31-уми август сафир Миллард бо мақсади иҷрои вазифаи ба ҳайси роҳбари Бюро оид ба масоили Аврупо ва Евразия дар Департаменти давлатии ИМА, Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк менамояд. Ба чунин вазифаи баланд таъин гардидан шарафи калон аст, аммо барои сафир Миллард падруд бo Тоҷикистон ниҳоят мушкил аст. Дар муддати якуним сол ӯ аз табиати зебои Тоҷикистон, фарҳангу забони ғании он, ба хусус, меҳмоннавози халқи он ҳаловат мебурд.
Сафири нави ИМА ҳоло таъин нашудааст. Муовини Роҳбари намояндагии дипломатӣ Кевин Коверт ҳамчун кордори сафорат пас аз рафтани сафир Миллард фаъолият хоҳад кард.
Сафир Миллард аз он ифтихор дорад, ки тӯли яку ним соли фаъоляташ ба ҳайси сафир шомили дастовардҳои Сафорати ИМА дар Ҷумҳарии Тоҷикистон гардида буд. Дар давоми фаъолияти кории ӯ, Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон ҳамкориро дар доираи платформаи С5+1 пурзур намуданд, ки он ба панҷ давлати Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳида имконият дод, то ҳамкориро дар ҷодаи манофеи муштарак амалӣ созанд. Ду кишвар 25 солагии истиқрори муносибатҳои дипломатиро қайд намуданд, ки ин шарикӣ ба пешрафти ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ, кишоварзӣ, инчунин ҳамкориҳои низомӣ мусоидат менамояд.
Кормандони Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он фахр доранд, ки бо Сафир Миллард якҷоя кор карданд, ва ба ӯ дар иҷрои вазифаи пурмасъулаш муваффвқият орзу менамоянд.
СССР