Чоршанбе, Сен 02 2020

30 августи соли 1918 ба ҷонии доҳии болшевикон Владимир Ленин суиқасд анҷом гирифт. Ленин дар натиҷаи ин суиқасд сахт маҷрӯҳ гардид. Худи ҳамин рӯз дар Петроград бошад, сардори ВЧК и шаҳр Моисей Уритский аз ҷониби шоир Леонид Каннегисер кушта шуд. Суиқасд ба ҷони Ленин ва қатли Уритский дар аввалин кишвари Шӯроҳо заминсози сиёсати нав, ки бо террори сурх маъруф аст гардиданд. Болшевикон дар ин ду ҷиноят, ҳизби эссерони чапро гунаҳкор донистанд. Тибқи маълумотҳои расмӣ суиқасд ба Ленин аз ҷониби аъзои ҳизби эссерон Фанни Каплан (Фейга Хаимовна Ройтблат) амалӣ гардид ва шоир Каннегисер ҳам аъзои ҳизби эссерон буд. Аммо агар қатли Уритский аз ҷониби эссерон ҷои шакку тардид надорад, дар мавриди суиқасд ба Ленин дастдоштани эссерон ба пуррагӣ собит нагардидааст ва муҷриёни аслии ин суиқасд, то ба имрӯз номаълум боқӣ мондаанд. 

Се суиқасди ноком

Владимир Ленин аз ҳамон рӯзҳои аввали сари қудрат омадан мисли устухон дар гулӯи мухолифонаш буд ва онҳо ҳамавора мекӯшиданд, доҳии болшевиконро ҷисман нобуд кунанд. То суиқасди 30 август, ба ҷони Ленин се дафъаи дигар низ суиқасд намуда буданд. Аввалин суқасд моҳи 1 январи соли 1918 иттифоқ уфтод. Дар натиҷаи ин суиқасд доҳии болшевикон осеб надид, танҳо яке аз роҳбарони дигари болшевик Фридрих Платен ҷароҳати сабук бардошт.Тибқи иттилоъи ВЧК ташкилкунандаи ин суиқасд княз Дмитрий Шаховский ба шумор мерафт. Худи княз баъди чандин сол иқрор карда буд, ки маҳз ӯ созмондиҳандаи аслии ин суиқасд буд. Шаховский эълон намуд, ки барои куштани Ленин 500 ҳазор рубл ҷудо карда аст. Дар ин суиқасд князро вазирони собиқи Ҳукумати муввақат, аъзои ҳизби кадетҳо Н.В. Некрасов ҳамроҳӣ мекард. Некрасов дарҳол баъди суиқасд ному насабашро дигар карда ба Уфа гурехт. Аммо моҳи марти соли 1921 Некрасовро дастгир карданд ва ба Маскав интиқол доданд. Доҳии болшевикон моҳи маи соли 1921 дар Маскав бо у дидор кард ва баъди суҳбат бо ин кадети ноком ӯро авф намуда, аз маҳбас озод кард.                                                                               

   Миёнаҳои моҳи январи соли 1918 суиқасди дуввум ба ҷони Ленин низ ба нокомӣ анҷом ёфт. Яке аз иштирокчиёни ин суиқасд, аскари қаторӣ Спиридонов ба назди Бонч-Буревич омад ва изҳор намуд, ки ӯ дар суиқасд алайҳи Ленин ширкат дорад ва ба ӯ фармон додаанд доҳиро аз байн бибарад. Чекистон 22 январи соли 1918 иштирокчиёни ин суиқасдро дастгир карданд. Бори саввум ба ҷони диҳии болшевикон 16 августи соли 1918 суиқасд ташкил гардид. Ин бор Ленинро мехостанд дар маҷлиси ташкилоти ҳизбии шаҳри Маскав ба қатл расонанд, аммо дар лаҳзаи охирин иҷрокунанда аз раъяш даст кашид ва ин кӯшиш ҳам ба нокоми анҷом ёфт.

 Маъшуқаи бародар

Бо вуҷуди ҳамаи ин суиқасдҳо доҳии болшевикон бе муҳофиз мегашт ва тамоми пешниҳодоти ҳаммаслаконашро оиди андешидани чораҳои муҳофизатӣ рад менамуд.

Чоршанбе, Авг 26 2020

 

20 августи соли 1940 дар пойтахти Мексика шаҳри Мехико, яке аз меъморони инқилоби октябрӣ Лев Тротский ба ҳалокат расид. Тротский соли 1929 аз ҳудуди СССР бадарға гардида, солҳои тӯлонӣ дар кишварҳои гуногун паноҳанда буд. Ин инқилобии ҳирфаӣ дар ҳеҷ ҷое ором намегирифт ва билохира дар Мексикаи дур иқомат гирифт. Аммо дурии масофа низ натавонист ҷони ӯро наҷот диҳад ва кормандони НКВД-и шӯравӣ дар ин кишвари амрикоӣ амалиёти қатли ӯро ба иҷро дароварданд.  

Бадарға

Лев Тротскийро яке аз меъморони инқилоби октябрӣ муаррифӣ мекунанд. Ҳатто Сталин низ инро эътироф мекард ва дар ёддоштҳояш навишта буд: "тамоми кор оиди баргузории шӯриши мусаллаҳона, зери роҳбарии бе воситаи раиси Шӯрои Петроград, рафиқ Тротский амалӣ гардида буд". Тротский дар пирӯзии болшевикон дар ҷанги гражданӣ ҳам нақши вежа дошт. Артиши Сурх маҳз зери роҳбарии Тротский таъсис ёфта, дар ҷанг пирӯз шуд. Аммо баъди вафоти Ленин дар дохили ҳизби болшевикӣ муборизаи шадид миёни Тротский аз як тараф ва Сталин аз тарафи дигар ба вуқӯ пайваст, ки саранҷом бо шикасти Тротский мунҷар гардид.                                                                                                                     Моҳи январи соли 1925 пленуми КМ-и ВКП (б) Тротскийро аз вазифаҳои ишғолкардааш (ӯ Комиссари халқии ҳарбӣ баҳрӣ ва раиси Шӯрои ҳарбӣ инқилобӣ буд) сабукдӯш карда, моҳи октябри соли 1926 ӯро аз Бюрои сиёсӣ низ ихроҷ кард. Билохира 7 ноябри соли 1927 дар рӯзи инқилоб, ҳаммаслакони собиқаш, Тротскийро аз ҳайати ВКП(б) ҳам хориҷ намуданд. Моҳи январи соли 1928 Тротский ба Алма Ато бадарға гардид. Аммо ин инқилобии сарсахт дар Қазоқистон низ ором нагирифт ва билохира 18 январи соли 1929 бо қарори ҷаласаи махсуи ОГПУ Лев Давидович аз ҳудуди СССР бадарға карда шуд. Тротский дар фаъолияти зиддиинқилобӣ ва тайёрии шӯриши мусаллаҳона алайҳи ҳукумати Шӯравӣ айбдор карда мешуд. 

"Гурезаи сурх"

Аммо шуҳрати Лев Давидович дар олам чунон паҳн гашта буд, ки кам кишваре мехост ӯро дар ҳудудаш паноҳ диҳад. Танҳо Туркия розӣ шуд ин "гурезаи сурхро" бипазирад ва барояш паноҳгоҳ диҳад. Худи Лев Давидович бисёр мехост ӯро ба ватани Марксу Энгелс Олмон интиқол диҳанд, аммо ҳукумати олмонӣ ин тақозоро қотеъона рад кард. Ҳукумати Туркия ин гурезаи шӯравиро дар яке аз ҷазираҳои Принтс ҷойгир кард ва Тротский дар ин ҷазира китоби "Зиндагии ман"-ро навишт. Мутахассисон бар ин назаранд, ки Сталин дар ин марҳила ҳанӯз қасди аз миён бардоштани Тротскийро надошт. Ҳадафи асосии Сталин дар ин марҳила, ба даст овардани бойгонии (архив) Тротский буд. Тротский бе ҳеҷ мамониат тавонист бойгониашро ба хориҷ барорад ва чекистон дар оғоз мутаваҷҷеҳи қазия нашуданд.

Чоршанбе, Авг 19 2020

Барои роҳ надодан ба таъсиси давлати нав (СНГ) ва наҷоти давлати кӯҳна (СССР) қисмате аз нухбагони Ҳизби коммунист, 19 августи соли 1991 Кумитаи Давлатии Вазъияти Фавқуллоддаро (ГКЧП) таъсис дода, роҳбари вақти кишвар Михаил Горбачевро, ки дар Фороси Қрим истироҳат мекард, ба ҳабси хонагӣ гирифтанд. Бобати ин Кумита дар таърихнигории шӯравӣ назарҳо мутафовиданд. Баъзе ин амалкарди ҳизбиёни собиқадорро табаддулоти давлатӣ медонанд. Аммо худи иштирокчиёни ин Кумита, амалкарди худро охирин кӯшиши наҷоти СССР муаррифӣ мекунанд.

Деги ҷӯшон

Он шабу рӯз СССР воқеъан 1 деги ҷӯшонро мемонд, ки ҳар лаҳза қодир буд битаркад. Мушкилоти иқтисодӣ, сиёсӣ ва миллӣ сар то сари кишварро фаро гирифта, ҳокимияти марказӣ тавони ҳалли ин мушкилотро ба куллӣ аз даст дода буд. Михаил Горбачев бошад, танҳо ваъда медоду коре намекард. Ин амалкарди Горбачев аз ҳама бештар ба обрӯи ҲК зарба мезад ва зарурати мавҷудияти кишваре ба номи СССР-ро зери суол мебурд. Ҳизбиёни собиқадорро ба гуфти худашон, маҳз ин ҳолат водор кард, ки даст ба кор шаванд ва Кумитаи Давлатии Ҳолатҳои Фавқулоддаро (ГКЧП) созмон диҳанд.                                                             

 Ба Кумитаи навтаъсис раиси КГБ В. Крючков, вазири дифои СССР Д. Язов, сарвазири СССР В. Павлов, муовини раиси Шӯрои мудофиаи СССР О. Бакланов, роҳбари дастгоҳи президенти СССР В. Болдин, котиби КМ ҲКИШ О. Шенин дохил гардиданд. Баъдан ба Кумита инчунин раиси ШО СССР А. Лукянов, ноиб-президенти СССР  Г. Янаев, вазири корҳои дохилаи СССР Б. Пуго, президенти ассотсиатсияи корхонаҳои давлатӣ ва Иттиҳодияҳои истеҳсолот, нақлиёт ва алоқаи СССР (АГПО) А. Тизяков, раиси Иттиҳоди деҳқонии СССР В. Стародубтсев, муовинони аввали раиси КГБ СССР В. Грушко, сардори хадамоти муҳофизати КГБ  Ю. Плеханов, муовинони вазирони дифоъи СССР В.Веренников ва В. Ачалов пайвастанд. 

Кумитаи тозатаъсис, дар Маскав ҳолати фавқулодда эълон кард ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳаракатҳои оммавиро, ки барои ба эътидол овардани вазъият халал мерасониданд мамнӯъ намуд. Баргузории гирдиҳамоиҳо, роҳпаймоиҳо ва коршиканиву тазоҳурот низ манъ гардиданд. Инчунин Кумита мебоист фаъолияти ВАО-ро зери назорат мегирифт.                                                                                                                               

Ба гуфтаи аъзои ГКЧП Г. Янаев 16 августи соли 1991 дар яке аз қароргоҳҳои махсуси КГБ дар Маскав вохӯрии Вазири Муодофиаи СССР Язов ва Раиси КГБ Крючков доир гардид. Дар ин вохурӣ тарафҳо вазъияти дар кишвар ба амал омадаро мавриди муҳокима қарор доданд. Рузи 17 август дар ҳамон қароргоҳ дидори дуввуми тарафҳо сурат гирифт ва ба ин дидор Раиси ҳукумати СССР Валентин Павлов низ даъват гардид.

Чоршанбе, Авг 12 2020

6 августи соли 1945, тайёраи бомбаандози амрикоии В-29 аввалин бомбаи атомиро дар таърихи башарият болои шаҳри Хиросимаи Япония партоб кард. Таркиш 90%-и шаҳрро хароб карда, аз 90 то 166 000 нафарро ба ҳалокат расонид. Баъди се рӯз, 9 августи соли 1945, тайёраи дуввуми В-29 боз 1 бомбаи дигарро болои шаҳри Нагасакӣ партоб намуда, дар натиҷаи партоби бомбаи дуввум аз 74 то 80 000 нафар ба ҳалокат расиданд. Баъди ин бомбаафканӣ императори Япония Хирохито 15 август тариқи радио ба аҳолии кишвараш муроҷиат намуда, таслими бечуну чарои кишварашро дар Ҷанги ҷаҳонии дуввум эълон намуд. 

Мактуби Эйнштейн

Ин лоиҳа аз мактуби маъруфи Эйнштейн ба президенти ИМА Рузвелт оғоз меёбад. Эйнштейн дар ин мактуби худ ба Рузвелт ҳушдор медод, ки Олмони фашистӣ метавонад дар солҳои наздик соҳиби силоҳи нави кушанда аз изотопҳои урониюм (плутоний) гардад. Ин силоҳи нав бомби атомӣ номида шуд. Рузвелт баъди баррасии мактуб дастур медиҳад, ки дар ИМА тадқиқотҳо дар ин самт ба роҳ монда шаванд ва ин тадқиқотҳо лоиҳаи Манхэттен ном гирифтанд. Мақсади асосии лоиҳа сохтани бомбаи атомӣ гардид. Лоиҳаи мазкур аз 12 августи соли 1942 ба фаъолияти худ шурӯъ кард.                                                                                                             

Моҳи декабри соли 1942 амрикоиҳо дар Чикаго аввалин реактори атомиро ба кор дароварданд. Ин реактор имкон медод теъдоди зиёди плутонийро ба даст оранд. Барои истеҳсоли плутоний аз ураниюми 238 ва ураниюми 235 истифода мекарданд. Тобистони соли 1943 амрикоиҳо ба сохтмони реактори атомии нав, ки реактори "В" ном гирифт оғоз карданд. Ин реактор имкон медод плутонийро аллакай дар сатҳи саноатӣ истеҳсол намоянд. Иқтидори реактори нав 250 МВт ро ташкил медод. 

Қасами Япония 

Билохира баҳори соли 1945 амрикоиҳо аз реакторҳои худ плутонии зиёде истеҳсол намуданд ва ин ба онҳо имкон дод, нахустин бомбаи атомиро бисозанд. Аввалин озмоиши бомби атомӣ, субҳи 16 июли соли 1945 дар полигони Тринитии шаҳраки Аламогордо дар иёлоти Ню-Мексика амалӣ гардид. Бомбаи дар Тринитӣ озмоиш шуда, 6 тонна вазн дошта, вазни умумии плутоний дар он ҳамагӣ 6,2 киллоро ташкил медод. Ҳангоми озмоиши бомбаи аввалин, Олмон ва иттифоқчиёнаш дар Аврупо аллакай торумор гардида буданд, аммо Япония гарчи имконияти зиёде барои ғалаба надошт, қасам хурда буд, ки то ба охир ҷангро дар ҳавзаи Уқёнуси Ором идома хоҳад дод.                                                                                           

Дар авохири моҳи июл японҳо талабҳои эъломияи конфронси Потсдамро рад карданд. Генерал Дуглас Макартур ва дигар фармондеҳони олирутбаи амрикоӣ, ба роҳбарияти ИМА тавсия карданд аз бомбаандозиҳои ҳаррӯзаи Япония даст кашида, нақшаи амалиёти заминиро ба ин кишвар, ки "Суқут" муаррифӣ гардида буд, баррасӣ намоянд.

Чоршанбе, Авг 05 2020

"Сари замин"

Саразм қадимтарин шаҳрнишинии мардуми таҳҷоии Осиёи Миёна ба шумор меравад ва онро бар ҳақ метавон падари шаҳрҳои тоҷик унвон кард. Саразм таърихи куҳан дорад ва олимон пайдоиши онро ба ҳазорсолаҳои IV ва III-и пеш аз милод рабт медиҳанд. Номгӯӣ Саразм ҳам аз қадимии таърихи он гувоҳӣ медиҳад ва забоншиносон маънои онро чун "сари замин" тарҷума ва маънидод кардаанд.                   

Бисёре аз мувварихин бар ин назаранд, ки Саразм пойтахти минтақаи таърихии Вароруди Осиёи Миёна, ки онро бостоншиносон "Самарқанди қадим" номгузорӣ кардаанду он пешгузаштаи Самарқанди муосир мебошад, ба шумор меравад.       

  Ин шаҳри қадимӣ дар 15 километрии Панҷакенти имрӯза, дар соҳили чапи дарёи Зарафшон воқеъ гардида, ба тамадуни биринҷии Бохтари-Марғелонӣ дохил мешавад. Мавқеъияти мусоиди ҷуғрофиёӣ ба руши иқтисодии Саразм мусоидат намуд. Кӯҳҳои атроф, ки аз захираи табии бой буданд, сокинони Саразмро ба таври фаровон аз канданиҳои фоиданок ва маъданҳо таъмин мекарданд ва дарё бошад имкони коркарди ин маъданҳоро фароҳам месохт. Ин шароити муфид Саразмро ба яке аз марказҳои асосии истеҳсоли мис, қалъагӣ ва қурғошим дар Осиёи Миёна табдил дод. Саразм бо меъёрҳои асри биринҷӣ як шаҳри азим ба шумор рафта дар он наздики 10 ҳазор одам сукунат доштанд. Дар ҳудуди ҳазорсолаи IV ва III бошад, Саразм чорроҳаи асосии тиҷоратӣ ва фарҳангии Шарқи қадим гардид. 

Табари биринҷӣ

Қарнҳои тӯлонӣ Саразм зери замин пинҳон буда, кашфи "падари шаҳрҳои тоҷик" ба даҳаи 70-уми қарни ХХ рост меояд. Дар солҳои 70-уми қарни пор, дар Тоҷикистони шӯравӣ маъракаи азхудкунии заминҳои нав роҳандозӣ гардида, дар минтақаи ҷойгиршавии ин шаҳри қадимӣ низ корҳои азхудкунӣ бурда мешуданд. Сокинони маҳаллӣ бисёр вақт аз зери замин ашёи қадимӣ монанди кӯзаҳои сафолин, олоту афзоли биринҷӣ, ашёи заргарӣ ва ғ. ро пайдо мекарданд, аммо бо сабаби ноогоҳии худ аз ин бозёфтҳо касеро хабар намекарданд. Танҳо соли 1976 яке аз сокинони деҳаи Ғурач, Ашуралӣ Тайлонов ба корманди пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент Абдуллоҷон Исоқов бобати табари биринҷии 6 сол пеш пайдо кардааш қисса мекунад. Бостоншиноси пуртаҷриба Абдуллоҷон Исоқов, баъди дидани табари биринҷӣ дарҳол дар минтақаи мазкур корҳои кофтукобиро ба роҳ мемонад ва баъди чанде дар ҷои кофтукоб, боқимондаҳои сохтмонӣ, қитъаҳои сафолин ва гилии наққошишуда ва ашёи дигари қадимӣ, ки ба давраи неолит ва биринҷӣ таалуқ доштанд, пайдо гардиданд.

Чоршанбе, Июл 29 2020

Муҳорибаи Қафқоз яке аз тӯлонитарин набардҳо дар рафти ҶБВ ба шумор меравад. Ин муҳориба 24 июли соли 1942 оғоз гардида, 442 шабонарӯз идома дошт ва 9 октябри соли 1943 бо рондашудани немисҳо аз Қафқоз ва соҳили Баҳри cиёҳ ба поён расид.

Шерчангол (Эделвейс)

Дар нақшаи стратегии роҳбарияти олмонӣ, забти Қафқоз нақши бисёр муҳим дошт. Дар ин минтақа 95%-и нафти СССР истеҳсол мегардид ва агар немисҳо Қафқозро ишғол мекарданд, мошини ҷангии Иттиҳоди Шӯравӣ комилан аз кор мемонд. Моҳи июни соли 1942, ҳангоми машварат бо генералҳои худ дар шаҳри Полтава, Гитлер иброз намуд: "Агар мо нафти Майкоп ва Грознийро ба даст наорем, маҷбурем ҷангро хотима диҳем". Маҳз ба ҳамин хотир, тобистони соли 1942 зарбаи асосии немисҳо ба самти Қафқоз равона гардида, зарбаи дуюмдараҷа ба самти Сталинград нигаронида шуда буд.                                                             

 Амалиёти немисҳо Шерчангол (Эделвейс) номгузорӣ гардид. Тибқи нақшаи ин амалиёт, артиши олмонӣ мебоист нерӯҳои Артиши Сурхро дар ҷануб ва ҷанубу-шарқи Ростов ба муҳосира гирифта, Қафқози Шимолиро ба даст меовард. Баъд аз ин, як гурӯҳи нерӯҳои олмонӣ мебоист қаторкӯҳи Асосии Қафқозро аз ғарб давр зада, Новоросийск ва Туапсеро ишғол мекарданд. Гурӯҳи дуввуми нерӯҳо бошанд, аз шарқ ҷониби Грозний ва Боку ҳуҷум мекарданд. Ҳамзамон бо ин амалиёт, як қисми нерӯҳо мебоист дар маркази қаторкӯҳи Қафқоз убур карда, Тифлис, Кутаиси ва Сухумиро ишғол мекарданд. Немисҳо дар инҷо ният доштанд бо артиши туркӣ муттаҳид гардида, барои ҳуҷум ба Шарқи Наздик ва Миёна омодагӣ гиранд.   

Нақшаи кабуд (Fall Blau)

Дар аввали моҳи июни соли 1942, фронти шӯравӣ дар қисмати ҷанубиаш бисёр носубот гардида буд. Сабаби ин носуботӣ, ҳуҷуми баҳории Артиши Сурх ба самти Харков буд, ки дар он Артиши Сурх шикаст хурд. Немисҳо ҳам аз ин номусоиди истифода карданд ва 28 июн армияи 4-уми тонкии Вермахт, ки ба он Герман Гот сарварӣ мекард, фронти шӯравиро миёни Харков ва Курск рахна карда, бо суръат ҷониби Дон ҳаракат карданд. Ин амалиёт дар манобеи олмонӣ, "Нақшаи кабуд" (Fall Blau) номгузорӣ гардид. Немисҳо 3 июл Воронежро ишғол намуда, нерӯҳои маршал Тимошенкоро, ки самти Ростовро мудофиа мекарданд, аз шимол ба муҳосира гирифтанд. 

саҳ 22 аз 60
Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase