Чоршанбе, Май 20 2020

Шоми 19.05.2020 аз номи Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагон аз обхезӣ дар шаҳру деҳоти вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон кӯмаки башардӯстона фиристода шуд. Кӯмаки башардӯстона аз 51 вагон сементу шифер иборат буда, барои сохтмони манзилҳои нав пешбинӣ гаштааст. 

Бояд гуфт, ки обхезӣ пас аз рахна шудани девори сарбанди обанбори Сардобаи Сирдарё ба вуҷуд омада, дар пайи он беш аз 70 ҳазор сокинон ба ҷойи амн кӯчонида шуда, 56 нафар зарари ҷисмонӣ дидаанд. 

Обхезӣ субҳи рӯзи 1.05.2020 ба вуқуъ пайваста, ба якчанд шаҳру ноҳияи вилояти Сирдарё зарари ҷиддии ичтимоӣ ва кишоварзӣ расонидааст.

 

Чоршанбе, Май 20 2020

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дастур дод, тамоми дармонгоҳҳо, мактабҳо, боғчаҳои бачагона, деҳаҳо ва маҳаллаҳои кишвар ба интернети баландсуръат пайваст карда шаванд. Инчунин Мирзиёев бо қарори худ, ҳукумати электрониро дар Ӯзбекистон ҷорӣ намуд. Тибқи гуфтаи президент, ба рушди ҳукумати электронӣ бояд диққатӣ ҷиддӣ дода шавад ва то соли 2022 саҳми хизматрасониҳои электронии ҳукуматӣ бояд 60% ро ташкил диҳанд.                                                   Президенти Ӯзбекистон инчунин қайд кард, ки то соли 2022 дар тамоми минтақаҳо марказҳои омӯзиши донишҳои диҷитол (рақамӣ) роҳандозӣ мегарданд. Ба гуфти Мирзиёев дар солҳои 2020-2022 дар Ӯзбекистон 268 лоиҳаи рушди ҳукумати электронӣ ба нақша гирифта шудааст.

 

Чоршанбе, Апр 29 2020

   Вазорати корҳои хориҷии ҶТ рӯзи 27.04.2020 ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ёддошт бо талаби аз лиҳози ҳуқуқӣ баҳо додани фаъолияти маркази продюсерии «B.A.S production», ки силсилафилми «Патрул»-ро ба навор гирифтааст ва фармоишгари он-ҶДММ “Канали телевизионии мустақил” (НТК) фиистодааст.

   Тавре Раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ ҶТ хабар медиҳад, Вазорати корҳои хориҷии ҶТ инчунин хостори тафтиши сареи ин амалҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Қазоқистон бо дарназардошти мавҷуд будани ҳолатҳои туҳмат ва амалҳои барқасд баҳри барангехтани хусумати байни миллатҳо шудааст. 

   Бояд гуфт, ки на дар камтар аз 2 қисмати силсилафилми «Патрул» дар шабакаи телевизионии НТК нақши сафири Тоҷикистон дар шакли хеле таҳқиромез нишон дода шуда, дар филм полиси Қазоқистон сафири Тоҷикистонро зада меафтонанд, мешинонанд ва маҷбур месозанд, ки утоқҳои кори онҳоро ранг кунанд ва мошини навбатдориро бишӯяд.

Ҷумъа, Апр 17 2020

   Рустами Эмомалӣ-раиси шаҳри Душанбе имрӯз зимни баргузории Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд, тариқи овоздиҳии пинҳонӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ интихоб гардид.

  Гуфта мешавад, ки пешниҳоди узви Маҷлиси миллӣ Одилзода Дилбар Раҳим оид ба интихоби узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Рустами Эмомалӣ ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ ба муҳокимаи аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардида, аз ҷониби вакилони Маҷлиси миллӣ Раҳимӣ Фарҳод, Амонзода Илҳом Темур ва Қонунзода Шодигул Худобахш муҳокима ва дастгирӣ ёфтанд.

   Инчунин, Аҳмадзода Раҷаббой, раиси вилояти Суғд ба вазифаи муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ ва Файзов Ёдгор Доёровичро ба вазифаи муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ интихоб гардиданд. 

 

Ҷумъа, Апр 10 2020

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад бо

мақсади татбиқи чораҳои фаврӣ ҷиҳати пешгирии сироят ва шуюи коронавируси COVID-19, дар мавриди вуруд ва хуруҷи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ тавассути гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ карда шудаанд.

   Гуфта мешавад, ки ин маҳдудиятҳо нисбат ба кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ, инчунин аъзои оилаи онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, татбиқ намешаванд. Дар сурати ворид шудани гурӯҳи мазкури шахсон ба Тоҷикистон, онҳо дар маҳалли зисти доимӣ таҳти назорати кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ ба муддати 14 рӯз карантин  мешаванд.

   Маҳдудиятҳои мазкур инчунин нисбати ронандагоне, ки ба ҳамлу нақли байналмилалӣ машғуланд (тибқи тартиби муваққатӣ), ва сарнишинони ҳавопаймову қатораҳо татбиқ намегарданд.

   Дар ҳолати зарурати баромадани шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон, ки ба гурӯҳҳои мазкур дохил нестанд, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ омода аст муроҷиатҳои расмии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла ташкили парвозҳои махсусро, баррасӣ кунад.

 

 

Панҷшанбе, Апр 09 2020

   Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст дар иртибот ба хуруҷи COVID-19 ба Италия 11 миллион дона ниқобҳои тиббӣ фиристад. Ширкати тавлидотии «Ҷавонӣ»-и ш.Хуҷанд дар ин маврид бо ширкатҳои итолиёвӣ созишнома ба имзо расонидааст. 

   Гуфта мешавад, ки ҳоло корхонаи саноатии  «Ҷавонӣ»  аз матои пахтагини ватанӣ дар як рӯз 20 -25 ҳазор дона ниқоби тиббӣ истеҳсол менамояд.

 

 

 

саҳ 26 аз 104
Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase