ХАБАРИ ДОҒ


Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» баъди 10 соли ҳастӣ боз мавриди муҳокимаи умум қарор гирифт. Давоми 10 сол одамони камбизоат Қонунро риоя карданду «пояшонро чени кӯрпа дароз». Дар тӯйҳои арӯсию домодии писар, хатнасури набера аз талаботи қонун кам тӯякӣ доштанд, ҳатто тӯйро бе ҳофизӣ мегузаронанд. Баъзе ашхоси камбизоат дар хусуси хатна кардани писару набера ба духтурҳои ҷарроҳ муроҷиат менамоянд ва ба таври осону ихчам аз тӯю маърака ҷонро халос мекунанд. Ҳоло шоҳиди баъзе тӯю маросими азодории шахсони миёнаҳол, бойбачаҳо мешавед, болои хон танҳо шири мурғ намерасад. 1 сабаби болоравии нарху наво ба ҳиммати бойбачаҳо вобастагӣ дорад. Фурӯшанда чи қадаре, ки талаб намояд ин гуна одамон дар харидан ақибнишинӣ намекунанд. Ман таклиф дорам, ки монанди мамолики арабу афғон гузарондани чилу соли фавтидагон тамоман манъ карда шавад, зеро сафи онҳое, ки маросими чилу солро дар тарабхонаҳо мегузаронанд, зиёд шуда истодааст. Албатта ин чорабинӣ дар хондани дуою фотиҳа дар ҳаққи марҳум ба ҷо оварда шавад. Тӯйи домодию арӯсӣ низ ба таври содаю оддӣ ба роҳ монда шуда, дар САҲШ-и ноҳия ба қайд гиранд ва байни навхонадорон аҳдномаи никоҳ баста шавад. Ҳар қадар ба сӯи хоксорӣ роҳ паймоем, ҳамон қадар буҷаи хонаводагӣ бой мегардад. Чӣ гуфтед?


Зайнулобиддин Ҳусейнов,
узви Ихвон-ал-СССР, н.Ёвон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter