass, Abidjan Freighter, Air Zory, Bukavu Aviation Transport, Business Air Services, Gambia New Millennium Air, Irbis Air Company, Moldtransavia SRL, Odessa Air, Transavia Network, Santa Cruz Imperial, Est Air, Samar Airlines.

Ширкати дигаре, ки онро низ моли Бут медонанд, «Ист-эйр» аст, ки чанд самолети «Боинг»-у «ТУ» дошт. Ин ширкат солҳои тӯлонӣ дар бозори ҳавонавардии Тоҷикистон фаъол буд. Табиист, ки ширкатҳои ҳавонавардии «Шоҳзодаи Силоҳ» ба номи дигарон кушода мешуд.

 

Самари Фазлиддинов аз Бут буд?

Номи Бут замоне дар матбуоти Тоҷикистон бисёртар пайдо шуд, ки дар Душанбе ширкати ҳавоии “Samar Airlines”-ро ба ӯ вобаста донистанд. Гуфта мешуд, ки баъди эълони таҳримҳои СММ ба зидди Бут ӯ бо номи афроди гуногун чандин ширкат кушодааст. Хосса, ҳамин ширкати ҳавоии “Samar Airlines” дар соли 2007 хеле пурсарусадо шуд. Қазия аз он ҷо оғоз ёфт, ки ин ширкат соли 2007 хост ба Тоҷикистон 2 ҳавопаймои Boeing 727-200 ва McDonnell Douglas 83 биёрад. Ҳатто ин ширкат барои пешпардохти тайёраҳо 1 миллиону 700 ҳазор доллар ба ҳисоби молики тайёраҳо интиқол дод. Аммо вазорати молияи Амрико аз ин тиҷорат огоҳ гашта, онро боздошт ва маблағи фиристодашударо ҳабс намуд. Бо ҳамин иттиҳом Амрико истирдоди Бутро низ аз Тайланд дархост намуд. Вале дар Тоҷикистон мегуфтанд, ки ширкати “Samar Airlines” ба соҳибкори марҳуми тоҷик, эшони Самариддин Фазлиддинов аз н. Восеъ тааллуқ дошта, рабте на ба Бут ва на ба тиҷоратҳои машкуки ӯ надорад.

 

Душмани №1-и Буш!

Шӯрои Амнияти СММ дар с.2000, ташкилоти Amnesty International (солҳои 2005, 2006) ва ГосДепи Амрико (2006 с.) Бутро ба фурӯши силоҳ ба гурӯҳҳои ҷангхоҳу террористӣ муттаҳам карданд. Дар соли 2006 президенти Амрико Ҷорҷ Буши хурдӣ указеро дар хусуси яхкунонии маблағҳои молиявии Бут имзо намуда, ӯро рақиби шахсии Қасри Сафед, минҷумла, «Душмани Буш» хонд. Соли 2005 дар бораи зиндагиномаи Бут Голливуд филм бардошт («Шоҳи силоҳ» дар нақши асосӣ Николас Кейдж).

06.03.2008. Пулиси тайландӣ ӯро дар меҳмонхонаи «Sofitel Silom Road» ҳабс ва 11.08.2009 суди Тайланд бегуноҳии Бутро исбот мекунад. Аммо кори Бути душмани Буш бо ин буд нашуд! Аз Бут, ки паспорти тоҷикистонӣ бо насаби «Аминов»-ро низ дошт, ҳатто Амрико дар ҳарос буд!

Ҷорҷ Буш, ҳукумати Қасри Сафед, Пентагон, Сенати ИМА талош карданд, Бути душанбегиро аз Бангкоки Тайланд ба Вашингтон истирдод кунанд. Суди Тайланд қарор баровард, ки Амрико (шахсан Ҷорҷ Буш) ба суд далелҳои шайъии ҳабси Бутро пешкаш накардаанд ва далелҳои генпрокурори Вашингтон ба дард намехӯрад. Додситони кулли Амрико пас аз ин ҳукм айбномаи наве тартиб додаву ба суди Тайланд пешкаш намуд, то ӯро ба ин кишвари демократӣ равон созанд.  Бо ҳамин, ноябри соли 2011 суди Амрико Душмани №1-и президенти собиқашро бо тантана 25 сол ҳабс намуд. Ин дар ҳоле буд, ки Бут шаҳрвандии Россияро низ дошт ва Кремл аз Конгресси ИМА дархост намуд, ки ӯро ба зиндонҳои Сибир фиристанд. Табиист, ки он замон ин корро накарданд.

Чунин рафтори Вашингтонро Кремл чун силлӣ қабул намуда, ҳама талошашро кард, то 14 сол пас Бут, Душмани Буш, Рақиби №1 барои Пентагон, озод шуда, ба Маскав баргардад.

Ш. Амин

Махсус барои СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase