ИН қадар аз ҳам хато ҷустед! ИН фоли бад аст!
«Бехато ғайри Худо набвад!» ҳадиси Аҳмад аст!
Ҳамдигаршармандасозӣ бас! Бас аст охир нифоқ!
Иттифоқи шоирон бояд бимонад ИТТИФОҚ!!!
ИН агар ёбад идома, ҷуз хаёли хом нест,
Рӯҳи Турсунзодаю Айнӣ дигар ором нест!
Гар намегуфт Аъзами мо: «Бар гузашта саллавот!»
Миллати Тоҷик кай меёфт аз офат наҷот?
«Бехато ғайри Худо нест!» ин сухан Раҳмонӣ аст!
Қадри ин ҳикмат надонед, илматон шайтонӣ аст!!!


Хайрандеш

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase