Саркардаи фирории ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом, ки чун гуреза дар мамолики аврупоӣ қарор дорад, зимни мулоқоту вохӯриҳояш бо аксар созмону муассисаҳои давлативу ғайридавлатии исломиву аврупоӣ барои ҳамкорӣ бо наҳзати ифротгаро ва шиносонидан ба ҷамъияти он кишварҳо гуфтугӯйҳо анҷом медиҳад. Вай дар суханрониҳо аз муваффақияту дастовард ва имкониятҳои наҳзат ёдоварӣ карда, дар баъзе ҳолат худро ҳомии асосии дини ислом ва ҳокими мутлақ ҳисобида, бори туҳмату буҳтонро бар сари давлату миллат ва бошандагони Тоҷикистон мерезад.
Ҳангоми мулоқот бо ашхоси гуногунсоҳа перомуни наҳзатиҳои фирорӣ, ки чун одати ҳамешагӣ баъди ба шӯр овардани ҷомеа роҳи гурезро пеш мегиранд (замони ҷанги шаҳрвандӣ низ ба Афғонистон фирор карда буданд), сухан мекунад ва бо лагандбардории хос аз аҷнабиён изҳори қаноатмандӣ менамояд, ки дар давраи барои наҳзатиҳои фирорӣ душвор ба онҳо кӯмак мерасонанд. Чунин сипосгузориҳо танҳо ба хотири дастгирии «дӯстонаш» аз ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом аст, чунки роҳбарону аъзои гурезаи ҳизби мазкур ҳоло дар Аврупо маскан гирифта, бо ҳар роҳу восита ба давлату миллати тоҷик бо чашми хашму хусумат менигаранд.
Чаро Аврупо фанатҳои исломии Тоҷикро парасторӣ дорад?
Қаноатмандии онҳо дар вохӯриҳояш танҳо ба хотири он аст, ки пайравони наҳзатро дар он кишварҳо ҷонибдорӣ мекунанд ва ҳарчи мехоҳанд, барои онҳо муҳайё месозанд. На ба хотири 1 нафар фарди тоҷик, ки дар хориҷ иқомат мекунад ё мушкиле дорад. Танҳо ба хотири наҳзати тундгаро. Зеро, ин ҷо зери коса нимкосае ҳаст ва ин нимкосаро аксар касон дарк кардаанд.
Мақсаду мароми наҳзатиҳо аз номи мардуми тоҷик баромад кардан набуда, танҳо аз номи ҳизби наҳзат аст. Ҳадафи асосии наҳзат ҳамин 1 то буд, яъне вохӯрию мулоқот бо созмону ҳаракатҳо ва ҳизбҳои ба худ монанди тундгаро. Ҳоло Кабирӣ худро ба ҳар дар мезанад, ки «ёридиҳандае» ё «хайрхоҳе» пайдо кунад. Инро ҳама медонанд ва дар хотир доранд, ки раҳбарони қаблии наҳзат низ бо ҳамин роҳ ба ҳукумат даст ёфта буданд. Ва бо кӯмаки хоҷагони хориҷӣ давлатро табоҳ намуданд.
Тоҷикистонро Афғонистони 2 карданиянд!!!
Воқеан ҳам, наҳзат 1 нерӯи иртиҷоиву ақибмонда аст ва агар ташкилоти террористӣ ва экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом нуфуз пайдо кунад, Тоҷикистонро ба Афғонистони дуввум мубаддал месозад. Ҳарчанд стратегияи асосии ҳизби наҳзатро ислоҳи ҷомеа номанд ҳам, аслан стратегияи ҳизби тундгарои наҳзати исломӣ ислоҳи ҷомеа набуда, балки исломикунонии ҷомеа аст. То имрӯз наҳзат дар ҷомеа ягон ислоҳоте нагузаронидааст, ки ҳамчун ислоҳгар шинохта шавад.
Аз ин рӯ, ҳадафи онҳо пайдо кардани хоҷа ва ҳамақида бо наҳзатиҳост, ғайр аз ин чизи дигаре нест. Ташкилоти террористӣ ва экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом замоне домони мамолики исломиро мегирифт, ҳоло бошад, думи кишварҳои аврупоиро доштааст.
Онҳо дар сиёсат барои худ исломро чуноне, ки мехоҳанд, тағйир медиҳанд ва инро падидаи нав дар ҳаёти наҳзатиҳо мешуморанд. Гоҳо исломи сиёсӣ мекунад, гоҳи дигар исломи фарҳангӣ, гоҳо исломи гуруҳиву гоҳи дигар исломи оилавӣ. Хусусияти хоси исломгароии сиёсии онҳо дар он зоҳир мегардад, ки муносибати мусулмон ба мушрикон ва ғайримусулмононро ба принсипи дохилиисломӣ табдил дода, аз ҷониби 1 мусулмон такфир хондани мусулмони дигарро раванди нав дар ҷомеа меҳисобанд. Ва ин ҳама аз ва дар Аврупо: пас суоле посух мехоҳад, ки Аврупо низ исломи такфирӣ шудааст ва ё решаҳои тундгароии такфириро дар Бруссел бояд ҷуст?
Р. МАҶИДЗОДА, номзади илмҳои фалсафа, устоди ДМТ
Воқъан ҳар як асрори Худованд як ҷаҳон ҳикматест… Худованд доноcт… Меандешаму ангушти ҳайрат мегазам… Аз он меандешидам, ки Худованд доност, медонист. Рӯзе мерасад бадбахтие дар сарнавишти миллати тоҷдор ҷой дорад. Рӯзе мерасад, ки нооромию нокомиҳо ва рӯзу шабҳои наҳс ин қитъачаи замини БИҲИШТИАШ-ро ғарқи хун ва ҷаҳолат месозад. Пеш аз ҳама бо таъсири бандагони шайтониаш ҷоҳилон, забони модар гумкардагон, аз дастуроти илоҳию панду андарзҳои ниёгон бехабар зиёд мегарданд, гумроҳону хурофотпарастон доман паҳн мекунанд. Гурӯҳони номатлуб ба вуҷуд омаданд. Ба маҳзаби Имоми Аъзам хиёнат карданд. Писар душмани падару бародар қотили додар гардид. Фиғони модарони ҷигаргумкардаю ҷигарсӯхта то ба фалакҳо печид, аз ашки талхи кӯдакони ятимгашта ба дастгире зору ба як луқма нон муҳтоҷ, аз ашки шӯри ҷавонзанони соҳиби сар гумкардаю бесаробон ва ҷавонмардони хонумонсӯхта ва гурӯҳ-гурӯҳ пиру ҷавони гуреза аз макону аз ватан ба монанди донаҳои бешумори борон қалби КӮҲИ САНГИ ХОРОРО об месозад.
РӮЗЕ расид, ки халқи ин диёр бесоҳибу бесарвар монд ва лаҷоми идоракунӣ дар дасти гурӯҳ - гурӯҳ бандагони тасодуфӣ афтод. Соҳибмансабон тарки курсӣ карданд, довталабон ҷомаи заифӣ ба бар карданд, соҳибдилон мӯҳри хомушӣ дар лаб заданд…
Бале, воқеъан ҳам, ин фалокат, ин таърихи талхи гӯшношунида бар сари миллати тоҷдор омад…
Худованди меҳрубону доно маҳз ба хотири пешгирии ин даргириҳо, аз нобудию нестӣ наҷот додани бандагони миллати дӯстдоштааш ТОҶИК, ки сари вақт барномарезӣ карда буд, зарур дониста буд, ки дар зери Сояи Хеш бандаи арзандаашро биофарад…
…Ҷуфтеро интихоб кард аз рустое, аз оилаи одию хокӣ… Ба батни модари назаркарда тифлеро ҳадя кард. Дар сураташ нур, дар рӯҳияаш сафо, дар дилаш раҳму шафқат ва инсофу шуҷоъат, дар зеҳнаш ақлу фаросатро ҷойгир кард ва ТАҚДИРАШРО ҳам муайян сохт. Номашро ЭМОМАЛӢ дод ва аз Азони МУҲАММАДӢ бонасиб гардонд. Бо шири ҳалоли МОДАРАШ ва аз луқмаи нони ПАДАРИ деҳқонаш парастиш кард…
Бале СОЯИ худро ХУДОВАНДИ меҳрубон бо МУҲАББАТ парастиш кард…ҶАВОНМАРДАШ СОХТ!…
Ниҳоят, ин замон расид… 17-ноябри соли 1992 … вақти он расид, ки Парвардигори кирдугор ҳикматашро рӯи кор орад… Боз ба асрору ҳикмати Офаридагори оламиён ангушти ҳайрат мегазам… Пас аз 40 соли муқаддам…
Гурӯҳеро ҷамъ овард ба як қитъаи сарзамини миллат… Қадамҷойи орифону обидон, равшанзамирону равшанфикрон, зиёиён…. Ватани Камоли хуҷандӣ, ҷигарбанди миллат БОБОҶОНИ ҒАФУРӢ …
Дар Хуҷанди бостонӣ, ки фазояш андаке орому мӯътадил буд, аҳли ҷамъомадагон, ки аксаран дар ҳолати мушаввашхотирӣ қарор доштанду бехабар аз ҳикмату қарордоди Офаридагорашон буданд, бо ҳидояти Худованд дар толори сарҷамъ, ки он Қасри «Арбоб» ном дошту қадамҷои арбобони давлати замон, мерос аз яке аз вориси Ҳазрати Одам (а)--марди Деҳқон Саидхоҷаи Урунхоҷа буд…
Ана дар ҳамин ҷаласаи таърихӣ : Интихоби Роҳбар, идоракунандаи халқу кишвар, ки масъулияташ хело сангин буд, наҷотдиҳандаи миллатро роҳандозӣ намояд. Яке аз хозиринҳоро интихоб намояд, ки арзанда бошаду СУЛҲУ САФО ва ОСОИШТАГӢ орад ва Ваҳдати миллиро ҷорӣ созад. Аз гуноҳҳои бандагони раҳгумзадааш гузашт кунад, Созандаю роҳнамои тараққиёти ҳама ҷабҳаҳо бошаду шиносонидани ин миллати назарёфтаро ба ҷаҳониён фаромӯш насозад. Ва ниҳоят Парчами миллатро баланду осмонбӯс сохта, давлатдориро дар раванди давлатҳои мутарраққӣ ба роҳ монад.
Ниҳоят, бо инояти Парвардигори кирдугор бандаи бо муҳаббату бо ноз парваридааш, ки нав ба синни 40- солагӣ расида, исмаш Эмомалӣ Раҳмон буд, ба маснади рахбарӣ, Пешвоӣ, идоракунандаи Тоҷикистон баргузид…
(Ёдовар мешавем интихоби Паёмбарӣ охирзамонро… Интихобу бахшидани унвони Паёямбарӣ ва устоди олами башарият дар синни 40-солагӣ ба Ҳазрати Расули Акрам (с) расида буд…
-- Як ҷаҳон маъно дорад, абёти Ҳазрати Хайём.. Он покбози даргоҳи Ҳақ, он марди майдони маънӣ, он муҳаққиқ ва ҷӯяндаи асрори Илоҳӣ садҳо сол пеш гуфтааст:
Асрори Азалро на ту донию на ман,
Ин ҳарфи муаммост, на ту хониву на ман.
Интихоб бо лутфи Парвардигори оламиён буд, ки ҲИКМАТУ МАЗМУНИ хос дошт..
1. Ҳикматаш он буд, БАНДАИ баргузидаашро, яъне СОЯАШРО дар ҳама ҳолатҳои вазнину ногувор аз хатар наҷот хоҳад дод..! (Шукри Худо, ки ӯ дар амон асту ба унвони Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдат расид…)
2. Мазмунаш он, ки ба ҳар қадамаш баракат ато менамояд, расонидан ба осоиштагиҳои зиндагии халқаш, ба миллаташ ваҳдатро фароҳам хоҳад овард…,
Воқеъан ҳам, дар мамлакат сулҳу салоҳ, оромиш ваҳдат пойдор гашт…, Фазои тинҷию оромӣ сабаб гашт, ки пешрафти маорифу фарҳанг, иқтисодиёту иҷтимоиёт, таъмири роҳҳо, кушодани шоҳроҳҳои байналмиллалӣ, сохтани пулҳо, қалби кӯҳҳои азимҷуссаро шикофтан, кушодани нақбҳо, рушди фаъолияти соҳибкорони ватанӣ ва ғайраи бешумор сурат гирифтанд.
Дигараш он, ки бо ташаббуси Сарвари давлат нахустинҳо шуда, китоби Осмонӣ бо ҳуруфи криллию забони тоҷикӣ чоп расид ва ҳазорҳо адад дастраси омма гардид.
Бо қадамҳои неку ҳидояти ин Сояи Худованд дар тӯли беш аз 29-сол садҳо масҷидҳо сохтаю обод карда шуд. Фаъолияти мадориси таълими динии ба номи Имом Тирмизӣ дар маркази шаҳри Душанбе васеъ ва бонуфуз гардид.
Манзилҳои таърихӣ ва зиёратгоҳҳои Авлиёҳои барҳақ, дӯсту ошиқони Худо таъмиру обод гашт, ки имрӯзҳо на балки ҷойи зоирон, инчунин сайёҳҳони дунё аст.
Дар фурӯшгоҳҳои китобҳо фурухтани китоби Осмонӣ ва аҳодиси Паёмбари Худо, инчунин таърих ва рисоланомаҳои Ҳазрати Имоми Аъзам (р) озод роҳандозӣ гардиданд.
Рӯҳи поки Ҳазрати Имоми Аъзамро ба марзи миллати тоҷдори ворисонаш овард ва бо ин хотир Аъломаҳои шинохтаи дини мубини Исломро аз ҳама гӯшаҳои дунё сарҷамъ сохт, ки ин амали Сарвари кишвар арсаи дунёро ба ВАҶД овард.
Дар дунёи набалки дунявӣ, Ислом ва дар раванди давлатҳои мутаррақии ҶАҲОН риштаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бубаст ва давлату миллати ТОҶИКРО бо НЕКӢ шиносонд ва нуфузи хосаеро дар ТАЪРИХ АБАДӢ гузошт…
Ин ҳама, мухтасар ва фушурдае аст аз кору фаъолият, комёбиҳо ва созандагию ободкориҳои Сояи Яздони пок Эмомалӣ Раҳмон!
Имрӯзҳо бадхоҳони ин миллати саодатманд, аз хориҷ ба сӯйи ӯ санг меандозанд, ғофил аз онанд, ки дар китоби Осмонӣ омадааст:
Бигӯед:- Он чист, бузургтар аз Кӯҳ?
Гуфт: - Бӯҳтоне, ки бар бегуноҳе диҳанд.
Ё
Бигӯед: - Он чист, ки сардтар, аз замҳарир?
Гуфт: - Навмед шудан аз коре, ки дил бар он ниҳода бошад, хоса раҳмати Худо, Азза ва Ҷалла, он аз замҳарир бошад.
Ин мисол аз он аст, ки Пешвои муаззами миллат рӯҳи шикастнопазирро дорост ва ӯро Худованд башорат дода, ҳар гуна сангандозиву тирандозӣ то ӯ нарасад, бо инояти Офаридагораш.
Он чӣ гуфтам, аз Ҳақ гуфтам, зеро дар китоби муқаддас низ омадааст:
-Бигӯед:- Он чист бузургтар ва бардоштатар аз осмон?
-Гуфт: - Сухани ҳақ.
Камина ҳар субҳ пас аз намоз даст бар дуо дорам: Худовандо, меҳрубонии худат буд, назари неки худат буд, ризогию ҳидояти худат буд, ки бандаи созандаат-Эмомалии Раҳмонро Сарвари миллати Тоҷик интихоб кардӣ! Фаъолияти беш аз 29-солааш дар маснади Сарвари кишвар МАГАР МӮЪҶИЗА НЕСТ?!
Имони комил дорам, кулли бандагони равшанзамират ба ин гуфтаҳои ман шариканд… Баракати умрашро деҳ, тану ҷисмашро доимо дар саломат дор! Ҳар нафасу ҳар қадамашро дар ҳифзи ХУД қарор бидеҳ… Боз меҳрубониатро зиёд намо ва Сарварии ӮРО то он рӯзе, ки дар ин дунёи фонӣ қарор дорад, дар сарзамини Тоҷикистон дастгир бошу поянда дор, то ин давлату миллати мо низ дар қатори давлатҳои муттарақӣ ҷойгаҳи худро биёбад! -Омин!
Бояд қайд намоям, ки хонандагони азиз, ки ин камина аз моҳи январи соли 2003 соҳибкори ватанӣ-роҳбари муассисаи ҶДММ “Наҷот” мебошам. Соҳаи хизматрасонии мусофиркашониро интихоб намуда, бо назардошти дархости халқ якчанд хатсайрҳои нав кушода, бо нақлиётҳои замонавӣ хизмати мардумро бомуваффақият басомон расонида истодаем. Шукри Худо, имрӯзҳо шумораи наздик 200-нафар ронанда ва 14-нафар кормандони муҳандис-техникӣ ба кори доимӣ таъминанд.
Ин ҳама пешрафти ҷамъияти мо танҳо неъмати Истиқлолият набуда, алалхусус аз дастгириҳои бевоситаи Сарвари давлат-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва масъулони бовиҷдони мақомотҳои қудратиаш медонем.
Бо камоли эҳтиром: Наҷотхон Исомадинова,
роҳбари ҶДММ “Наҷот”, ш.Исфара, тел: 98 703 16 27
Тахминан соати 4-и субҳи санаи 6.11.2020 дар минтақаи ҳамҷавори маҳаллаи Лангари Моҳиёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ш.Исфара лейтенанти калон Шер Кабиров, сардори дидбонгоҳи «Кӯктош»-и Қӯшунҳои Сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон аз ҷониби шахси номаълум, ки аз силоҳи шикории тамғаи «ТОЗ-8» истифода намудааст, захм бардоштааст.
Тавре дар Изҳороти паҳшудаи маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ гуфта шудааст, дар ҳодисаи ҳамсон дуртар аз 1 км аз хати сарҳад шаҳрванди Тоҷикистон Ваҳҳобов Воҳид Абдулҳаевич, соли таваллудаш 1955, сокини м.Сомониёни ҷ/д Чоркӯҳ, боғбони бригадаи №4-уми ҳамин ҷамоат аз тарафи пояш аз ҷониби қирғизҳо захмӣ шуда, ҳалок гардидааст.
Мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои мушаххас намудани ҷузъиёти қазияи бамиёномада дар байни аҳолӣ корҳои тафтишотӣ ва фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд.
11 октябри соли 2020 дар кишвар интихоботи Президенти ҶТ баргузор хоҳад гашт.
Дар ин бора имрӯз зимни ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, даъвати шашум қарор қабул карда шуд.
Президенти Беларусия Александр Лукашенко, ҳангоми боздид аз бригадаи 103-юми десантӣ дар шаҳри Витебск, бобати нақшаи ҳарифони сиёсиаш ба десантчиён қисса кард. Ба андешаи Лукашенко дар интихоботи кунунӣ, такрори ҳаводиси интихоботи соли 2010 имкон дорад. Лукашенко гуфт: "Он ҳангом мухолифонаш иқдоми зӯран барканор кардани ҳукуматро намуда буданд ва ин гузина ҳоло ҳам дар мадди назари онҳо қарор дорад". Лукашенко инчунин иброз намуд, ки дар интихоботи президентӣ дар кишвараш иттифоқоти аҷибе рух медиҳанд ва ваъда дод, ки бобати ин иттифоқот ба сарвазири Русия Михаил Мишустин ҳангоми гуфтугӯи ихтисосӣ иттилоъ хоҳад дод.
Ҳукумати ҶТ зимни пахши 1 Муроҷиатнома аз сокинони кишвар хост, ки дар истифодаи обу нерӯи барқ сарфаҷуӣ намуда, бо дарназардошти вазъияти баамаломада-кам шудани об дар НБО «Норак» ҳар1 шаҳрванд, ҳар 1 оила, тамоми ташкилоту муассисаҳо ва ширкату корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, бояд истифодаи сарфакоронаи барқро таъмин намоянд.
Дар Муроҷиатномаи мазкур омадааст, ки тирамоҳу зимистони соли 2019-2020 дар минтақаҳои ташаккулёбии маҷрои дарёҳои Вахш ва Панҷ боришоти барф бениҳоят кам буд ва 50 фоизи ҳаҷми солҳои гузаштаро ташкил карда, чунин вазъият дар таърихи Тоҷикистон бори аввал ба вуҷуд омад. Ҳоло об дар маҷрои дарёи Панҷ нисбат ба солҳои гузашта 2 ҳазор метри мукааб, аз ҷумла дар дарёи Вахш 800 метри мукааб, яъне 50 фоиз кам шудааст. Чунин ҳаҷми об нишонаи равшани он аст, ки дар кӯҳҳо захираи барф кам мебошад.
Имрӯзҳо дар обанбори Норак захираи об нисбат ба соли гузашта 17 метр кам шуда, агар ин вазъият идома пайдо кунад, захираи об дар обанбор ниҳоят кам гашта, дар фасли зимистон барои бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ мушкилоти бисёр ҷиддӣ пеш меояд.
Бо ҳамин мақсад Ҳукумати ҶТ ба мардуми кишвар муроҷиат карда, хоҳиш менамояд, ки танҳо ба хотири захира кардани об дар обанбори Норак барои фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода маҳдудияти интиқоли барқро, ки аз ҷониби Ширкати «Барқи Тоҷик» ҷорӣ карда мешавад, дуруст дарк намоянд.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар