ХАБАРИ ДОҒ

Дар Кӯлоб футбол рушд мекунад

  • Панҷшанбе, Июл 21 2016

 Бо ташаббуси Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар шаҳри Кӯлоб якчанд майдончаи замонавии  варзишӣ сохта, ба истифода дода шуд. Сар аз баҳори имсол варзишгарони кӯлобӣ дар ин майдонҳо таҳти омӯзиши муррабиёни мактаби варзишии шаҳр машқу тамрин кардан доранд. 

 Бино ба иттилои Баҳром Рустамов, директори мактаби варзишӣ, танҳо дар самти футбол беш аз 300-нафар аз ҷавонону наврасони шаҳр номнавис гашта, тамрини футбол мекунанд. Шароити хуби муҳайё гашта имкон медиҳад, ки шумораи боз ҳам зиёди хоҳишмандони ин намуди варзиш  ҷалб гаштаву ҷавонон аз бекорӣ ва рафторҳои беҳуда  канора монанд. 

Гуфта мешавад, футбол барои кӯлобиҳо як навъи дустдоштатарини варзиш мебошад. Ҳанӯз дастаи овозадори «Равшан»-и Кӯлоб буд, ки дар ҳамаи ҷумҳурӣ тавонист ягона рақиби чемпиони чандинкаратаи ҷумҳурӣ «Истиқлол»-и Душанбе гардад ва гузашта аз ин, 2-маротиба аз ин дастаи машҳур унвони чемпиониро кашида гирад. Танҳо Кӯлоб буд, ки барои тамошои футбол ба майдони варзишӣ 10-ҳо ҳазор мухлисонро ба ҳам меовард ва футболро дар кишвар муаррифӣ кард ва рақибони дастаи ин шаҳр ҳам аз мухлисони кӯлобӣ хушашон меомад. Бояд гуфт, бо фаол гаштани майдончаҳои футбол на танҳо ҷавонон, ки духтарон ҳам рӯ ба футбол овардан доранд. Дар ҳоли ҳозир як гурӯҳ аз духтарони кӯлобӣ машқи футбол мекунанд ва умед аст, ки дар ояндаи наздик аз худ дарак хоҳанд дод. 

Дар ҳамин ҳол, дар шаҳри Кӯлоб 4-майдончаи футболи хурд фаоланд, ки яке аз онро ҳанӯз 3-сол пеш газетаи СССР сохта, пешкаши ҷавонони шаҳр карда буд. 

Гуфта мешавад, наврасони кӯлобӣ на танҳо рӯзона, балки шабона ҳам ба майдончаҳои футболи хурд омада,  машқу бозӣ мекунанд. 

Дар ҳамин ҳол, роҳбарияти Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб ва мактаби варзишии кудакону наврасон дар ҳолати хуби корӣ нигаҳ доштани майдончаҳои футбол кушишу чораҷӯйӣ менамоянд.

      Аслиддин Достиев

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter