Ҷойе  хондам, ки ректори Донишгоҳи омӯзгории ш.Панҷакент профессор Муазамхон Ансориро сарзаниш кардаанд. Ё аҷабо, М. Ансорӣ  асосгузори коллеҷи иноватсионӣ дар ш.Панҷакент, поягузори ҷамъияти “Маърифат” асту барои ободонии ш.Панҷакент он қадар заҳмат кашидааст, ки аҷдоди фейсбукбозон 1 фоизи онро накардаанд. Иддае дигар фаъолияти директори коллеҷи Омӯзгории ш.Панҷакент Ҷовид Холовро мавриди интиқод қарор доданд. Ба гуфтаи собиқадори коллеҷи омӯзгорӣ Марҳабо Гулобова, директор дар ободонии ин макони таълим инқилоб кард. Ростӣ,  кас агар вориди колеҷи омӯзгорӣ шавад, аз ободонии он чашмонаш нур мегирад. Муазамхон Ансорӣ, Ҷовид Холов, Ашраф Ғафур солҳост, ки сарварони даргоҳанду онҳоро раиси ҷавони шаҳр Холиқзода Абухолиқ сари мансаб наовардааст. Собиқ раисони шаҳр Хусрав Абдуназаров, Шафеиён Ислом Зиёзода ба эшон таваҷҷӯҳ доштанд.

 Беш аз 41 сол боз  дар Литсейи кабии техникии ш.Панҷакент кор мекунаму ба ғайри  Комилов Иброҳим ва Эркин Сироҷиддинов директоре нагузаштааст, ки баҳри пешрафти ин даргоҳи ҳунар иқдоми шостае карда, онро обод карда бошад. Омаданду хӯрданд ва нақше аз худ нагузошта рафтанд. Пас чаро  мо онҳоеро дастгирию ситоиш накунем,  ки вайронаеро обод кардаанд? Мекунем. Мо метавонем!

Холмурод Сафарзода,

ш. Панҷакент 

Тел: 928195276 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase