ХАБАРИ ДОҒ

 

   Дар даврони советӣ бахшида ба аз чоп баромадани рӯзномаи “Правда” ( 5 – майи соли 1912) иди матбуот ҷашн гирифта мешуд. Ин рӯзро дар сатҳи мамлакати Советҳо ба таври тантанавор ҳамаи матбуотчиён ҷашн мегирифтанд. Рӯзномаҳои ноҳиявӣ, ки органи комитети партиявӣ ва комиҷроия буданд, дар асоси супориши комитети партиявӣ (райком) ин рӯзро бо тайёрии пухтаи сиёсӣ пешвоз мегирифтанд. Шумораи идона бахшида ба рӯзи матбуот рангоранг пешниҳоди хонанда мегардид. Кумитаи физкултура ва варзиши ноҳия дар бораи гузаронидани дав супориш мегирифт ва байни варзишгарони ташкилоту муассисаҳо мусобиқа баргузор мешуд. Кадом командае, ки аввалин шуда ба марра мерасид, соҳиби мукофотҳои таъсиснамудаи кумитаи варзиш ва комитети партиявии ноҳия мегардиданд. Ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои ноҳия рӯзи 5 май газетаҳои девории  худро ба озмуни беҳтарин рӯзнома пешниҳод менамуданд. Шахсони масъул ба мазмуну  мундариҷаи рӯзномаҳои девории пешниҳоднамуда шинос шуда баъдан ҷойҳои ишғолнамудаашон муайян мегардид. Маҷлиси райком бахшида ба рӯзи матбуот, ки гузаронида мешуд ба фаъолияти кории рӯзноманигорон бо иштироки роҳбарони муассисаю ташкилотҳо, мухбирони коргару деҳқон ба таври тантанавӣ таҷлил ва ҷамъбаст мегардид.

    Баъди  соҳибистиқлол шудан дар аксари рӯзномаҳо ба мухбирони коргару деҳқон, муаллифон ҳаққи қалам  намедиҳанд, баъзе рӯзномаҳо дар 1 ҳафта ба ҷойи 3 маротиба моҳнома шуда, аз ҷоп мебароянд. Анъанаҳои давраи советӣ аз байн рафтанд, вале анъанаҳои давраи соҳибистиқлолӣ оммавӣ нашудаанд. Ҳар сол ба журналистон мукофоти ба номи А.Лоҳутӣ, ба номи А.Воҳидов дода мешавад. Вале дар байни мукофотонидашудагон ягон журналисти музофотӣ дида намешавад ва агар бошад ҳам ангуштшуморанд. Дар маҳалҳо журналистон ба шартҳои пешниҳод намудаи барои мукофотонидан шинос нестанд. Имрӯз лозим аст, ки таҷрибаи гузаштагонро омӯзем ва Иттифоқи журналистони ҷумҳуриро лозим аст, ки нишони сарисинагии журналистонро аз нав эҳё намояд ва журналистони музофотӣ аз пешниҳод шудан ба мукофотҳо дур намонанд.

З.Ҳусейнов,

Собиқадори журналистика, деҳаи Гулибодом, н.Ёвон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter