ХАБАРИ ДОҒ

Рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ - омили рушди иқтисодиёт

  • Панҷшанбе, Нояб 01 2018


Ҷиҳати амалӣ гардонидани дастуру супоришҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ, Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати мутавозуни пулию қарзиро вобаста ба бартараф намудани таъсири буҳрони молиявию ҷаҳонӣ ва таъмини рушди устувори низоми бонкии кишвар татбиқ намуда истодааст. БМТ тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду тараққиёти иқтисодиёт ва пешрафти соҳаи бонкдорӣ як қатор тадбирҳоро амалӣ менамояд, ки рушди ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ яке аз самтҳои муҳим маҳсуб меёбад. Тавре дар Паёми навбатии Пешвои миллат таъкид шуд, “бо мақсади танзими хизматрасониҳои пардохтӣ, осон ва шаффоф гардонидани амалиёт, кам намудани истифодаи пули нақд дар муомилот ва вусъат бахшидани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд”.
Дар такя ба дастуру супоришҳои дар Паём ироашуда БМТ бо мақсади пурзӯр намудани назорати татбиқи Стратегияи рушди низоми пардохт, доир ба насби терминалҳои пардохтӣ ва истифодаи васеи кортҳо як қатор тадбирҳои судмандро амалӣ намуд. Бояд гуфт, ки ин иқдом дар навбати худ ба вусъат бахшидани рушди иқтисодиёт ва беҳтар гаштани сатҳу сифати хизматрасониҳои молиявию бонкӣ беш аз пеш мусоидат менамояд. Боиси тазаккур аст, ки бо мақсади назорати иҷрои қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014, №815 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ” дар доираи фаъолияти Ҳайати муштараки корӣ бо иштироки кормандони Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ ва БМТ як қатор чораҳои судманд андешида шуда истодааст. Аз ҷумла, аз ҷониби Ҳайати муштараки корӣ дар шаҳри Душанбе фаъолияти муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ҷиҳати насби терминалҳои электронӣ ва қабули кортҳои пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо санҷида шуда, аз 295 адад муассисаҳои савдою хизматрасонӣ дида баромада шуд. Ба теъдоди муайяни ин муассисаҳо барои насб кардани терминалҳои электронӣ дар муҳлати муқарраргардида дастур дода шуд.
Бо мақсади ташкил кардани фазои мусоид барои рушди низоми пардохтӣ ва зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар асоси супориши Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид дар Бонки миллии Тоҷикистон Гурӯҳи кории байниидоравӣ бо иштироки Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ ва вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ созмон дода шудааст. Дар доираи фаъолияти Гурӯҳи корӣ масъалаҳои рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва мушкилиҳои ҷойдошта дар ин самт муҳокима гардида, дар натиҷа лоиҳаи қарори Ҳукумати ҶТ “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” таҳия карда шуд. Тибқи лоиҳаи қарори мазкур вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои давлатие, ки хизматрасониҳои пулакиро ба аҳолӣ пешниҳод мекунанд, вазифадор карда мешаванд, ки дар баробари ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ, ба таври ҳатмӣ қабули ҳаққи ҳама намуди хизматрасониҳоро аз аҳолӣ бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ба таври ғайринақдӣ таъмин намоянд.
Ба маълумотҳои оморӣ назар кунем, ба санаи 1.09.2018 миқдори умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби 17 ташкилоти қарзии ватанӣ ба муомилот баровардашуда 1 770 819 ададро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,6% (93 123 адад) зиёд аст. Миқдори дорандагони кортҳои пардохтӣ бошад, 1 737 515 нафарро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,1% (84624 нафар) афзуд.
Ба санаи 1.09.2018 дар ҷумҳурӣ шумораи таҷҳизот барои гирифтани пули нақд аз 676 адад банкомат ва 1450 адад терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд иборат буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи банкоматҳо 22 адад кам ва шумораи терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд 72 адад зиёд шудаанд. Дар баробари ин, барои анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонии кишвар дар маҷмӯъ 2 635 адад терминалҳои электронӣ насб карда шуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 62,7 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар моҳҳои январ-августи соли 2018 тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ 13 605,9 ҳаз. амалиёт гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи амалиётҳо 19,3%% зиёд аст. Аз ин миқдор 705,4 ҳаз. амалиёт ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ рост меояд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 55,4% афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон, дар ин давра бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ амалиётҳо ба маблағи 6 602,1 млн. сомонӣ гузаронида шудаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,7% зиёд аст. Аз ин миқдор 316,1 млн. сомонӣ ба амалиётҳои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ рост меояд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,3% афзудааст.
Шумораи умумии суратҳисобҳои бонкии барои мизоҷон дар ташкилотҳои қарзӣ кушодашуда ба санаи 1.09.2018 3 356 583 ададро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,8% коҳиш ёфтааст. Ҳамаи ин рақамҳо шаҳодат аз он доранд, ки тадбирҳои андешидашуда дар ин самт самара медиҳад, бо вуҷуди ин рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар иқтисодиёти кишвар бояд минбаъд низ дар доираи нақшаи пешбинишуда таъмин гардида, кор дар ин самт ҳамаҷониба ба роҳ монда шавад.

Фишанги нави амалиётии сиёсати пулию қарзии БМТ
БМТ баҳри татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ (монетарӣ), танзими ҳадафи амалиётӣ, идоракунии сатҳи пардохтпазирӣ дар низоми бонкӣ ва меъёрҳои кӯтоҳмуддати бозори байнибонкӣ, фишангҳои амалиётии монетариро таҳким мебахшад. Аз ҷумла, бо мақсади зиёд намудани дараҷаи таъсирбахшии фишангҳои монетарӣ ва ҷолибнок намудани шарту услуби анҷомдиҳии амалиётҳои монетарӣ механизми ҷалби амонатҳои кӯтоҳмуддати ташкилотҳои қарзӣ тариқи музоядаҳо ба роҳ монда мешавад. Фишанги монетарии мазкур дар асоси Дастурамали 226 “Дар бораи гузаронидани амалиёти кӯтоҳмуҳлати амонатӣ бо пули миллӣ азҷониби Бонки миллии Тоҷикистон” бо меъёри фоизи ҳадди ақали меъёри бозтамвил ҷамъ 2 б.ф ва ба муҳлати 1 сол амалӣ шуда, музоядаи нахустин 24.10.2018 тариқи низоми электронии ”Thomson Reuters” барпо мешавад. Дар доираи механизми фишанги мазкур ташкилотҳои қарзӣ тавассути иштирок дар музоядаҳои амалиёти амонатии кӯтоҳмуддат метавонанд маблағҳои озоди худро дар БМТ нигоҳ доранд. Дар баробари ин, ҷиҳати вусъат додани амалиётҳои монетарӣ, беҳтар намудани дастрасӣ ба пардохтпазирии кӯтоҳмуддат, ҳавасманд ва фаъол гардонидани ташкилотҳои қарзӣ дар музоядаҳои қарзӣ, минбаъд ҷалби амонатҳои ташкилотҳои қарзӣ дар сурати иштирок дар музоядаҳои қарзии БМТ ҳамчун гарави қарз бо коэффитсиенти пурра ба роҳ монда мешавад.
Лозим ба ёдоварист, ки БМТ бо мақсади дастгирии пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ва таъмини самаранокии сиёсати монетарӣ тибқи таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ амалиётҳои кӯтоҳмуҳлати бозтамвил, аз қабили қарзи шабонарӯзӣ (овернайт), қарзи рӯзона (интрадей), музоядаҳои қарзиро пешниҳод менамояд. Истифодаи фишангҳои амалиётии сиёсати монетарӣ ба ташкилотҳои қарзӣ имкон медиҳад, ки эҳтиёҷоти худро бо қарзҳои кӯтоҳмуҳлати наздик ба меъёри бозтамвил ва бо фоизҳои нисбат ба фоизҳои бозорӣ пасттар қонеъ гардонанд. Ва баръакс, дар ҳолати муваққатан барзиёдии пардохтпазирӣ, ташкилотҳои қарзӣ метавонанд дар амалиёти амонатии шабонарӯзӣ (овернайт) ва музоядаҳои коғазҳои қиматноки БМТ бо меъёри фоизии бо меъёри бозтамвил алоқаманд иштирок намоянд.

Шуъбаи матбуоти БМТ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter