Чаро Давлатов хона намедиҳад?

  • Чоршанбе, Сен 14 2022

 Салом ба СССР-и азиз! Дар саҳифаҳои газетаи мардумӣ борҳо дар бораи додани манзил ба ин ё он қишри ҷомеа матлаб мехонаму ба андеша меравам. Чаро ин тавр шудааст, ки мардум хонаро ба ҷойи аз давлат пурсидан, аз соҳибкорону тоҷирон мепурсанд? Ва чаро соҳибкорон ба мардум хона харида медиҳанд, ҳол он, ки ин вазифаи ҷонии ҳар 1 давлат аст?! Боз сухан сари Раҳими Ғармӣ меравад, ки ба чанд нафар камбизоат хона ато карду зери борони хоҳишу дархосту гиряву арзи ҳазорҳо зану марди дигар гашт. Бо хона додан шояд 1 мушкилро ҳал кард, вале садҳо мушкили дигарро кӣ ҳал мекунад: касбу ҳунар, дониш, таҳсилот, ҷойи кор, хӯрдану пӯшидан. Ё пас аз соҳиби хона шудан боз ба суроғи Раҳими дигари Ғармиву Ванҷиву Кӯлобиву Хуҷандӣ меравем?

Дар пасманзари ин ҳама оҳу нолаи мардум ба Раҳиму Маҳмудҷону Авазхон Кабиру даҳҳо тоҷири шинохтаи кишвар ман боре нашунидам, ки касе аз Саидмурод Давлатов, соҳибкори дигари шинохта, ба қавле мултимиллионер хона он тараф, лоақал 1 кӯмаки ночизе пурсида бошад. Чаро касе аз Саимурод Давлатов хоҳиш намекунад, ки барояш хона харад? Чун ӯ нахаридааст ва намехарад ва кори хуб ҳам мекунад! Тавре мегӯянд ба мардум моҳихурӣ не, моҳӣ доштанро бояд омӯзонид!

Сафо Нурзода,

ш.Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase