ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Авг 30 2017


31-уми август сафир Миллард бо мақсади иҷрои вазифаи ба ҳайси роҳбари Бюро оид ба масоили Аврупо ва Евразия дар Департаменти давлатии ИМА, Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк менамояд. Ба чунин вазифаи баланд таъин гардидан шарафи калон аст, аммо барои сафир Миллард падруд бo Тоҷикистон ниҳоят мушкил аст. Дар муддати якуним сол ӯ аз табиати зебои Тоҷикистон, фарҳангу забони ғании он, ба хусус, меҳмоннавози халқи он ҳаловат мебурд.
Сафири нави ИМА ҳоло таъин нашудааст. Муовини Роҳбари намояндагии дипломатӣ Кевин Коверт ҳамчун кордори сафорат пас аз рафтани сафир Миллард фаъолият хоҳад кард.
Сафир Миллард аз он ифтихор дорад, ки тӯли яку ним соли фаъоляташ ба ҳайси сафир шомили дастовардҳои Сафорати ИМА дар Ҷумҳарии Тоҷикистон гардида буд. Дар давоми фаъолияти кории ӯ, Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон ҳамкориро дар доираи платформаи С5+1 пурзур намуданд, ки он ба панҷ давлати Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳида имконият дод, то ҳамкориро дар ҷодаи манофеи муштарак амалӣ созанд. Ду кишвар 25 солагии истиқрори муносибатҳои дипломатиро қайд намуданд, ки ин шарикӣ ба пешрафти ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ, кишоварзӣ, инчунин ҳамкориҳои низомӣ мусоидат менамояд.
Кормандони Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он фахр доранд, ки бо Сафир Миллард якҷоя кор карданд, ва ба ӯ дар иҷрои вазифаи пурмасъулаш муваффвқият орзу менамоянд.

СССР
 

Сешанбе, Авг 29 2017


Дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонид.

Душанбе, Авг 28 2017


Шавкат Мирзиёев-президенти Ӯзбекистон, ки бо 1 сафари корӣ дар шаҳри Бекобод қарор дошт, баъди мулоқот бо фаъолони шаҳр нохост ба маросими дафни 1 сокини оддии ин шаҳр ташриф овард. Вақте корвони мошинҳояш аз яке аз маҳаллаҳои Бекобод мегузашт, ӯ мардуми азодор дар назди 1 хонаро дида, амр дод, ки мошинҳоро манъ кунанд. Аён шуд, ки ҳамсари сокини Бекобод Мухтор Миркомилов бармаҳал фавтида, мардум барои дуохонӣ ба манзили ӯ омадаанд. Мирзиёев аз мошин фаромада, ба ин манзил омаду дастони Мухтор ва дигар наздиконашро гирифта, ба ҳар кадоми онҳо изҳори ҳамдардӣ кард...

Душанбе, Авг 28 2017


"Аванти” (Иттиҳодияи соҳибкорон барои рушди тиҷорати ватандӯстона) бо имзои раисаш Раҳмон Янсуков дар 1 муроҷиатнома ба номи Элвира Набиуллина-раиси Бонки марказии Русия хостаанд, ки купюраи 10.000-рублӣ бо акси президент Владимир Путин ба муомилот бароварда шавад. Янсуков гуфтааст, ин созмон омода аст тамоми хароҷоти марбут ба иҷрои ин пешниҳодро ба дӯш гирад ва ҳатто тарҳи пули навро бо портрети Путин низ омода кардааст.

Душанбе, Авг 21 2017


Президенти Русия Владимир Путин дар мулоқот бо раҳбари Абхазия-Раул Хаҷимба гуфт, Маскав амният ва истиқлолияти Абхазистонро кафолат медиҳад: "Аз ҳама муҳимаш ин аст, ки мо амният, истиқлолият ва соҳибихтиёрии Абхазистонро кафолат медиҳем. Бовар дорам, ки дар оянда низ ҳамин гуна хоҳад буд».

Душанбе, Авг 21 2017


Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳини боздидаш аз шаҳри Олмалиқ дар вокуниш ба шикоятҳои мардум, ҳокими ин шаҳр, инчунин сардори милиса, раҳбарони идораҳои андозу молияро аз мақомҳояшон барканор карда, гуфт: "Ҳар роҳбар бояд шахсан аз ҳамон ҳавое, ки мардумаш нафас мекашанд, нафас кашад. Агар мардум нирӯи барқ надошта бошад, раҳбар низ бояд бе нирӯи барқ зиндагӣ кунад, агар роҳ надошта бошад, пас бе роҳ зиндагӣ кунад ва агар мардум об надошта бошад, пас раҳбар ҳам бояд бе об зиндагӣ кунад. Бигзор ҳар роҳбар боло рафтани нархи нону гӯшт ва бемасъулиятӣ дар бозорҳоро бо чашми худ бубинад ва эҳсос кунад. Мо хеле дер кардем, мардум аз мо норозист. Қаблан ҳам гуфта будам, ки бояд дар пеши халқ барои он ки ин ҳама сол тоқат кард, ба зону зада, таъзим кунем.”

саҳ 78 аз 104

Китобҳо

Flag Counter