ХАБАРИ ДОҒ

Ба пайкараи Аҳмад Зоир зарурат нест!

  • Чоршанбе, Окт 19 2022

 

Рафиқ Нодирхони Алихон аз ш.Турсунзода! Агар падари Аҳмад Зоҳир аз ш.Душанбею модараш аз ш.Турсунзода ҳам мебуд, Аҳмад Зоҳир дар Афғонистон таваллуд шудаю ҳамон ҷо ба воя расидааст, ҳамон ҷо сарояндагӣ намуда, сазовори обрӯю мартаба гардидааст. Вай ҳофизи мумтоз, булбули Шарқ буд. Дар Тоҷикистон ҳам ӯ сазовори эҳтироми баланд буда, мухлисони зиёде дошт. Аз он ки ӯро дар айни камолоти эҷодиаш куштанд, ин вобаста ба вазъияти муташанниҷи зодгоҳаш ва мавҷудияти қавму халқиятҳои гуногуни кишвараш мебошад. Сабаби вайрон кардани қабраш ҳам ҳамин аст. Ба Тоҷикистон интиқол додани қабри Аҳмад Зоҳир ва гузоштани пайкараи ӯ зарурате надорад.

Аҳмад Зоҳир бо шодравон Ҷурабек Назриев мумкин дӯст буд, вале ҳамсабақ набуд.

Ҷӯрабек Назриев, овозхони хуб ва олими пухтакор буд, вале Ҳофизи халқии ҷумҳурӣ набуд. Акашариф Ҷӯраев, Одина Ҳошимов, Иброҳим Кобулиев, Зафар Нозимов, Ҷӯрабек Муродов, Ҳанифа Мавлонова, Аҳмад Бобоқулов, Фазлиддин Шаҳобов ва чандин нафарони дигар соҳибунвон буда, дар сатҳи ҷумҳурӣ ва Давлати Шӯравӣ маълуму машҳур буданд, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Абдулғанӣ Мирзоев, Носирҷон Маъсумӣ, Шарофиддин Рустамов ва даҳҳо нафари дигар аз олимони машҳури кишвар маҳсуб меёфтанд, вале ба онҳо пайкара гузошта нашудааст.

Муаллифи мақола Нодирхон навиштааст, ки: «Матлабро хонда, дилам реш шуд». Чаро дили шумо барои Тоҷикистон, барои шаҳидони аз дасти чингизиёни қирғиз кушташуда, барои вайронкориҳои 1 гӯшаи Ватани аҷдодӣ нею барои афғонҳо реш шудааст, нафаҳмидам?

Бегмат Маҳмадов,

нафақагир,

н.Тоҷикобод      

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter