Оғоз…
ФутболvsСССР ҳанӯз аз оғози сол дар аввалин шумораҳои худ бо ин унвон чанд матлаберо нашр намуд, ки дар онҳо оиди бурду бохти футболи Тоҷик дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз сухан мерафт. Дар ин даврае, ки чаҳоряк ниммаи як асри комилро ташкил медиҳад, дар баробари дигар соҳаҳоии иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, футбол низ ба таҳаввулотҳои ҷиддӣ рӯбарӯ шуд. Дастоварди аввалин ва муҳими футболӣ дар ин давра, таъсис ёфтани Федератсияи футболи Тоҷикистон (соли 1992) ва ба узвияти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (FIFA) ва Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шомил шудани он мебошад. Сар аз оғози соли 1994 тими миллӣ ва дастаҳои мунтахаби кишвар ба мусобиқаҳои расмии байналмилалӣ роҳ ёфтанд.
Дастовардҳои футболи навин
Баландтарин натиҷаи соҳибшудаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии мамлакат, дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми “Даъват”-и Конфедератсияи футболи Осиё ғолиб шудан аст. Ин мусобиқа барои дастаҳои мунтахаби кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта гузаронида мешуд. Соли 2006 мунтахаби миллии Тоҷикистон зери роҳбарии Мураббии шоистаи Тоҷикистон, маэстрои футболи Тоҷик Шариф Назаров дар давлати Бангладеш Ҷоми “Даъват”-и АФКро ба даст даровард.
Мунтахаби наврасон
Воқеан ҳам соли 2006-ро барои футболи Тоҷик яке аз солҳои бобарор номидан имкон дорад. Дар ин сол, дар баробари Ҷоми “Даъват”-и Конфедератсияи футболи Осиёро соҳиб шудани тими миллии Тоҷикистон, дастаи мунтахаби наврасони зери 17 солаи кишвар бо роҳбарии Мураббии Шоистаи Тоҷикистон Пӯлод Қодиров дар марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2006 дар Сингапур мақоми сеюм, медалҳои биринҷӣ ва роҳхати ҳақи иштирок дар Ҷоми ҷаҳон-2007 байни наврасонро ба Ҷумҳурии Корея соҳиб шуд. Соли дигараш дар Ҷоми ҷаҳон дар Ҷумҳурии Корея наврасони мо дар байни даҳ дастаи пурқувваттарини ҷаҳон байни наврасон ҷойгир шуданд. Аз ин ҳайат ҳоло низ чанд нафарашон ба монанди Нуриддин Давронов, Фарҳод Восиев, Эраҷ Раҷабов, Миралӣ Муродов ва дигарон дар ҳайати бошгоҳҳои футбол ва мунтахаби миллии Тоҷикистон шарафи футболи Тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ сарбаландона ҳимоя намуда истодаанд.
Футболи бошгоҳӣ
Клубҳои футболи Тоҷикистон низ дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ба чандин натиҷаҳои баланд соҳиб гардиданд. Дар ин давра дастаи футболи “Регар-ТадАз”-и Турсунзода бо роҳбарии мураббии шоистаи Тоҷикистон Маҳмадҷон Ҳабибуллоев се маротиба ва бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и Душанбе як маротиба бо роҳбарии мутахассиси серб Никола Кавазович ба гирифтани Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё муваффақ шуданд. Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё аз лиҳози моҳият дар АФК сеюмин мусобиқаи бошгоҳӣ маҳсуб меёфт. Мусобиқаи мазкур сар аз соли 2014 дигар гузаронида намешавад.
Соли 2012-ро бошад, дар таърихи футболи ватанӣ давраи таҳаввулоти навин ҳисобидан мумкин аст. Дар ин давра баъди ба сари кор омадани роҳбарияти ҷавони Федератсияи футболи Тоҷикистон бо сарварии президенти тозаинтихоб Рустами Эмомалӣ дар сохтори Федератсия дигаргуниҳои ҷадид ба амал омаданд. Сохтори Федератсия тағйир ва мутобиқи замон гардонида шуд. Лигаи миллии футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи кӯдакону наврасон ташкил ёфтанд. Дар кишвар даҳҳо варзишгоҳҳо ва майдонҳои замонавии футболбозӣ сохта шуд. Ба ибораи дигар, футбол ба зиннаи нави рушди худ баромад. Аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон “Барномаи рушди футбол дар Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016” қабул гардид. Ин барнома дар рушду инкишофи футболи ватанӣ вусъат бахшид. Бо роҳандозӣ гардидани мавзуҳои зикршуда, бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон ба мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АФК роҳ ёфтанд. Ҷоми АФК аз лиҳози моҳият дар Осиё баъд аз Лигаи чемпионҳо дуввумин сабқати бошгоҳӣ маҳсуб меёбад. Дар соли аввали баромади худ дар ин мусобиқа чемпиони Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе, ки муҳаррики асосии рушди футболи миллӣ маҳсуб меёбад, зери роҳбарии Мураббии шоистаи Тоҷикистон Мубин Эргашев ба бозии финалӣ баромад. Ин дастоварди “Истиқлол” дар таърихи футболи бошгоҳии мамлакат, баландтарин ва бесобиқа аст.
Футзал...
Мунтахаби футзали Тоҷикистон низ дар ин давра дар тамоми мусобиқаҳои байналмилалии Конфедератсияи футболи Осиё иштирок намуда аст. Баландтарин дастоварди футзалбозони мо дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон - ишғол намудани мақоми шашум дар марҳилаи ниҳоии чемпионати футзали Осиё дар соли 2007 дар Осакаи Ҷопон мебошад. Он вақт мунтахаби футзали Тоҷикистонро мутахассиси шинохта Дамир Камалетдинов роҳбарӣ мекард. Маврид ба зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон Лигаи касбии футзали Тоҷикистон фаъолият дорад. Дар мусобиқаҳои ин Лига ҳашт даста ииштирок мекунад ва футзал дар ҷумҳурӣ оҳиставу бомаром пеш меравад.
Футболи занона
Мунтахаби занонаи Тоҷикистон сар аз соли 2012 дар мусобиқаҳои расмии Конфедератсияи футболи Осиё иштирок мекунад. Дар соли аввали баромади худ, мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон дар чемпионати Осиё байни футболбоздухтарони то синни 19 сола дар Урдун мақоми сеюмро ишғол намуд. Соли 2013 бошад, мунтахаби футболбоздухтарони зери 14 солаи Тоҷикистон дар чемпионати Осиё байни дастаҳои футболи занона дар Шри-Ланка иштирок кард.
Маълумотҳои мураббигарӣ
Ҷиҳати такмили дараҷаи тахассусии мураббиёни футболи кишвар дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз ҷониби Федератсияи футболи мамлакат чораву тадбирҳои амалӣ андешида шуданд. Дапр ин давра дар Тоҷикистон ва берун аз он чандин курсу семинарҳои муфид ташкил карда шуда, дар онҳо иштироки мутахассисони тоҷик таъмин гардид. Айни замон дар Тоҷикистон ду нафар муҷаввизи мураббигари дараҷаи “Pro”-и УЕФА, 48 нафар муҷаввизи мураббигарии дараҷаи “А”, 75 нафаро муҷаввизи дараҷаи “В” ва 204 нафар муҷаввизи дараҷаи “С”-и Конфедератсияи футболи Осиёро дошта мутаносибан дар дастаҳои мунтахаб, бошгоҳҳои футбол ва дастаҳои футболи кӯдакону наврасон фаъолият мекунанд.
Анҷом
Ба ин тартиб, аз омори кӯтоҳе, ки мо барои хонандаи азизи худ худ пешниҳод кардем, дида мешавад, ки новобаста ба тамоми мушкилотҳо Футболи Тоҷик дар замони Истиқлолият ба марҳилаи навини худ расида, оҳиставу бомаром пеш меравад. Иштироки Тими миллӣ, дастаҳои мунтахаб ва бошгоҳҳои футболамон дар сабқатҳои байналмилалӣ аз баракати соҳибистиқлолии Ватан мебошанд. 25 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон фархундаатон бод, мутахассисон,мураббиён, бозигарон ва собиқадорони гиромии футболи Тоҷик!!!
Нуралӣ Хоркашев
ФутболvsСССР