Ноҳияе, ки мардумаш санъатдӯстанд Хонаи Маданияти замонавӣ надорад. Ҳол он ки санъаткорони машҳури ҷумҳурӣ-Муродбеки Насриддин, Лолаи Азиз, шодравон Рустамбеки Ботур, Ислом Саломов ва дигарон зодагони Мастчоҳанд. Бӯҳрони Ансамбли халқии «Нақш»-ро кӣ намедонад? Агар роҳбарияти ноҳия бо давутоз ин маблағро нарӯёнад, дигар касе ин корро намекунад ва карда ҳам наметавонад! Пас инро кӣ бояд иҷро кунад? Раиси ноҳия-Ғайрат Азиззода!
Ғайр аз ин дастаҳои футболи овозадори «Мастчоҳ», «Мастчоҳ-1» ва «Сомониён», ки дар мусобиқоти ҷумҳуриявӣ шарафи ноҳияро баланд мебардоштанд, куҷо шуданд? Маҳв шуданд, зеро ҳич кас ба пешравии онҳо аҳамият надод, сарпарастӣ накарданд, гарчанде, ки шароит буд. Роҳбари вақти ноҳия дар якҷоягӣ бо шуъбаи варзиш чӣ фикр доштанд? Роҳбарияти ҳозира дар чӣ фикр аст? Оё онҳо гуфта метавонанд, ки ноҳия соҳиби варзишгоҳи замонавӣ ва клуби футболи қавӣ мешавад? Агар «ҳа», пас кай?! Мо ин ҷавобро интизорем!!!


Олимбеки Зиёиён,
ноҳияи Мастчоҳ, тел: 919 20 04 71

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase