Тахминан соати 4-и субҳи санаи 6.11.2020 дар минтақаи ҳамҷавори маҳаллаи Лангари Моҳиёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ш.Исфара лейтенанти калон Шер Кабиров, сардори дидбонгоҳи «Кӯктош»-и Қӯшунҳои Сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон аз ҷониби шахси номаълум, ки аз силоҳи шикории тамғаи «ТОЗ-8» истифода намудааст, захм бардоштааст.
Тавре дар Изҳороти паҳшудаи маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ гуфта шудааст, дар ҳодисаи ҳамсон дуртар аз 1 км аз хати сарҳад шаҳрванди Тоҷикистон Ваҳҳобов Воҳид Абдулҳаевич, соли таваллудаш 1955, сокини м.Сомониёни ҷ/д Чоркӯҳ, боғбони бригадаи №4-уми ҳамин ҷамоат аз тарафи пояш аз ҷониби қирғизҳо захмӣ шуда, ҳалок гардидааст.
Мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои мушаххас намудани ҷузъиёти қазияи бамиёномада дар байни аҳолӣ корҳои тафтишотӣ ва фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд.