Қурбонзода Азизулло-сардори шӯъбаи тафтишоти Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вил.Хатлон ба СССР хабар дод, ки Мирзоев Ю.С. раиси ҷамоати деҳоти Арали н.А.Ҷоми аз шаҳрванд Шарипов Ш.Р. сокини ҳамин ноҳия, ҷамоати деҳоти Арал, д.Ленинизм барои дар руйхати эҳтиёҷмандон дохил намудани ӯ ва дар оянда бо мақсади аз ҳудуди заминҳои д.Ленинизм ҷудо карда додани 0,06 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ бо роҳи фиреб маблағи 2500 доллари ИМА талаб карда, дар бинои ҷ/д-и зикршуда аз маблағи талабкардааш 2000 доллари ИМА гирифта, онро аз худ намуда ба манфиати шахсиаш сарф кардааст. Раиси суди н.А.Ҷоми Баҳодурзода.А нисбати Мирзоев Юсуф бо моддаи 247, қисми 3, банди (а) КҶ ҶТ ҷарима ба 950 нишондиҳанда, яъне 38.000 сомони ҷарима таъин карда, ҳамзамон аз вазифаи ишғолкардааш ба муҳлати 3 сол озод карда шуданд.
Баҳодур Уроқов СССР