Зарари беш аз 2 миллион сомонӣ ҶДММ «Сармад 2000»-ум ба буҷаи давлат

  • Душанбе, Окт 09 2017


Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи ҶДММ «Сармад 2000»-умро барои кочоки молу маҳсулоти ниёзи мардум боздошт намуданд.
ҶДММ «Сармад 2000»-ум ба воситаи автомашинаи боркаши тамғаи «Долун» рақами қайди давлатиаш 12 79 СР 01 ядакаш 399 РС аз Ҷумҳурии Мардумии Чин 27 номгӯи молу маҳсулотҳои ниёзи мардумро аз қабили таҷҳизоти техникӣ, либосҳои гуногун, чархи ароба, телевизор ва ғайраро бидуни барасмиятдарории гумрукӣ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон кардааст. Дар маҷмӯъ кочоқи мол ба маблағи 1 миллиону 845 ҳазору 650 сомониро ташкил медиҳад.
 ҶДММ «Сармад 2000»-ум ба шаҳрванд Қаҳҳоров Абдуҷалил соли таваллудаш 1982 мутааллиқ мебошад. Ӯ бо маслиҳати пешакӣ бо дигарон бо мақсади ба даст овардани даромади муфт ба чунин амали ғайриқонунӣ даст задааст.
Қаҳҳоров Абдуҷалил бо роҳи фиребгарона дар ҳуҷҷатҳои воридотӣ (инвойс) як номгӯи молро нишон додааст, ки нуриҳои минералӣ ба миқдори 500 ҷой бо вазни умумии 25 ҳазор килограмм буда, бо декларатсияи транзити дохила №762415/230917/0002390 дар дидбонгоҳи гумрукии «Кулма»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тартиб дода шуда, аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи фиребгарона ва истифода кардани ҳуҷҷатҳо тариқи қочоқ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда, минбаъд бо мақсади пинҳон кардани кирдори худ автомашинаи мазкурро бо борҳояш таҳвили ҳаракати молро иваз намуда, ба анборҳои ҶДММ «Сармад-2000»-ум, ки дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир мебошад, барои нигоҳ доштан интиқол додааст, ки зимни гузаронидани санҷиш боздошт карда шуд.
 Мувофиқи маълумотномаи Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши молу маҳсулотҳои тариқи қочоқ ворид намудаи Қаҳҳоров А. Қ. ва дигарон маблағи умумии 1 миллиону 845 ҳазору 650 сомонию 4 дирамро ташкил медиҳад, ки дар натиҷаи ин ҳаракатҳои қасдонаи Қаҳҳоров А. Қ., ва дигарон ба давлат ба миқдори калон зарари моддӣ расонида шудааст.
 Бо назардошти он, ки дар ҳаракатҳои Қаҳҳоров А Қ, ва дигарон аломатҳои таркиби ҷиноят дида мешавад, моддаҳои 140, 145, 146, 148, 161, 162 ва 168-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастрас намуда, нисбати намояндаи ҶДММ «Сармад 2000»-ум Қаҳҳоров Абдуҷалил Қӯчқорбоевич ва дигарон бо моддаи 289 қисми 2-и Кодеки ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудаааст.
 Тафтишот дар ин самт аз ҷониби муфаттишони Раёсати тафтиши парвандаҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase