ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Окт 11 2019

 

   Алӣ Рифат Кёксол, сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни 1 нишасти матбуотӣ дар Душанбе таъкид дошт, ки сиёсат ва мақсади кишвараш - ин ҳифзи ягонагии давлати Сурия аст, на ғасби он. 

   Зимни сӯҳбати хеш бо хабарнигорони тоҷик Алӣ Рифат Кёксол иброз дошт, ки сар аз 9.10.2019 нерӯҳои мусаллаҳи Туркия бо таъсиси 1 амалиёти вежаи “Чашмаи сулҳ” вориди хоки Сурия гашта, он бо мақсади мубориза бо ҷангҷӯёни террористу экстремист ва ҳарчӣ бештар озоду тоза кардани минтақаҳои ғасбкардаашон барои мардуми таҳҷоӣ, ки айни замон ҳамчун гуреза дар қаламрави Туркия қарор доранд, роҳандозӣ шудааст. Амалиёти “Чашмаи сулҳ” дар шарқи дарёи Фурот оғоз гардида, дар 2 рӯзи гузаштаи он алакай чандин мавзеҳои аҳолинишин аз ҷангҷӯён озод карда шудаанд. Тибқи иттиллои расида, дар 2 рӯзи аввали ин амалиёт 277 ҷангҷӯ аз ҷониби артиши турк маҳв карда шуданд.

   -Бархе аз кишварҳои ғарбӣ ва расонаҳои матбуотии ин кишварҳо ба хотири фиреб намудани мардум ва бар зидди Ҳукумати Туркия шӯронидани ҷомеаи ҷаҳонӣ бо баҳонаи ин амалиёт аксҳои 2 сол пешро тағийр дода, бо навбат нашр карда истодаанд. Бояд бигӯям, ки ин амалиёт амалиёти нахустин нест, аз ин пеш ҳам артиши Туркия вориди қаламрави хоки Сурия гашта, бо баргузории 2 амалиёти низомӣ дар солҳои 2017 ва 2018 қисме аз хоки ин давлатро, ки ғасб шуда буд, озод намуда, ба ин васила 365 ҳазор паноҳандаи суриёиро ба Ватан баргардонид, - афзуд сафир.

    Мавсуф афзуд, ки айни замон дар Туркия беш аз 3,6 миллион гуреза ва паноҳҷӯи суриягӣ зиндагӣ доранду онҳо дар дил умеди баргаштан ба хонаву дари худро мепарваранд ва фароҳам овардани шароити лозимаву баргардонидани онҳо ба Ватан масоилест башардӯстона.

   -Мо бар хилофи ягон санаду ҳуҷҷати СММ ва дигар созмону ташкилотҳои башардӯстонаи ҷаҳонӣ амал накардаем, коре, ки Туркия ҳоло дар Сурия анҷом медиҳад, ба хотири арзишҳои инсонӣ аст, на чизи дигар. Ба ғайр аз ин, Туркия ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки дар марзи кишвараш давлати террористӣ бунёд гардад,  - таъкид дошт Алӣ Рифат Кёксол.

   Бояд қайд намуд, ки Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Ҷумҳурии Туркия  рӯзи гузашта, 10.10.2019 гуфт, ки агар роҳбарони кишварҳои аврупоӣ амалиёти Туркияро дар қаламрави Сурияро "таҷовуз" бихонанд, ӯ омода аст марзро ба рӯи 3,6 миллион паноҳанда боз намуда, онҳоро равонаи Аврупо кунад.

СССР

 

Чоршанбе, Окт 09 2019

Владимир Путин-президенти Русия гирифтани шаҳрвандиро барои шаҳрвандони хориҷии дорои маълумоти олӣ ва ҷои кор, осон кард. Тибқи қарори Путин, муҳлати таҷрибаи корӣ барои гирифтани шаҳрвандии Русия барои шаҳрвандони хориҷии соҳиби маълумоти олӣ, аз 3 ба 1 сол поин бурда шуд. Навгонӣ, аллакай аз 2.10.2019 мавриди амал қарор гирифт.

 

Ҷумъа, Окт 04 2019

    Ноҳияҳои Дарвоз, Мурғоб ва Шуғнони ВМКБ дар рӯзи якуми даъвати тирамоҳӣ-1.10.2019 нақшаи даъватро пурра иҷро намуданд.

    Тавре котиби матбуотии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ғолиб Ниятбеков хабар медиҳад, нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ дар ноҳияҳои Дарвоз, Шуғнон ва Мурғоби вилоят 100%  иҷро шуда, ҳоло ҷавонписарони зиёде аз ш.Хоруғ, ноҳияҳои Ванҷу Ишкошим ва Рӯшону Роштқалъа ба комиссариатҳои шаҳриву ноҳиявӣ ҳозир шуда, итминон аст, ки ин навбат ҳам нақша пеш аз мӯҳлат иҷро гардад.

 

Чоршанбе, Окт 02 2019

-Мардаш хизмат мекунад, йигит писари ман. Оши Панҷакента хӯр, бачам... ин нидои 1 лӯлизан буд, ки писарашро ба хизмати аскарӣ гусел менамуд.

Аввалин гусели даъватшавандаҳо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, имрӯз аз ш.Панҷакент бо шумори ҳудуди 100 нафар ихтиёриён сурат гирифт. Дар чорабинии фарҳангӣ волидони даъватшавандаҳо, донишҷӯёни макотиби олию касбӣ, хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ширкат намуданд.  Раиси ш.Панҷакент Ислом Зиёзода зимни баромади хеш гуфт, ки имрӯз бояд ҷавонон содиқона ба ватану миллат хизмат намоянд. Ӯ ба ҷавонони панҷакентӣ дар адои хизмат барору бурдборӣ таманно намуд. Барои даъватшавандаҳо ва падару модарони онҳо хони идона ороста шуда ҳамзамон чорабиниҳои фарҳангӣ дар тарабхонаи «Дурахшон» идома ёфт.

Хуршед Фозилов,

СССР, Панҷакент

 

Чоршанбе, Окт 02 2019

    Шаҳри Исфара нақшаи даъвати наваскарони тирамоҳиро дар рӯзи аввали даъват 100% иҷро намуд. Бояд гуфт, ки чунин натиҷа бори нахуст дар таърихи ин шаҳр пас аз даст омадани Истиқлолияти давлатӣ сурат гирифта, 260 нафар ҷавонони шуҷоъу матин ва қавиирода аз ин сарзамин бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ва хизмати Ватан пайвастанд.

   Тавре ба мухбири СССР Иқбол Илёсзода, котиби матбуотии раиси ш. Исфара хабр дод, дар рӯзи аввали сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ 32 нафар ҷавонони шуҷоатманду ватандӯсти деҳаи Ворухи ш.Исфара ба ҳифзу ҳимояи Ватани азиз ва хоку марзу буми аҷдодии хеш камари ҷавонмардӣ бастанд. Мувофиқи иттилои расида, теъдоди ҷавонбачаҳои ворухӣ, ки ба сафи Артиши миллӣ равонаанд, аз 40 нафар бештар аст.

 

Чоршанбе, Сен 25 2019

    Субҳи имрӯз раиси ш.Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо иқдоми наҷиб ва ғайричашмдошт 1 гуруҳ шаҳрвандони касбу кори гуногунро бо Рӯзи шаҳр табрик намуда, ба онҳо гулдаста ва маблағҳои пулӣ тақдим кард.

   Тавре маркази матбуоти раиси ш.Хуҷанд хабар медиҳад, рӯбандаи комбинати ободонии шаҳр, корманди корхонаи нақлиёти санитарии шаҳр, хонандаи МТМУ №12, донишҷӯйи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, духтури беморхонаи шаҳрии №1, тарбиятгирандагони муассисаи томактабии №33-и шаҳр аз дидори ғайричашмдошти субҳгоҳона бо шаҳрдор ва табрикоти бевоситаи раиси ш.Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба муносибати Рӯзи шаҳр ба ваҷд омада, миннатдории самимонаи хешро изҳор доштанд.

    Маъруф Муҳаммадзода ашхоси касбу кори гуногунро бо Рӯзи шаҳр табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки Хуҷанди бостонӣ аз қадимтарин даврони таърихӣ ҳамчун мазҳари 1 фарҳанги нерӯманд, зодгоҳи ҳунармандиву саънати муътабар, ҳавзаи пурбори адабиёти тоҷик ва сарзамини меваҳои хубу ҷойгоҳи зуҳури обу ҳавои хуш муаррифӣ ва шинохта гардида, дар дарозои ин таърихи куҳан афрод ва ашхоси муътабаре чун олимону шоирон, ҳунармандону косибон, санъатварону ходимони барҷастаи таърихиву сиёсӣ дар домани он ба камол расонидааст.

 

саҳ 9 аз 79

Китобҳо

Flag Counter