Дар замони имрӯза яке аз мушкилоти муҳиме, ки ҷавонон пас аз хатми донишгоҳ рӯ ба рӯ мешаванд, ин наёфтани чойи кор аст. Мактабро хатм мекунӣ, орзуи донишҷуй шудан ва ба донишгоҳ дохил шудан барои ҳар ҷавон хело муҳим аст. Вақте дар назди волидайнаш мегӯяд, ман мехоҳам хонам ва ояндаамро худам созам, онҳо хело хурсанд мешаванд, фахр аз он мекунанд, ки фарзандашон чунин роҳро интихоб кардааст. Аммо ҳеҷ гоҳ фикр намекунанд, ки он ояндаашро чи гуна худаш месозад, вақте кор намеёбад?! Шояд барои шахсоне, ки дар шаҳр зиндагӣ мекунанд ба Донишгоҳи Миллӣ дохил шудан он қадар аҳамият надошта бошад, вале шахсоне, ки дар ноҳияҳои дурдасти мамлакатамон ҳастанд барои падару модари онҳо ифтихор аст, ки фарзандашон дар чунин даргоҳ таҳсил мекунад.

Аммо баъдан маълум мешавад, ки мушкилоти асосии кунунӣ дар ҷомеа дохил шудан ба донишгоҳҳо нест, балки ёфтани ҷойи кор аст. Дар замони имрӯза барои таъмин намудани 1 шахс мисли замони пеш 300-400 сомонӣ кифоят намекунад. Аз ин ҷиҳат вақте ҷавонон донишгоҳро хатм мекунанд ягона саволе, ки дар сарашон чарх мезанад ин аст:

 -Диплом дорам куҷо равам!? 

Орзуҳо ба бод мераванд, истеъдодҳо мешикананд, ҳадф роҳашро иваз мекунад, тақдир дигар рақам мехурад. Чӣ бояд кард? Ба куҷо муроҷиат намуд? Ё шакли таҳсилро бояд иваз кард? Ин суолҳо ҳамеша посух мехоҳанд! 

Саҳоба Шарипова, 

Ҷамоати деҳоти Язгулом, н.Ванҷ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase