Салом, СССРи азиз ва хонданӣ! Чанд баҳор пеш, вақте ки шаҳраки Суғдиёни ш.Панҷакентро месохтанд, мардум гумон мекарданд, акнун ба маротиб зиндагиашон хуб мешавад ва дар хонаҳои баландошёнаи дорои шароитҳои зарурӣ умри худро шоҳона сипарӣ менамоянд. Вале афсӯс... Дар ин шаҳрак беш аз 3000 нафар зиндагӣ доранд, ки аксарияташон кормандони корхонаи муштараки «Зарафшон» мебошанд, ки ба истеҳсоли тилло сарукор дорад. Мардум гумон мекунанд, ки ин корхона тамоми шароитҳои заруриро барои сокинон муҳайё намудааст. То 2 моҳ пеш 2 соат саҳарӣ, 1 соат нисфирӯзӣ ва 3 соат бегоҳӣ барои сокинон об медоданд. Аммо 2 моҳ боз об ҳатто ба ошёнаи дуюм намебарояд. Хонаҳо бӯи нохуш доранд. Аҳолӣ чирки худро аз баданаш дур карда наметавонад, чунки аз лӯлаҳо об чунон коҳилона мерезад, ки дар 1 соат 1 сатили холӣ аз об пур намешавад. 2 моҳ боз касе мошинаи ҷомашӯии хешро кор фармуда наметавонад. Масъулин баҳона пеш меоранд, ки аҳолӣ худсарона дар деҳаҳои атроф соҳиби об шудаанду пеши роҳи обро бастаанд. СССР-и гиромӣ! Шояд бо дахли ту мардуми шаҳраки Суғдиён дар ин моҳи шариф ташнагии худро шикананд?…


Исмоил Зарифӣ,
деҳаи Косатарош, ш.Панҷакент

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase