Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи иқдомҳои cозандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» (15.10.2018) оид ба ҷалби бештари бонувон ба муассисаҳои низоми бонкӣ, хосса, ба вазифаҳои масъулияти моддидошта як қатор тадбирҳоро ба роҳ мондааст. Боиси тазаккур аст, ки дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии ҶТ (аз 22.12.2016) бо дарназардошти хизматҳои арзандаи занону духтарон дар таъмин ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд пешниҳод карданд, ки ҷалби занону духтарон ба кор дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ бештар гардонида шавад, то ки дар ин сохторҳо низому тартиботи кор боз ҳам тақвият ёбад. Мақсади пешниҳод ба хотири он буд, ки дар оянда аз нерӯи созандаи бонувону духтарон боз ҳам бештар истифода бурда, ба амалӣ гардидани ташаббусҳои онҳо мусоидат намоем. Зеро дар мавриди сиёсати гендерӣ Ҳукумат ҳамеша ҷонибдори ибтикороти занону духтарон аст ва онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад. Ҳоло дар кишвари мо имконият фароҳам оварда шудааст, ки занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа баробари мардон ширкати бевосита ва фаъол дошта бошанд, аз ҷумла дар низоми бонкии кишвар барои рушду нумӯи бонувон мутахассисон диққати ҷиддӣ дода мешавад. Махсусан дар ҷавоб ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат шумораи занон дар низоми бонкӣ меафзояд ва ба ҳолати 1.10.2018 шумораи умумии кормандон аз ҳисоби бонувон дар низоми бонкии мамлакат 5232 нафарро бонувон ташкил медиҳанд. Ба ибораи дигар, вазни қиёсии бонувон дар ҳайати умумии кормандони бахши бонкӣ дар интиҳои семоҳаи сеюми с.2018 32,3%-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи с.2017 тамоиюли афзоиш дорад (0,4%).
Дар баробари ин, бо ҳамовозӣ ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар масъалаи дастгирии занону духтарон метавон гуфт, ки дар БМТ занон аз корманди оддӣ, то ба вазифаҳои пурмасъули Муовини Раис, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, ҳайати хизматрасон мақому мартаба доранд, ки аз фаъолияти самараноки онҳо дар низоми бонкии мамлакат гувоҳӣ медиҳад. Агар амиқтар ба таркиби ҳайати кормандон назар андозем, мебинем, ки ба санаи 1.11.2018 занон аз ҳисоби умумии кормандон дар низоми БМТ 247 нафар ё 30%-ро ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 36 нафар (25%) дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият карда, 4 нафар дорои унвони илмӣ - номзади илм ва 1 нафар доктори илм (PhD) мебошанд. Дар баробари ин, бо мақсади иҷрои супориши Протоколии маҷлиси Ҳукумати ҶТ №6 аз 29.04.2016 доир ба ҷобаҷогузории кадрҳои болаёқат, поквиҷдон, масъулиятшинос, пеш аз ҳама аз ҳисоби занҳо ба вазифаи сармуҳосиб, хазинадор ва дигар вазифаҳои дорои масъулияти моддидошта бояд тазаккур дод, ки дар БМТ Шуъбаи хизматрасонии хазинавӣ чунин хусусияти корӣ дошта, бевосита ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ хизмат мерасонад. Бо мақсади татбиқи дастури мазкур, як нафар зан ба вазифаи сардори Шуъбаи хизматрасонии хазинавӣ таъин шуда, ҳайати умумии кормандони шуъбаи мазкур аз ҳисоби бонувон (4 нафар) таъин гардиданд, инчунин ба вазифаҳои масъули ҳисобдорӣ ва хоҷагидорӣ чанд нафари дигар аз ҳисоби бонувон ҷалб карда шуданд, ки пурсамар фаъолият карда истодаанд. Дар баробари ин, БМТ ба масъалаи бо кор таъмин намудани занҳо дар ташкилотҳои қарзӣ, махсусан дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.
Қадрдонии бонувон аз ҷониби роҳбарият
Айёми соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва рӯзгори пурфайзи давлатдории миллӣ ба зиммаи занону духтарон масъулияти боз ҳам бештар вогузор мекунад. Яъне, зарур аст, ки занону духтарон дар баробари ободонии мамлакат ва таъмини дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии он бо кору амали шоиста ва ахлоқи ҳамидаи худ дар амри боло бурдани сатҳи маънавии аҳли ҷомеа саҳмгузор бошанд. Аз ин рӯ, Роҳбарияти БМТ ҳамеша фаъолияти пурсамари кормандон, аз ҷумла бонувонро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, мунтазам дар ҷашну идҳо меҳнати онҳоро қадрдонӣ мекунад. Аз ҷумла, бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ 39 нафар кормандони БМТ барои хизмати шоиста ва саҳми арзанда дар фаъолияти низоми бонкӣ бо Ифтихорномаҳои БМТ сарфароз шуданд, ки аз онҳо 19 нафарашон занҳо мебошанд. Анъанаи мазкур дар БМТ доимӣ сурат мегирад. Дар баробари ин, бояд қайд кард, ки барои фаъолияти пурсамар ва бовиҷдонона, собиқаи бардавоми корӣ, саҳми арзанда дар рушди инкишофи низоми бонкӣ тайи солҳои охир 7 нафар бонувон бо нишони сарисинагии “Аълочии Бонки миллии Тоҷикистон” сарфароз шудаанд.
Фарҳангу арзишҳои миллӣ –либоси ягона
Бо мақсади фаъол намудани нақши бонувон дар соҳаи бонкӣ, пешбурди корҳои таблиғотӣ оид ба ривоҷ додани фарҳангу арзишҳои миллӣ аз ҷумла тарзи пӯшидани либос дар ҷои кор, одоби муошират ва ғайра Шӯрои бонувони БМТ фаъолият дорад. Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи либоси ягона, Комиссия ташкил ва таҳияи либоси ягона барои бонувони БМТ таъсис дода шуд. Бо фармони Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода аз 1.09.2018 барои бонувони БМТ либоси ягона ҷорӣ карда шуд. Дар ҳайати Комиссияи махсус роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва мутахассисон шомил буда, роҳбарии он ба дӯши муовини Раис вогузор шуд. Дар баробари ин, роҳбарияти БМТ барои баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон аз ҳисоби занон, таълим ва такмили ихтисоси онҳо дар семинару курсҳое, ки дар дохил ва хориҷи кишвар баргузор мегарданд, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад. Бо ин мақсад ҳар сол барномаи мақсадноки таълим ва такмили ихтисоси кормандон таҳия ва амалӣ карда мешавад. Ҳамзамон барои баланд бардоштани сатхи тахассусии кадрҳо аз ҳисоби занон дар 10 моҳи с.2018 66 нафар занҳо-мутахассисони БМТ ба таълим ва такмили ихтисос фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора 23 нафар мутахассис дар хориҷи кишар ва 43 нафар мутахассис дар курсҳои назди БМТ ширкат карданд.
Дастгирии бонувони соҳибкор
Мо, имрӯз ифтихор аз он дорем, ки дар кишварамон занон дар баробари мардон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба фаъолияти пурсамар машғуланд ва барои таҳкими дастовардҳои Истиқлолият ва бунёди давлатдории миллӣ саҳми сазовор мегузоранд. Бонувони БМТ дар баробари бонувони вазорату идораҳои дигар дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар фаъолона ширкат варзида, дар бисёр чорабиниҳои ҳукуматӣ фаъолона ширкат меварзанд. Ин нукта ҳам шоистаи зикр аст, ки бо дастгирии Роҳбарияти БМТ дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори “Кадбону” дар БМТ дар мавзӯи “Нақши бонкҳо дар беҳтар намудани маблағгузории соҳибкории занон” бо иштироки бештар аз 70 бонувони соҳибкор чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд. Мақсад аз ҷамъ овардани бонувони соҳибкор дар як мизи гирд дар рӯ ба рӯи ташкилотҳои қарзӣ аз он иборат буд, ки занони соҳибкор масоили маблағгузориро ба соҳибкории хурду миёна бо намояндагони ташкилотҳои қарзӣ баррасӣ намоянд ва ҳамкориро дар оянда боз ҳам таҳким бахшанд.
Бояд гуфт, соҳибкорӣ дар кишвар яке аз омилҳои мусоидаткунанда ба вусъатёбии бахши воқеии иқтисодиёт, таҳкими иқтидори содиротии кишвар, паст намудани сатҳи бекорӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ба ҳисоб меравад. Қарздиҳии хурд дар кишвар яке аз самтҳои асосии дастгирии соҳибкории хурду миёна ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ ба шумор меравад, ки баҳри инкишоф додани он низоми бонкии кишвар тамоми имкониятҳои мавҷудаи худро равона месозад. Қарзҳои хурди додашуда дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 3 488,6 млн. сомониро ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб, ҳиссаи қарзҳои хурди додашуда ба занони соҳибкори кишвар бошад 20,3% рост омада, маблағи 707,0 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 64,3 млн. сомонӣ зиёд аст. Афзоиши қарзҳои хурди додашуда ба занони соҳибкор асосан ба вилояти Суғд 428,4 млн, ш.Душанбе 229,4 млн. сомонӣ, вилояти Хатлон 21,2 млн. сомонӣ, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 12,3 млн. сомонӣ, ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ 13,5 млн. сомонӣ ва водии Рашт 2,3 млн. сомонӣ рост меояд. БМТ баҳри таъмини рушди босуботи соҳаи соҳибкории иқтисодиёти кишвар дар доираи салоҳияти худ тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода бурда истодааст.
Таъмини волоияти қонунгузорӣ
Бо иқдоми Роҳбарияти БМТ дар БМТ ба таври мунтазам мулоқоту вохӯриҳо бо бонувон дар мавзӯъҳои муҳими рӯз бо намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ баргузор карда мешавад. Аз ҷумла, ҳангоми баррасии Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” бобати саҳми занону модарон дар таълиму тарбияи фарзандон, аз ҷумла, роҳ надодан ба тақлидкории бонувон ба фарҳангу либоспӯшиҳои бегона ва пешгирии майли ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи муносибати хубу ҳамдигарфаҳмӣ, ватандӯстӣ ва зоҳир намудани ғамхорӣ нисбати аъзоёни оила таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Саҳмгузории бонувон барои оянда
Имрӯз Ҳукумати ҶТ бо дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи таҳкими мақом ва таъмини ҳуқуқи конститутсионии занон пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад ва ин тадбирҳо зина ба зина мутобиқ ба меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегарданд. Бояд гуфт, ки саҳми занону духтарон дар фаъолияти бонкдории мамлакат имрӯз шоиста арзёбӣ мешавад. Меҳнати софдилонаи занону духтарони мо дар БМТ ҳамеша дар мадди назари роҳбарият қарор дорад ва дастовардҳои назарраси онҳо қадршиносӣ карда мешавад. Умедворем, занони мо минбаъд низ дар баробари тарбияи фарзанд, тарғиби одобу ахлоқ, арзишҳо ва дигар муқаддасоти миллӣ, ҳамчунин дар пешбурди низоми бонкдории мамлакат, боло рафтани эътимоду боварии мардуми кишвар ба низоми бонкӣ ва муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ ва эҳтирому арзишҳои миллӣ бештар саҳм хоҳанд гузошт.
М.Ҳасанова,
cардори Шуъбаи матбуоти БМТ
Бонки Рушди Осиё тасмим гирифтааст барои барқароркунии Системаи энергетики Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Системаи Осиёи Марказии энергетикӣ ба воситаи барқарорсозии системаи мазкур бо кишвари Ӯзбекистон $35 миллион ҷудо намояд.
Чуноне ки ба мухбири СССР дар намояндагии бонки БРО дар ҶТ хабар доданд, ин амал барои харидуфурӯши қувваи барқ дар минтақа шароити лозима фароҳам оварда, самаранок истифодаи шудани он дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, хосса ЦАРЭС- Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.
Бояд хотиррасон шуд, ки самаранокии ин система аз 9.11.2009 пас аз Системаи ягонаи энергетики минтақа баромадани системаи энергетии Ҷумҳурии Ӯзбекистон коҳиш ёфта, ҳоло бо роҳандозии ин лоиҳа умед аст, ки фаъолияти он дубора ба роҳ монда шуда, барои содироти нерӯи барқ аз минтақа ба кишварҳои дигар фоидаовар хоҳад шуд.
СССР
Замоне ки филиали Ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз» (IRS) дар Тоҷикистон дар асоси шартномаи консесионӣ бо Ҳукумати ҶТ нигоҳдории шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанокро ба уҳда гирифт, буданд нафароне, ки изҳори норозигӣ мекарданд. Зеро барои гузариши автомобилҳо вобаста ба категорияашон маблағ ситонида мешуд ва мардум гумон мекарданд, ки он ба болоравии роҳкиро сабаб мегардад. Албатта, ин як раванди табиӣ буд, зеро он вақт ҳанӯз моҳияти пулакӣ шудани роҳро мардум хуб дарк накарда буданд. Хушбахтона, бо гузашти вақт сафи норозиён на танҳо коста гардид, балки қариб аз байн рафту ҳоло мардум аз фаъолияти филиали ин Ширкат изҳори қаноатмандӣ менамоянд.
Роҳи мавриди назар, ки аз минтақаҳои кӯҳӣ мегузарад, қаблан дар фасли зимистон барфи зиёд боридаву тармаҳои азим фаромада онро банд мекард. Борҳо шоҳид будем, ки дар чунин ҳолатҳо «IRS» дар муддати кӯтоҳтарин ҳаракатро дар роҳ таъмин кардааст. Муҳимтар аз ҳама, пулакӣ шудани роҳ нархи роҳкироро на афзоиш, балки коҳиш дод. Бо роҳкирое, ки имрӯз ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафар мекунед, пеш аз «пулакӣ» шудани роҳ сафар кардан ғайриимкон буд. Дар баробари нигаҳдории роҳ Ширкат, ҳамчунин корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонии худро дорад. Корхонаҳои қуму сангреза ва истеҳсоли асфалт бо сармоягузории Ширкат таъсис ёфтаву алъон фаъолияти пурмаҳсул доранд. Дар ин матлаб тасмим гирифтем, ки фаъолияти Намояндагии «IRS» дар минтақаи Зарафшонро ба риштаи таҳлил кашем. Намояндагии фавқ аз 1.08.2011 фаъолият дошта, нигоҳдории 86,966 км роҳ, аз ҷумла, 5,253 км нақби Шаҳристонро амалӣ мекунад. Соле пеш дар н.Айнӣ филиали Ширкат заводи асфалт мавриди истифода қарор гирифт, ки дар баробари қонеъ сохтани эҳтиёҷоти ширкат, ҳамчунин минтақаро бо асфалт, қуму сангреза таъмин мекунад. Иқтидори корхона дар 1 соат мутаносибан 70 тонна асфалт ва 38 тонна қуму сангреза аст. Соли 2017 завод 27164 тонна асфалт истеҳсол кардааст, ки 26935 тоннааш барои таъмири роҳи зери Душанбе-Чанок истифода шуд. Дар ин баробар ба фаъолият шурӯъ кардани заводи мазкур аз лиҳози ҳифзи муҳити зист низ манфиатовар аст. Зеро то ба фаъолият оғоз кардани он мардуми деҳаҳои атроф қуму сангрезаро аз ҳар ҷой мегирифтанд, ки дар натиҷа таъсири манфӣ ба табиат мерасид. Пас аз он ки заводи асфалти «IRS» ба фаъолият шурӯъ кард, мушкилот то андозае аз байн рафт.
Техникаву механизмҳои филиали Ширкат, ки теъдодашон 181 ададро ташкил медиҳад, роҳсозии замонавии Ширкат имкон фароҳам оварданд, ки мушкилоти дар роҳ бавуҷудомада дар муддати кӯтоҳ бартараф карда шавад. Ба ибораи дигар, филиали Ширкат дар давоми фаъолият аз имтиҳонҳои ҷиддӣ гузаштааст. Зеро дар муқоиса ба дигар роҳҳои ҷумҳурӣ, ки нигаҳдориашон ба зиммаи муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо гузошта шудааст, роҳи Душанбе-Чанок аз офатҳои табиӣ зиёд осебпазир аст. Дар давоми чанд соли охир бо вуҷуди лағжиши кӯҳпора ва фаромадани тармаҳои бузург баста нашудани роҳ дар муқоиса ба солҳои пеш қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш аст. Худ қазоват кунед, ки барои нигаҳдории 86,996 км роҳ (манзур намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон) 41 техникаву механизми роҳсозӣ сафарбар шудааст. Аммо дар мувозинаи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои н.Айнӣ ҳамагӣ чанд техника мавҷуд аст, ки дар давоми сол шояд ҳамагӣ 3-4 маротиба истифода мешаванду халос ва боқимондаи рӯзҳо, бинобар набуди сӯзишворӣ, дар канори роҳ «хоб» мекунанд. Аз ин ҷост, ки роҳҳои дар тавозуни муассисаи мазкур хароб буда, умуман ба талабот ҷавобгӯ нест. Чунин тарзи корро дида, мардум аз фаъолияти филиали Ширкати «IRS» изҳори қаноатмандӣ мекунанд, зеро бо чунин фаъолияти Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои н.Айнӣ шояд шоҳроҳи байналмилалии зикршуда кайҳо хароб мегардид…
Дар баробари тоза нигоҳ доштани роҳ Ширкат, ҳамчунин нисбат ба автомобилҳои дар роҳ дармонда ва ба садама дучоршуда низ бетаваҷҷуҳ нест. Хусусан, ҳангоми ба садама дучор шудан бо истифода аз техникаҳои махсус ҳатман онро ба макони лозимӣ мерасонанд. Нависандаи ин сатрҳо ба чунин ҳолат мувоҷеҳ шуда будам. Соле пеш, дар километри 69 ба садама дучор шуда, бидуни техникаи махсус интиқоли автомобил ғайриимкон буд. Ҳангоме ки бо ин мушкилот ба намояндагони филиали Ширкати «IRS» Тоҷикистон муроҷиат намудам, кормандони он бо дарки масъулият ва муносибати самимона автомобили маро то ш.Душанбе оварданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки чунин корро ҳар сол кормандони Ширкат даҳҳо маротиба иҷро мекунанд. Фаъолияти филиали Ширкати «IRS» дар Тоҷикистон нишон дод, ки дер ё зуд бояд чунин таҷриба дар роҳҳои дигари ҷумҳурӣ низ амалӣ карда шавад. Ба касе пӯшида нест, ки барои таъмири куллӣ ва ё сохтмони роҳ садҳо миллион доллари ИМА маблағ лозим аст ва Ҳукумати Тоҷикистон, новобаста аз имкониятҳои маҳдуди молиявӣ, дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ роҳҳои тамоми минтақаҳои кишварро азнавсозӣ ва ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ намуд. Бо фаъолияти ғайриқаноатбахши муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо наметавон роҳҳоро дар сатҳу сифати хуб нигоҳ дошт. Аз ин рӯ, вобаста кардани роҳҳо ба ширкатҳое, мисли «IRS», талаби замон аст.
Шариф Атобуллоев,
журналист
Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҶТ озмуни Хазинаи сафир оид ба ҳифзи мероси фарҳангиро барои соли 2019 (ХСҲМФ) кушода эълон менамояд. Аз довталабон талаб карда мешавад, ки аввал консепсияи лоиҳаро дар 2 саҳифа пешниҳод кунанд. Пас аз интихоби консепсияҳои беҳтарин, аз довталабони интихобшуда хоҳиш карда мешавад, ки лоиҳаи худро ба таври пурра пешниҳод намоянд. ХСҲМФ барномаҳоро аз қабили барқарор намудани иморатҳои бостонӣ ва таърихӣ, арзёбӣ ва ҳифзи дастнависҳои нодир ва нигораҳои осорхонаҳо, нигоҳ доштан ва ҳифз намудани мавзеҳои муҳими бостонӣ, сабту хуҷҷатгузорӣ намудани технологияи ҳунарҳои миллӣ ва забонҳои маҳаллӣ, ки зери хатари нестшавӣ қарор гирифтаанд дастгирӣ менамояд.
Чуноне ки ба мухбири мо дар маркази матбуоти сафорати ИМА дар ҶТ хабар доданд, Хазинаи сафирон оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ дар соли 2001 ҷиҳати нигоҳ доштани мероси фарҳангӣ ва изҳор намудани эҳтироми ИМА нисбат ба фарҳангҳои ғайр таъсис дода шудааст. Мероси фарҳангӣ нишонаест аз саҳмгузорӣ ва таҷрибаи таърихии башарият. То ба имрӯз сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таввасути гранти ХСҲМФ 17 барномаро дар Тоҷикистон ба маблағи 619,658 доллари амрикоӣ дастгирӣ намудааст.
Барои гирифтани маълумоти муффасал, лутфан, аз сомонаи https://goo.gl/h7ChY1 истифода баред.
Мӯҳлати охирини супоридани ҳуҷҷатҳо 26 ноябри соли 2018 мебошад.
Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе бо 1 қарори вежаи худ, ки ба тақвият бахшидани фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои хусусигарднидашудаи пойтахт равона шудааст, бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои хусусигардонидашудаи ш.Душанбе ҷиҳати таъмин намудани талаботи ниёзи мардум бо молҳои ватанӣ, кор ва хизматрасонӣ гурӯҳи корӣ таъсис додааст.
Гуфта мешавад, ки гурӯҳи корӣ вазифадор аст, ки ҷиҳати таҳлили вазъи фаъолият ва ба кор даровардани корхонаҳои хусусигардонидашудаи ш. Душанбе, инчунин ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ чораҳои амалӣ андешида, ба роҳбарони корхонаҳои хусусигардонидашудаи пойтахт ҷиҳати барқарор ва тибқи таъинот истифода бурдани корхонаҳои зикргардида, инчунин мувофиқи мақсад истифода бурдани қитъаҳои замини ба онҳо вобасташуда огоҳнома оиди дар муддати 6 моҳ (то 1 апрели соли 2019) ислоҳ кардани камбудиҳо исрол намоянд.
Дар сурати барқарор накардани фаъолияти корхона ва мувофиқи мақсад истифода набурдани қитъаҳои замини ба онҳо вобасташуда масъалаи ба манфиати давлат бозпас баргардонидани корхона ва қитъаи заминро дар асоси талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Ҷиҳати амалӣ гардонидани дастуру супоришҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ, Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати мутавозуни пулию қарзиро вобаста ба бартараф намудани таъсири буҳрони молиявию ҷаҳонӣ ва таъмини рушди устувори низоми бонкии кишвар татбиқ намуда истодааст. БМТ тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду тараққиёти иқтисодиёт ва пешрафти соҳаи бонкдорӣ як қатор тадбирҳоро амалӣ менамояд, ки рушди ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ яке аз самтҳои муҳим маҳсуб меёбад. Тавре дар Паёми навбатии Пешвои миллат таъкид шуд, “бо мақсади танзими хизматрасониҳои пардохтӣ, осон ва шаффоф гардонидани амалиёт, кам намудани истифодаи пули нақд дар муомилот ва вусъат бахшидани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд”.
Дар такя ба дастуру супоришҳои дар Паём ироашуда БМТ бо мақсади пурзӯр намудани назорати татбиқи Стратегияи рушди низоми пардохт, доир ба насби терминалҳои пардохтӣ ва истифодаи васеи кортҳо як қатор тадбирҳои судмандро амалӣ намуд. Бояд гуфт, ки ин иқдом дар навбати худ ба вусъат бахшидани рушди иқтисодиёт ва беҳтар гаштани сатҳу сифати хизматрасониҳои молиявию бонкӣ беш аз пеш мусоидат менамояд. Боиси тазаккур аст, ки бо мақсади назорати иҷрои қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014, №815 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ” дар доираи фаъолияти Ҳайати муштараки корӣ бо иштироки кормандони Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ ва БМТ як қатор чораҳои судманд андешида шуда истодааст. Аз ҷумла, аз ҷониби Ҳайати муштараки корӣ дар шаҳри Душанбе фаъолияти муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ҷиҳати насби терминалҳои электронӣ ва қабули кортҳои пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо санҷида шуда, аз 295 адад муассисаҳои савдою хизматрасонӣ дида баромада шуд. Ба теъдоди муайяни ин муассисаҳо барои насб кардани терминалҳои электронӣ дар муҳлати муқарраргардида дастур дода шуд.
Бо мақсади ташкил кардани фазои мусоид барои рушди низоми пардохтӣ ва зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар асоси супориши Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид дар Бонки миллии Тоҷикистон Гурӯҳи кории байниидоравӣ бо иштироки Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ ва вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ созмон дода шудааст. Дар доираи фаъолияти Гурӯҳи корӣ масъалаҳои рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва мушкилиҳои ҷойдошта дар ин самт муҳокима гардида, дар натиҷа лоиҳаи қарори Ҳукумати ҶТ “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” таҳия карда шуд. Тибқи лоиҳаи қарори мазкур вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои давлатие, ки хизматрасониҳои пулакиро ба аҳолӣ пешниҳод мекунанд, вазифадор карда мешаванд, ки дар баробари ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ, ба таври ҳатмӣ қабули ҳаққи ҳама намуди хизматрасониҳоро аз аҳолӣ бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ба таври ғайринақдӣ таъмин намоянд.
Ба маълумотҳои оморӣ назар кунем, ба санаи 1.09.2018 миқдори умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби 17 ташкилоти қарзии ватанӣ ба муомилот баровардашуда 1 770 819 ададро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,6% (93 123 адад) зиёд аст. Миқдори дорандагони кортҳои пардохтӣ бошад, 1 737 515 нафарро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,1% (84624 нафар) афзуд.
Ба санаи 1.09.2018 дар ҷумҳурӣ шумораи таҷҳизот барои гирифтани пули нақд аз 676 адад банкомат ва 1450 адад терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд иборат буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи банкоматҳо 22 адад кам ва шумораи терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд 72 адад зиёд шудаанд. Дар баробари ин, барои анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонии кишвар дар маҷмӯъ 2 635 адад терминалҳои электронӣ насб карда шуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 62,7 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар моҳҳои январ-августи соли 2018 тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ 13 605,9 ҳаз. амалиёт гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи амалиётҳо 19,3%% зиёд аст. Аз ин миқдор 705,4 ҳаз. амалиёт ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ рост меояд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 55,4% афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон, дар ин давра бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ амалиётҳо ба маблағи 6 602,1 млн. сомонӣ гузаронида шудаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,7% зиёд аст. Аз ин миқдор 316,1 млн. сомонӣ ба амалиётҳои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ рост меояд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,3% афзудааст.
Шумораи умумии суратҳисобҳои бонкии барои мизоҷон дар ташкилотҳои қарзӣ кушодашуда ба санаи 1.09.2018 3 356 583 ададро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,8% коҳиш ёфтааст. Ҳамаи ин рақамҳо шаҳодат аз он доранд, ки тадбирҳои андешидашуда дар ин самт самара медиҳад, бо вуҷуди ин рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар иқтисодиёти кишвар бояд минбаъд низ дар доираи нақшаи пешбинишуда таъмин гардида, кор дар ин самт ҳамаҷониба ба роҳ монда шавад.
Фишанги нави амалиётии сиёсати пулию қарзии БМТ
БМТ баҳри татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ (монетарӣ), танзими ҳадафи амалиётӣ, идоракунии сатҳи пардохтпазирӣ дар низоми бонкӣ ва меъёрҳои кӯтоҳмуддати бозори байнибонкӣ, фишангҳои амалиётии монетариро таҳким мебахшад. Аз ҷумла, бо мақсади зиёд намудани дараҷаи таъсирбахшии фишангҳои монетарӣ ва ҷолибнок намудани шарту услуби анҷомдиҳии амалиётҳои монетарӣ механизми ҷалби амонатҳои кӯтоҳмуддати ташкилотҳои қарзӣ тариқи музоядаҳо ба роҳ монда мешавад. Фишанги монетарии мазкур дар асоси Дастурамали 226 “Дар бораи гузаронидани амалиёти кӯтоҳмуҳлати амонатӣ бо пули миллӣ азҷониби Бонки миллии Тоҷикистон” бо меъёри фоизи ҳадди ақали меъёри бозтамвил ҷамъ 2 б.ф ва ба муҳлати 1 сол амалӣ шуда, музоядаи нахустин 24.10.2018 тариқи низоми электронии ”Thomson Reuters” барпо мешавад. Дар доираи механизми фишанги мазкур ташкилотҳои қарзӣ тавассути иштирок дар музоядаҳои амалиёти амонатии кӯтоҳмуддат метавонанд маблағҳои озоди худро дар БМТ нигоҳ доранд. Дар баробари ин, ҷиҳати вусъат додани амалиётҳои монетарӣ, беҳтар намудани дастрасӣ ба пардохтпазирии кӯтоҳмуддат, ҳавасманд ва фаъол гардонидани ташкилотҳои қарзӣ дар музоядаҳои қарзӣ, минбаъд ҷалби амонатҳои ташкилотҳои қарзӣ дар сурати иштирок дар музоядаҳои қарзии БМТ ҳамчун гарави қарз бо коэффитсиенти пурра ба роҳ монда мешавад.
Лозим ба ёдоварист, ки БМТ бо мақсади дастгирии пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ва таъмини самаранокии сиёсати монетарӣ тибқи таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ амалиётҳои кӯтоҳмуҳлати бозтамвил, аз қабили қарзи шабонарӯзӣ (овернайт), қарзи рӯзона (интрадей), музоядаҳои қарзиро пешниҳод менамояд. Истифодаи фишангҳои амалиётии сиёсати монетарӣ ба ташкилотҳои қарзӣ имкон медиҳад, ки эҳтиёҷоти худро бо қарзҳои кӯтоҳмуҳлати наздик ба меъёри бозтамвил ва бо фоизҳои нисбат ба фоизҳои бозорӣ пасттар қонеъ гардонанд. Ва баръакс, дар ҳолати муваққатан барзиёдии пардохтпазирӣ, ташкилотҳои қарзӣ метавонанд дар амалиёти амонатии шабонарӯзӣ (овернайт) ва музоядаҳои коғазҳои қиматноки БМТ бо меъёри фоизии бо меъёри бозтамвил алоқаманд иштирок намоянд.
Шуъбаи матбуоти БМТ
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар