ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Сен 15 2021

 Салом ва паёми самимӣ ба СССР! Ман ҳар сол ба пойтахт меоям. Қаблан роҳҳои мо то ба шаҳри Душанбе вайрону валангор буданд, имрӯз Худоро шукр, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат роҳҳо ҳама асфалтпӯш шудаанду дигар азоби роҳ бартараф гашт. Аз пойтахт то макони мо 250 км роҳ аст. Солҳои гузашта роҳкиро 80-90 сомонӣ буд, имрӯз нархи сӯзишворӣ ба фалак печидаву роҳкиро 120 сомонӣ шудааст… 

Дилшод Саидов, ш. Истаравшан. 

тел: 980 88 66 44

 

Чоршанбе, Авг 25 2021

 

Ҳаитбой Асомиддинов, нафақахӯр, мухлиси ашадии СССР аз н.Лахш занг зада, (тел: 901 50 01 95) дар бораи набудани банкомати «Амонатбонк» шикоят кард. 

   - Дар ноҳияи мо ягон банкомати «Амонатбонк» нест. Якто ҳаст, бо фоиз маблағ медиҳад. Барои нафақаамро гирифтанӣ равам,  мебинам, ки  чунон одам бисёр аст, ҳисобаш гум. Дар ин вақти авҷу хуруҷи бемории сироятӣ, якдигарро зер карда, нафақаву маош мегиранд. Аз масъулон хоҳиш дорам, ки дар ноҳияи мо ақаллан якто банкомати «Амонатбонк» насб кунанд, то ин ки кори мо нафақахӯрон осон гардад. 

 

Чоршанбе, Авг 18 2021

22 июли соли 2021 дар асоси Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассиса, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, таҳти № АП – 1729 дар Бонки миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2021 баргузор шуд.

Нишасти матбуотӣ таҳти роҳбарии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким бо ҳузури муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин, муовинони Раиси БМТ Толибзода Фирдавс, Ёқубзода Мирҳаёт ва роҳбарони сохторҳои калидии Бонки миллии Тоҷикистон доир гардид.

Дар оғози нишаст Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким ба намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба пешбурди сиёсати монетарӣ ва фаъолияти низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ маълумот дода, таъкид кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории соҳавӣ ва вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” бармеоянд, инчунин дар ҳамоҳангӣ бо Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва давраи миёнамуҳлат роҳандозӣ менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми танзимкунандаи бахши молиявию бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва асъориро баҳри мусоидат ба рушди иқтисодиёт, устувории низоми бонкӣ ва нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ равона намуд.

Рушди иқтисодиёт дар нимсолаи якуми соли 2021 муътадил арзёбӣ гардида, ММД-и номиналии кишвар 40,0 млрд. сомонӣ ва афзоиши воқеии он 8,7 фоизро ташкил дод, ки рушди воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,2 банди фоизӣ зиёд мебошад. Афзоиши ММД аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 23,4 фоиз, сохтмон 22,1 фоиз, гардиши савдои чакана 17,1 фоиз, хизматрасониҳои пулӣ 16,5 фоиз ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,1 фоиз ба вуқӯъ пайваст.

Сатҳи таваррум дар моҳҳои январ-июни соли 2021 3,9 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,4 банди фоизӣ паст мебошад. Нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби тағйирёбии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 5,1 фоиз, молҳои ғайрихӯрокворӣ 3,1 фоиз ва хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 1,6 фоиз ба амал омад.

Бонки миллии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳо ва раванди танзими ҳаҷми пул, сиёсати мутавозуни пулию қарзиро тавассути механизму фишангҳои худ ҷиҳати маҳдуд сохтани таъсири омилҳои монетарӣ ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ амалӣ намуд.

Аз ҷумла, меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги асосии сиёсати пулию қарзӣ барои анҷом додани амалиётҳои монетарӣ дар асоси дурнамои таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёт бо назардошти афзоиши фишорҳо, интизориҳои таваррумӣ дар ин давра тадриҷан 1,25 банди фоизӣ зиёд карда шуда, дар сатҳи 12,0 фоизи солона муқаррар гардид.

Ҷиҳати танзим намудани ҳаҷми пул дар муомилот, идоракунии самараноки сатҳи пардохтпазирии бонкҳо ва коҳиш додани фишорҳои қурбӣ-таваррумӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2021 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳаҷми 153,0 млрд. сомонӣ амонатҳои шабонарӯзии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷалб гардид. Инчунин, дар ин давра 33 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳаҷми 3,3 млрд. сомонӣ баргузор карда шуд.

Меъёри захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд, бо пули миллӣ 3 фоизи солона ва бо асъори хориҷӣ 9 фоизи солона муқаррар карда шуд.

Сиёсати самараноки қурбӣ дар реҷаи шинокунандаи танзимшаванда имкон фароҳам овард, ки дар ин давра қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ муътадил нигоҳ дошта шавад.

Қурби пули миллӣ дар ин давра муътадил арзёбӣ гардида, қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА танҳо 0,2 фоиз коҳиш ёфт (аз 11,3000 то ба 11,3210). Нишондиҳандаи мазкур дар муқоиса ба соли гузашта 6,2 б.ф кам мебошад. Новобаста аз таъсири мавҷи навбатии сироятии пандемияи коронавирус (COVID-19) ва дигар омилҳои тағйирёбанда, Бонки миллии Тоҷикистон тавонист сиёсати қурбии худро нигоҳ дорад.

Ба ҳолати 30 июни соли 2021 дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ, 63 адад ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 14 адад бонки анъанавӣ, 1 адад бонки исломӣ, 17 адад ташкилоти амонатии қарзии хурд, 4 адад ташкилоти қарзии хурд ва 27 адад фонди қарзии хурд фаъолият менамоянд.

Дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар ин давра 21,8 млрд. сомониро ташкил дода, уҳдадориҳои умумӣ ва сармояи тавозунии ташкилотҳои қарзии молиявӣ мувофиқан ба 17,2 млрд. сомонӣ ва 4,6 млрд. сомонӣ баробар гардиданд.

Дар маҷмӯъ, натиҷаи фаъолияти молиявии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2021 бо фоида ба маблағи 267,6 млн. сомонӣ ҷамъбаст гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли 2020 ба маблағи 116 млн. сомонӣ ё 76,6 фоиз зиёд мебошад.

Бақияи умумии пасандозҳо ба ҳолати 30 июни соли 2021 маблағи 9,7 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин санаи соли гузашта 17,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии бақияи пасандозҳо ҳиссаи пасандозҳо бо пули миллӣ 56,1 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 43,9 фоизро ташкил медиҳад. Дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо 5,0 млрд. сомонӣ ё 51,5 фоиз ба пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 4,7 млрд. сомонӣ ё 48,5 фоиз ба пасандозҳои шахсони воқеӣ рост меоянд. 

Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар нимсолаи якуми соли 2021 маблағи беш аз 6,5 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 64,2 фоиз зиёд мебошад.

Дар баробари ин, теъдоди қарзҳои додашуда низ дар давраи ҳисоботӣ 2,7 маротиба зиёд гардида, ба 1,1 млн. адад баробар шуд. Тамоюли мазкур аз зиёд шудани пешниҳоди қарзҳои хурду миёна ба муштариён, аз ҷумла ба соҳибкории хурду миёна шаҳодат медиҳад.

Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда ба соҳаи истеъмолот 32,1 фоиз, кишоварзӣ 17,8 фоиз, савдои хориҷӣ 16,4 фоиз, хизматрасонӣ 13,0 фоиз, саноат 9,4 фоиз, сохтмон 3,5 фоиз, нақлиёт 1,2 фоиз, хӯроки ҷамъиятӣ 0,7 фоиз ва дигар соҳаҳо 5,9 фоиз рост меояд.

Моҳҳои январ-июни соли 2021 аз ҷониби бонкҳо ба муштариён қарзҳои бо фоизи нисбатан паст (аз меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои бозорӣ ба андозаи 5,0 банди фоизӣ пасттар) ба маблағи 682,0 млн. сомонӣ (ба 301,0 ҳазор адад қарзгир) дода шудааст.

Ҳаҷми умумии қарзҳои барои рушди соҳибкорӣ, ҳамчун самти афзалиятнок додашуда 67,8 фоиз ё ба маблағи беш аз 4,4 млрд. сомониро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 млрд. сомонӣ ё 55,2 фоиз зиёд мебошад.

Ба санаи 30 июни соли 2021 шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ дар ҷумҳурӣ мутаносибан 1 229 адад ва 5 364 ададро ташкил намуда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи банкоматҳо 133 адад зиёд ва терминалҳои электронӣ 211 адад кам шудаанд.

Тибқи маълумотҳои оморӣ ба санаи 30 июни соли 2021 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби 20 ташкилоти қарзии молиявии ватанӣ 3,75 млн. адад кортҳои пардохтии бонкӣ ба муомилот бароварда шуда, нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 42 фоиз зиёд мебошад.

Дар маҷмӯъ, дар моҳҳои январ-июни соли 2021 дар муассисаҳои савдою хизматрасонии кишвар тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ 35,5 млн. адад амалиётҳои ғайринақдӣ ба маблағи беш аз 1,6 млрд. сомонӣ гузаронида шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аз рӯи шумора 70,0 фоиз ва аз рӯи ҳаҷми амалиёти гузаронидашуда зиёда аз 2 маротиба афзоиш ёфтааст.

Ба санаи 30 июни соли 2021 дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонии ҷумҳурӣ 7923 адад QR-рамз мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4733 адад (2,5 маротиба) зиёд мебошад.

Дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ қабули муроҷиати шаҳрвандон тариқи шифоҳӣ, телефонӣ, хаттӣ ва тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монда шуда, дар нимсолаи аввали соли 2021 дар маҷмӯъ 1 304 адад дархосту шикояти муштариён тибқи тартиби муқарраргардида мавриди ҳаллу фасл қарор гирифт. Бояд қайд кард, ки аз шумораи умумии муроҷиатҳои воридгардида 57,2 фоиз пурра ва 38,7 фоиз қисман қонеъ карда шуд.

Ба ҳолати 30 июни соли 2021 шумораи умумии ташкилотҳои суғуртавӣ 19 ададро ташкил менамоянд, ки аз онҳо 2 адад ташкилоти суғуртавии давлатӣ мебошанд.

Дороиҳои ташкилотҳои суғуртавӣ ба санаи 30 июни соли 2021 513,6 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли 2020 28,1 фоиз зиёд гардидааст.

Уҳдадориҳои тавозунии ташкилотҳои суғуртавӣ дар ин давра 207,8 млн. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 фоиз коҳиш ёфтааст.

Сармояи оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ бошад, дар давраи ҳисоботӣ ба 232,6 млн. сомонӣ баробар шуда, дар муқоиса ба нимсолаи якуми соли 2020 ба андозаи 90,0 фоиз зиёд гардид. Воридоти мукофоти суғуртавӣ (ҳаққи суғуртавӣ) ба санаи 30 июни соли 2021 168,4 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин санаи соли 2020 30,5 фоиз зиёд мебошад.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким зимни шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 июли соли 2021 №1802 ба имзо расид, изҳор дошт, ки қонуни мазкур метавонад заминаи захираҳои молиявӣ, пасандозӣ ва сармоявии ташкилотҳои қарзиро зиёд гардонада, ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ имкон медиҳад, то маблағҳои мазкурро ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт равона намоянд.

Инчунин, қабули ин қонун барои боз ҳам қавитар гаштани низоми молиявӣ – бонкӣ, устуворсозии иқтисодиёти миллӣ, ҷалби бештари муштариён ба низоми бонкӣ мусоидат намуда, имкон медиҳад, ки маблағҳои берун аз муомилоти расмӣ қарордошта қонунӣ гардонида шаванд ва ба муомилоти расмӣ тавассути низоми бонкӣ баргарданд.

Дар бахши саволу ҷавоби нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ ба саволҳои худ оид ба ҳаҷми захираҳои байналмилалӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, ҳаҷми қарздиҳӣ ба истеҳсолот, ҳаҷми пул дар муомилот, бонкдории исломӣ ва ғайра посухҳои мукаммал ва мушаххас гирифтанд.

Дар хотимаи нишаст Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким ба намояндагони воситаҳои ахбори омма барои ҳамкории судманд, инъикоси воқеъбинонаи фаъолияти низоми бонкию суғурта ва пешбурди сиёсати пулию қарзӣ изҳори сипос намуда, барои боз ҳам вусъат бахшидани ҳамкориҳои самарабахш омодагии хешро баён дошт.

Шуъбаи матбуоти БМТ

 

 

Чоршанбе, Авг 11 2021

Санаи 21–уми июли соли ҷорӣ тибқи нақшаи муқаррарнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толор-маҷлисгоҳи Раёсати БДА ҶТ ”Амонатбонк” нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи аввали соли 2021, бо иштироки доираи васеъи рӯзноманигорони ВАО-и дохилу хориҷӣ кишвар баргузор гардид. Дар нишасти мазкур Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» мӯҳтарам Икромӣ С.С., муовинони Раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З., Сайфзода Ш. Ҷ. ва сардорони воҳидҳои сохтории Раёсати Бонк ширкат доштанд.

    Дар оғоз Раиси Раёсат Икромӣ С.С. оид ба натиҷаҳои молиявии Бонк дар нимсолаи аввали соли 2021 ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуда, иброз доштанд, ки Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» фаъолияти худро дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар радифи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаду меъёрҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Самтҳои асосии фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” барои соли 2020”, “Самтҳои афзалиятноки фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” барои соли 2020” ва “Консепсияи рушди БДА ҶТ “Амонатбонк” барои солҳои 2016-2020” амалӣ намуд.

    Гуфта шуд, ки имрӯзҳо «Амонатбонк» ба зиёда ба 23 ҳазор корхонаю ташкилотҳо, зиёда аз 766 ҳазор нафар нафақагирони мақомотҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, зиёда аз 1,7 млн. нафар пасандозгузорон тавассути 75 филиал ва 546 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо шумораи зиёда аз 2900 нафар кормандон дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ хизматрасонӣ менамояд.  

   Ба санаи 30 июни соли 2021 дороиҳои Бонк маблағи 4 695 млн. сомонӣ ва уҳдадориҳои Бонк 4 204 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мутаносибан 10,5%-ӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ пардохтпазирии Бонк дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда, маблағҳо сари вақт ба ҳисобҳои дахлдор гузаронида шуданд. Сармояи Бонк ба андозаи 10,5% афзоиш ёфта, ба 491,2 млн. сомонӣ баробар шудааст. Даромади софи Бонк дар ин давра 33,3 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020   39,2% зиёд мебошад.

    Барномаи мобилии Бонк (“Амонат-мобайл”), ки барои пардохти маблағҳои коммуналӣ, пардохтҳо ба телефонҳои мобилӣ, интиқоли маблағ аз як корт ба корти дигар ва дигар амалиётҳои бонкӣ имкон медиҳад, дар тарҳи нав бо дарназардошти талаботҳои имрӯзаи бозори хизматрасониҳои бонкӣ мавриди истифода қарор дорад.

    Ҳамзамон, бо мақсади рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ «Амонатбонк» шумораи 15 адад ташкилотҳои қарзиро ба низоми биллингии худ пайваст намуд. Ташкилотҳои қарзии мазкур имкон пайдо намуданд, ки тавассути низомҳои дохилиии корти бонкӣ, ҳамёни электронӣ ва мобилбонк ба муштариёни худ дар самти пардохти ҳаққи қувваи барқ, об ва шабакаҳои гармидиҳанда хизматрасонӣ намоянд.

   Ҳамкориҳои Амонатбонк бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ҷиҳати ҷалби бештари сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар идома дошта, аз оғози ҷалби сармоягузориҳо 74,7 млн. доллари ИМА ҷалб намудааст, ки бо истифодаи маблағҳои қарзӣ дар 51 шаҳру ноҳияи кишвар 90 лоиҳаи сармоягузорӣ барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти мамлакат амалӣ шуда истодааст.

Инчунин, «Амонатбонк» аз ҳисоби хатти қарзии бо Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти маблағгузории савдо дар ҳаҷми 33 млн. доллари ИМА кушодашуда, ба 11 ширкати ватанӣ дар ҳаҷми 10,6 млн.доллари ИМА барои ворид намудани молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, қарзи бонкӣ пешниҳод намудааст.

Илова бар ин, ҷиҳати дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва ҷалби бештари сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, меъёри фоизи қарзҳои аз ҳисоби Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон ҷалбшаванда 4,5-5,5 фоизи солона муқаррар гардида, нисбат ба фоизҳои қаблан амалкунанда 3,5 банди фоизӣ пасттар гардиданд.   

Инчунин, Бонк ҷиҳати саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи олии кишвар-таъмини зиндагии шоиста ба ҳар як сокинони кишвар, диққати махсус зоҳир намуда истодааст.

Дар ин раванд, Бонк бо дарназардошти талаботи зиёди муштариён қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони «Кишоварз», ки соли 2020 ҷорӣ намуда буд, иловатан аз санаи 1 феврал то 30 июни соли 2021 вобаста ба оғоз гардидани давраи кишту кор роҳандозӣ намуд.

Дар натиҷаи амалӣ намудани иқдомҳои мазкур, Бонк аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ дар 6 моҳи соли 2021 ба зиёда аз 36 ҳазор муштарӣ 661,9 млн. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан ба андозаи 36,7% ва 23% афзудааст.

Қарзҳои додашудаи Бонк ба соҳаҳои саноат 22,4%, кишоварзӣ 19,9%, истеъмолӣ 18,2%, сохтмон 7,2%, тиҷорат 22,7%, нақлиёт 7,3% ва дигар хизматрасонӣ (сайёҳӣ, тандурустӣ, хӯроки умумӣ) 2,3% рост меояд.

Ҳамзамон, бо мақсади дастрасии қуллай ва фаврии интиқоли маблағҳо, Амонатбонк ба замимаи мобилии “Сбербанк-онлайн” пайваст гардид. Ин имкон медиҳад, ки истифодабарандагони ин барнома тавассути корти миллии Амонатбонк маблағ интиқол диҳанд.

Баъд аз ҳисоботи Раиси Раёсат оиди фаъолияти нимсолаи аввали соли ҷорӣ, рӯзноманигорон вобаста ба фаъолияти соҳа суолҳо пешниҳод намуда ба онҳо посухҳои мушаххас гирифтанд.

Бояд қайд намуд, ки дар нишасти матбуотии навбатӣ 25 нафар рӯзноманигорони васоити ахбори омма иштирок доштанд. Вобаста ба нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти БДА ҶТ «Амонатбонк» дар нимсолаи аввали соли 2021 ҳамаи рӯзноманигорон бо Варақаҳои иттилоотӣ (ПРЕСС-РЕЛИЗ) таъмин карда шуданд.

Дар хотимаи нишаст, Раиси Раёсат муҳтарам Икромӣ С.С. аз ҳамаи рӯзноманигорон сипосгузорӣ намуда, таъкид доштанд, ки ҳамкориҳо миёни васоити ахбори омма ва Бонк омили пешравӣ дар соҳа хоҳад буд, ва мо омодаем бо ВАО ҳамкориро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монем.

Вохӯрии дуҷонибаи Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо ҳайати Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ, Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ

    Санаи 28 июли соли 2021 тариқи видеоконфронс вохӯрии дуҷонибаи Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ С.С. бо экспертҳои байналмилалӣ дар бахши ҳисоботҳои қарзӣ гуруҳи Бонки Ҷаҳонӣ, ҷаноби Фабрисио Фрабони ва Фабио Тарантини баргузор гардид.

   Дар ҷараёни мулоқот, ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла баланд бардоштани самаранокӣ, бехатарӣ ва эътимоднокии системаи ҳисоботи қарзӣ, рушди хизматрасонии молиявии электронӣ ва рақамиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

   Дар рафти мулоқот қайд карда шуд, ки ҳолати молиявии Амонатбонк дар сатҳи хуб ва устувор қарор дорад, ва Амонатбонк ҷиҳати рушди системаи ҳисобтҳои қарзӣ ва хизматрасонии молиявии рақамӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида истодааст ва ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав омодагии хешро иброз намуданд.

   Дар маҷмӯъ вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳо омодагии хешро изҳор намуданд.

 

Шуъбаи матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк»

 

Чоршанбе, Авг 04 2021

Баъди ба кор қабул шудан маошамро ба корти «Dushanbe City » гузарониданду саргардониям сар шудеее.

16.07.2021.  Соат ба вақти Душанбе 17:23 дақиқа. СМС омад, ки ба кортат гузашт. Хеле шод шудам, ки ин шом бо аввалин маоши журналистӣ дар «квартира» тӯй медиҳам!. Аммо орзуҳоям барбод рафт. Дар корт дар ҳисоби ман 0.00 TJS асту халос. Ба худ гуфтам, ки Собирӣ «кидать разбор наъдорад!». Зеро ин нахустин бор набуд, ки маро ин ширкат нороҳат мекард. 

Кидати №1

Рӯзе аз деҳаамон барои маҷлиси редаксияро дарёб кардан, соати 5-и субҳ аз хона баромадам. Дар корти DC 200 сомонӣ доштам. Хостам онро роҳкиро кунам. Аз банкомати н.Темурмалик пул гирифта нашуд. Мисли оне, ки 1 рӯз қабл аз иди қурбон мардуми шаҳраки Совет дар назди банкомати холӣ «уф-уф» гӯён интизорӣ мекашиданд, ки кай дар банкомат пул пайдо мешавад. Ҳамин тавр таваккал то н.Восеъ чанд банкомати DC буд, кортро санҷидаму аз ягон банкомат маблағ гирифта нашуд. Соати 07:45 дақиқа аз банкомати н.Восеъ маблағро ба даст овардаму ба маҷлис дер карда, аз устод танбеҳ гирифтам. 

 

Кидати №2

19.07.2021. н. Темурмалик. Шахсе назди масъули DC дар ноҳия равон кард. Номаш дар хотирам нест. Лек марди хушмуомилаву чақ-чақӣ будааст. Гуфтам: 

- Ака ба ман CМC омад, ки маблағ гузаштааст, аммо дар корт сӯм нест. Баъди чанде интизорӣ корам… буд нашуду аз он ҷо бадар рафтам.

Ман ҳайрони онам, ки аз Россия чӣ қадар маблағ ба картаи 04.08.2021 DC равон кунанд, ҳамон замон, бе ягон мушкилӣ мегузараду барои чӣ аз дохили ҷумҳурӣ 10 рӯз шуд, ки маошамро намегирам?

 

Разбор№…

26.07.2021. Бинои Душанбе Ситӣ, ки дар макони Соҳилӣ-5 ҷойгир аст, рафта, ба масъуле муроҷиат кардам. Гуфт, ки маблағ дар барномаат гузаштааст, ман онро ба кортат мегузаронам. Ҳамин тавр ҳам кард. Маблағро гирифтам. Офарин! 

Лекин агар ҳамин мушкилии маро дар н.Шамсиддин Шоҳин  ягон нафари мисли ман сарфаҳм намерафтагӣ медошт ва дар корташ фарзи мисол 200 сомонӣ бигзараду мутаассуф СМС ояд, вале маблағ дар корти DC 0.00TJ бошад, чӣ кор кунад? 200 сомонӣ сарф карда пойтахт ояд? Хуб нест, ки маблағро ба барнома нею ба корт гузаронанд?

Файзализода Исматулло, 

СССР

 

Чоршанбе, Июл 28 2021

Дар вилояти Суғд ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди зиёда аз 300 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, тибқи нақша танҳо дар соли 2021 ба истифода додани 120 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо 3027 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми 6 моҳи соли 2021 дар миқёси вилоят 61 корхонаву коргоҳҳои нав бо 475 ҷойи корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Дар ин бора шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Дастгоҳи раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки давоми 6 моҳи соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба маблағи 8 миллиарду 976 млн. сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 133,2%таъмин гардид. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-июни соли 2021 ба миқдори 664,5 ҳазор тонна семент ва 722,5 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шуда, ҳамзамон, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 суръати афзоиши истеҳсоли ресмони пахтагин 140,6 фоиз ва газвори пахтагини тайёр 105,7% таъмин гардида, дар маҷмӯъ, бо назардошти эҳтиёҷоти худӣ 2835,8 тонна калоба ва 3608,8 ҳазор метри мураббаъ газвори пахтагин истеҳсол карда шуд. Истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ивазкунандаи воридот сол аз сол тавсеа ёфта, дар 6 моҳи соли 2021 ба миқдори 253,1 ҳазор тонна орд ва 1955,3 тонна равғани растанӣ тавлид шудааст.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маводи асосии сохтмонӣ аз қабили қубурҳои пластикӣ ба миқдори 668,8 ҳазор метр, рехтаи пӯлодӣ 2833,4 тонна, маҳсулоти кабелӣ 397,7 тонна, профилҳои алюминӣ барои дару тирезаҳо 2782,9 тонна, профилҳои металлӣ 12185,2 тонна, профилҳои пластикӣ 854,0 тонна, халтаҳои полипропиленӣ барои бандубасти маҳсулоти корхонаҳо 23,4 млн. дона, халтаҳои полиэтиленӣ 402,3 тонна, маҳсулоти пластмассагӣ 53,6 млн. дона, бомпӯши оҳанин 41,0 ҳазор метр ва зарфи шишагин ба ҳисоби 0,5 литр 9,6 млн. дона истеҳсол карда шудааст. 

Меҳрдоди Мурод, СССР

 

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 54

Китобҳо

Flag Counter