Дуруд ба СССР! Яке аз ҳамкорони пешинаамон, ки дар самти техникӣ кор мекард, бо мурури замон аз коре ба коре гузашт ва имрӯз муовини яке аз ректорони донишгоҳҳои кишвар аст. Барои масъалае наздаш рафтем, мисле вонамуд кард, ки гӯё намешиносад ва “вақт" надошт, ки қабуламон кунад.  Гуфтам, эй мардак он рӯзҳоро фаромӯш кардӣ, ки пиёда - пиёда дар кӯчаҳои пойтахт мегаштем, ҳамин аст одамият? 

Гуфт, пеш аз омадан маро хабардор мекардед, ҳозир вақт надорам. Дигар чизе посух надодам, ба ҷуз ин ки гуфтам, рост мегӯянд: “одамро вазифа бидеҳу тамошояш кун, то хуб бишносияш”.

Ҷамолиддини Фахриддин, 

журналист,

ш.Душанбе 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase