ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Апр 08 2016

Қурбонзода Азизулло-сардори шӯъбаи тафтишоти Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вил.Хатлон ба СССР хабар дод, ки Мирзоев Ю.С. раиси ҷамоати деҳоти Арали н.А.Ҷоми аз шаҳрванд Шарипов Ш.Р. сокини ҳамин ноҳия, ҷамоати деҳоти Арал, д.Ленинизм барои дар руйхати эҳтиёҷмандон дохил намудани ӯ ва дар оянда бо мақсади аз ҳудуди заминҳои д.Ленинизм ҷудо карда додани 0,06 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ бо роҳи фиреб маблағи 2500 доллари ИМА талаб карда, дар бинои ҷ/д-и зикршуда аз маблағи талабкардааш 2000 доллари ИМА гирифта, онро аз худ намуда ба манфиати шахсиаш сарф кардааст. Раиси суди н.А.Ҷоми Баҳодурзода.А нисбати Мирзоев Юсуф бо моддаи 247, қисми 3, банди (а)  КҶ ҶТ ҷарима ба 950 нишондиҳанда, яъне 38.000 сомони ҷарима таъин карда, ҳамзамон аз вазифаи ишғолкардааш ба муҳлати 3 сол озод карда шуданд.

Баҳодур Уроқов СССР

 

Панҷшанбе, Апр 07 2016

Нуралиев Ҳусейн Заурович -21.05 соли 1996 таваллудаш, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Вахш ҷамоати шаҳраки Вахш кучаи Б.Ғафуров

Чоршанбе, Апр 06 2016

Рӯзи шанбеи 2 апрел дар Вазорати корҳои дохилии ҶТ бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи роҳбари ин ниҳоди қудратӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода маҳфили ёдбуди собиқ кормандони фавтидаи мақомоти корҳои дохилии мамлакат баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ, собиқадорони мақомот, кормандони ғайриштатӣ, дружиначиёни ихтиёрӣ, хешу табору наздикони кормандони фавтида ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.

Чоршанбе, Апр 06 2016

Аз раёсати фарҳанги вилояти хатлон имрӯз 5 апрел ба хабарнигор СССР гуфт,ки боздошти Насриддин Каримов, директори осорхонаро тасдиқ карда гуфтанд, ки ӯро пеш аз иди Наврӯз қаридаанд, лек аз гуфтани тафсилоти бештар худдорӣ карданд.

Сешанбе, Апр 05 2016

Кормандони БДА-и шаҳри Қӯрғонтеппа ҳангоми гузаронидани 1 рейди махсус дар кӯчаҳои шаҳр шаҳрванд Шоев Шарифхон Сулаймоновичро боздошт намуданд, ки худ корманди шӯъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ буда бо сӯистифода аз мансабу вазифа ба автомашинаи шахсии хеш ба таври ғайриқонунӣ «сирена» насб кардааст.

Душанбе, Апр 04 2016

Ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлони кишвар нақшаи даъвати баҳории наваскаронро дар рӯзи якуми даъват – 1 апрел дар ҷумҳурӣ аввалин шуда пурра иҷро намуд. 

саҳ 80 аз 83

Китобҳо

Flag Counter