Аз масъулони телевизион пурсиданиям, ки чаро санаҳои 4-ум ва 5-уми сентябр шабакаи “ТВ-Футбол HD”-и Тоҷикистон фаъолият накард? Шояд пагоҳ ҳам ҳамин тавр шавад? Ё ин, ки ин ҳолат фақат дар шаҳри Конибодом рух медиҳад?

Эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки бозиҳои чемпионати “ЛаЛига”-ро ҳам саривақт намоиш диҳед, хеле хуб мебуд. Охир миллионҳо миллион нафар мухлисони футбол дар ҷаҳон бозиҳоро бо иштироки дастаҳои “Барселона”-ву “Реал” бесаброна интизор мешаванд. Бубинед, Қаҳрамони лигаи чемпионҳои Аврупо ҳам маҳз аз ҳамин кишвари Испания шуд (Реал)! Аз шабакаи “Варзиш HD” ҳам умедҳои калон дорем. Илтимос, чун соли гузашта дар ин хусус фаъол шаведу ҳазорон мухлисони футболро шоду мамнун созед.

Неъмат Очилов,

ш.Конибодом

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase