Ҷиғилдонро бо УЗИ пур накунед!

  • Душанбе, Июн 12 2017


Салом СССР-и гиромӣ ва мардумӣ! Ҳоло дар ҳар 1 қадам УЗИ пайдо шуда, вале нархи онҳо аз якдигар фарқ доранд. Масалан, дар деҳаи Бунгакиён н.Файзобод УЗИ барои дидани гурдаҳо 5 сомонӣ аст. Дар ҶДММ «Маснавӣ ЛТД» бошад аз ман барои УЗИ кардан 27 сомонӣ гирифтанд. Дар беморхонаи «скорий» бошад 20 сомонӣ додам. Охир, ин нархномаҳоро аз куҷо мемонанд? Барои чӣ аз болои онҳо ягон нафар назорат намекунад? То кай аз ҳисоби халқи камбағалу бечора, аз ҳисоби бемороне, ки худ ба 1 сомонӣ зоранд, ҷиғилдон пур мекунанд? Дар давоми 2-3 дақиқа кисаҳоят холӣ мешаванд. Боз раҳмат ҳам мегӯӣ! Солҳои пеш ҳамин УЗИҳо набуданд ва бе инҳо ҳам ташхисро муайян мекарданд! Аҷибаш он аст, ки вақте ҷавоби 1 УЗИро назди табиб мебарӣ, мегӯяд, «ин УЗИ дуруғ аст, назди фалон УЗИ рав». Аз ин бармеояд, ки УЗИи мехостаи ӯ шояд аз ягон хешу табораш аст. Хуллас, дар ҳама ҷо дуруғ, фиреб, мардумозорӣ ва мафия дар авҷ. Ин табибони фиребгар-шогирдони Синои бузург фикр намекарда бошанд, ки фардо чӣ ҷавоб медиҳанд? Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ин хусус чӣ мегӯяд? Бигзор табибон аз ин пас на ба Гиппократ, балки ба модарашон савганд ёд кунанд.


Ғуломалӣ Асоев,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Файзобод

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase