ХАБАРИ ДОҒ

Чаро ман ба Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳам?

  • Панҷшанбе, Окт 08 2020

Воқъан ҳар як асрори Худованд як ҷаҳон ҳикматест… Худованд доноcт… Меандешаму ангушти ҳайрат мегазам… Аз он меандешидам, ки Худованд доност, медонист. Рӯзе мерасад бадбахтие дар сарнавишти миллати тоҷдор ҷой дорад. Рӯзе мерасад, ки нооромию нокомиҳо ва рӯзу шабҳои наҳс ин қитъачаи замини БИҲИШТИАШ-ро  ғарқи  хун ва ҷаҳолат месозад. Пеш аз ҳама  бо таъсири бандагони шайтониаш ҷоҳилон,  забони модар гумкардагон, аз  дастуроти илоҳию панду андарзҳои ниёгон бехабар зиёд мегарданд, гумроҳону хурофотпарастон доман паҳн мекунанд. Гурӯҳони номатлуб ба вуҷуд омаданд. Ба маҳзаби Имоми Аъзам хиёнат карданд.  Писар душмани падару бародар қотили додар гардид. Фиғони модарони ҷигаргумкардаю ҷигарсӯхта то ба фалакҳо печид, аз ашки талхи кӯдакони ятимгашта ба дастгире зору ба як луқма нон муҳтоҷ, аз ашки шӯри ҷавонзанони соҳиби сар гумкардаю бесаробон ва ҷавонмардони хонумонсӯхта ва гурӯҳ-гурӯҳ пиру ҷавони гуреза аз макону аз ватан ба монанди донаҳои бешумори борон қалби КӮҲИ САНГИ  ХОРОРО об месозад.

РӮЗЕ расид, ки халқи ин диёр бесоҳибу бесарвар монд ва лаҷоми идоракунӣ дар дасти гурӯҳ - гурӯҳ бандагони тасодуфӣ афтод. Соҳибмансабон тарки курсӣ карданд, довталабон ҷомаи заифӣ ба бар карданд, соҳибдилон мӯҳри хомушӣ дар лаб заданд…

Бале, воқеъан ҳам, ин фалокат, ин таърихи талхи гӯшношунида бар сари миллати тоҷдор омад…

Худованди меҳрубону доно маҳз ба хотири пешгирии ин даргириҳо, аз нобудию нестӣ наҷот додани бандагони миллати дӯстдоштааш ТОҶИК, ки сари вақт  барномарезӣ карда буд, зарур дониста буд, ки дар зери Сояи Хеш бандаи арзандаашро биофарад…  

…Ҷуфтеро интихоб кард  аз рустое, аз оилаи одию хокӣ… Ба батни модари назаркарда тифлеро ҳадя кард. Дар сураташ нур, дар рӯҳияаш сафо, дар дилаш  раҳму шафқат ва инсофу шуҷоъат, дар зеҳнаш ақлу фаросатро ҷойгир кард ва  ТАҚДИРАШРО ҳам муайян  сохт. Номашро ЭМОМАЛӢ дод ва аз Азони МУҲАММАДӢ бонасиб гардонд. Бо шири ҳалоли МОДАРАШ ва аз луқмаи нони ПАДАРИ деҳқонаш парастиш  кард… 

Бале СОЯИ худро ХУДОВАНДИ меҳрубон бо МУҲАББАТ парастиш кард…ҶАВОНМАРДАШ СОХТ!…

Ниҳоят, ин замон расид… 17-ноябри соли 1992 … вақти он расид, ки Парвардигори кирдугор ҳикматашро рӯи кор орад… Боз ба асрору ҳикмати Офаридагори оламиён ангушти ҳайрат мегазам… Пас  аз  40 соли муқаддам…

Гурӯҳеро ҷамъ овард ба як қитъаи сарзамини миллат… Қадамҷойи орифону обидон, равшанзамирону равшанфикрон, зиёиён…. Ватани Камоли хуҷандӣ, ҷигарбанди миллат БОБОҶОНИ  ҒАФУРӢ …

Дар Хуҷанди бостонӣ, ки фазояш андаке орому  мӯътадил буд, аҳли ҷамъомадагон, ки аксаран дар ҳолати мушаввашхотирӣ қарор доштанду бехабар аз ҳикмату қарордоди Офаридагорашон буданд, бо ҳидояти Худованд дар толори  сарҷамъ, ки он Қасри «Арбоб» ном дошту қадамҷои арбобони давлати замон,  мерос аз яке аз  вориси Ҳазрати Одам (а)--марди Деҳқон  Саидхоҷаи Урунхоҷа буд…

Ана дар ҳамин ҷаласаи таърихӣ : Интихоби Роҳбар, идоракунандаи халқу кишвар, ки масъулияташ хело сангин буд,  наҷотдиҳандаи миллатро роҳандозӣ намояд. Яке аз хозиринҳоро интихоб намояд, ки арзанда бошаду  СУЛҲУ САФО ва ОСОИШТАГӢ  орад ва Ваҳдати миллиро ҷорӣ созад.   Аз гуноҳҳои бандагони раҳгумзадааш гузашт кунад, Созандаю роҳнамои тараққиёти ҳама ҷабҳаҳо бошаду шиносонидани ин миллати назарёфтаро ба ҷаҳониён фаромӯш насозад. Ва ниҳоят Парчами миллатро баланду осмонбӯс сохта, давлатдориро дар раванди давлатҳои мутарраққӣ ба роҳ монад.

Ниҳоят, бо инояти Парвардигори кирдугор бандаи бо муҳаббату бо ноз парваридааш, ки нав ба синни 40- солагӣ  расида, исмаш Эмомалӣ Раҳмон буд, ба маснади  рахбарӣ, Пешвоӣ, идоракунандаи  Тоҷикистон  баргузид… 

(Ёдовар мешавем интихоби Паёмбарӣ охирзамонро… Интихобу бахшидани унвони Паёямбарӣ ва устоди олами башарият дар синни 40-солагӣ ба Ҳазрати Расули Акрам (с)  расида буд… 

-- Як ҷаҳон маъно дорад, абёти Ҳазрати Хайём.. Он покбози даргоҳи Ҳақ, он марди майдони маънӣ, он муҳаққиқ ва ҷӯяндаи асрори Илоҳӣ  садҳо сол пеш гуфтааст:   

Асрори Азалро на ту донию на ман,

 Ин ҳарфи муаммост, на ту хониву на ман. 

Интихоб  бо лутфи Парвардигори оламиён буд, ки ҲИКМАТУ МАЗМУНИ хос дошт..

1. Ҳикматаш он буд, БАНДАИ баргузидаашро, яъне СОЯАШРО   дар ҳама ҳолатҳои вазнину ногувор аз хатар наҷот хоҳад дод..! (Шукри Худо, ки ӯ дар амон асту   ба унвони Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдат расид…)

2. Мазмунаш он, ки ба ҳар қадамаш баракат ато менамояд, расонидан ба осоиштагиҳои зиндагии халқаш, ба миллаташ ваҳдатро фароҳам хоҳад овард…, 

Воқеъан ҳам,  дар мамлакат сулҳу салоҳ, оромиш ваҳдат пойдор гашт…, Фазои тинҷию оромӣ сабаб гашт, ки пешрафти   маорифу фарҳанг, иқтисодиёту  иҷтимоиёт, таъмири роҳҳо, кушодани шоҳроҳҳои байналмиллалӣ, сохтани пулҳо,  қалби кӯҳҳои азимҷуссаро шикофтан, кушодани нақбҳо, рушди фаъолияти соҳибкорони ватанӣ ва ғайраи бешумор сурат гирифтанд.

Дигараш он, ки бо ташаббуси Сарвари давлат нахустинҳо шуда,  китоби Осмонӣ бо ҳуруфи криллию забони тоҷикӣ  чоп расид ва ҳазорҳо адад дастраси омма гардид. 

Бо қадамҳои неку ҳидояти ин Сояи Худованд дар тӯли беш аз 29-сол садҳо масҷидҳо сохтаю обод карда шуд. Фаъолияти мадориси таълими динии ба номи Имом Тирмизӣ дар маркази шаҳри Душанбе васеъ ва бонуфуз гардид.

Манзилҳои таърихӣ ва зиёратгоҳҳои Авлиёҳои барҳақ, дӯсту  ошиқони Худо таъмиру обод гашт, ки имрӯзҳо на балки ҷойи зоирон, инчунин сайёҳҳони дунё аст.

Дар фурӯшгоҳҳои китобҳо фурухтани китоби Осмонӣ ва аҳодиси Паёмбари Худо, инчунин таърих ва рисоланомаҳои Ҳазрати Имоми Аъзам (р) озод роҳандозӣ гардиданд.

Рӯҳи поки Ҳазрати Имоми Аъзамро ба  марзи миллати тоҷдори ворисонаш овард ва бо ин хотир Аъломаҳои шинохтаи дини мубини Исломро аз ҳама гӯшаҳои дунё сарҷамъ сохт, ки ин амали Сарвари кишвар арсаи дунёро ба ВАҶД овард.

Дар дунёи набалки дунявӣ, Ислом ва дар раванди давлатҳои мутаррақии ҶАҲОН риштаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бубаст ва давлату миллати ТОҶИКРО бо НЕКӢ шиносонд ва нуфузи хосаеро дар ТАЪРИХ АБАДӢ  гузошт…

Ин ҳама, мухтасар ва фушурдае аст аз кору фаъолият, комёбиҳо ва созандагию ободкориҳои Сояи Яздони пок Эмомалӣ Раҳмон!

Имрӯзҳо бадхоҳони ин миллати саодатманд, аз хориҷ ба сӯйи ӯ санг меандозанд, ғофил аз онанд, ки дар китоби Осмонӣ омадааст: 

Бигӯед:- Он чист, бузургтар аз Кӯҳ?

Гуфт: - Бӯҳтоне, ки бар бегуноҳе диҳанд.

Ё

Бигӯед: - Он чист, ки сардтар, аз замҳарир?

Гуфт: - Навмед шудан аз коре, ки дил бар он ниҳода бошад, хоса раҳмати Худо, Азза ва Ҷалла, он аз замҳарир бошад.

Ин мисол аз он аст, ки Пешвои муаззами миллат рӯҳи шикастнопазирро дорост ва ӯро Худованд башорат дода, ҳар гуна сангандозиву тирандозӣ то ӯ нарасад, бо инояти Офаридагораш. 

Он чӣ гуфтам, аз Ҳақ гуфтам, зеро дар китоби муқаддас низ омадааст:

-Бигӯед:- Он чист бузургтар ва бардоштатар аз осмон?

-Гуфт: - Сухани ҳақ.  

Камина ҳар субҳ пас аз намоз даст бар дуо дорам: Худовандо, меҳрубонии худат буд, назари неки худат буд, ризогию ҳидояти худат буд, ки бандаи созандаат-Эмомалии Раҳмонро Сарвари миллати Тоҷик интихоб кардӣ!  Фаъолияти беш аз 29-солааш дар маснади  Сарвари кишвар  МАГАР  МӮЪҶИЗА   НЕСТ?!

Имони комил дорам,  кулли бандагони равшанзамират ба ин гуфтаҳои ман шариканд… Баракати умрашро деҳ, тану ҷисмашро доимо дар саломат дор! Ҳар нафасу ҳар қадамашро дар ҳифзи ХУД қарор бидеҳ… Боз меҳрубониатро зиёд намо ва Сарварии ӮРО то он рӯзе, ки дар ин дунёи фонӣ қарор дорад, дар сарзамини Тоҷикистон дастгир бошу поянда дор, то ин  давлату миллати мо низ дар қатори  давлатҳои муттарақӣ ҷойгаҳи худро биёбад! -Омин!

Бояд қайд намоям, ки хонандагони азиз, ки ин  камина аз моҳи январи соли 2003 соҳибкори ватанӣ-роҳбари муассисаи ҶДММ “Наҷот” мебошам. Соҳаи хизматрасонии мусофиркашониро интихоб намуда, бо назардошти дархости халқ якчанд хатсайрҳои нав кушода, бо нақлиётҳои замонавӣ хизмати мардумро бомуваффақият басомон расонида истодаем. Шукри Худо, имрӯзҳо шумораи  наздик 200-нафар ронанда ва 14-нафар кормандони муҳандис-техникӣ ба кори доимӣ таъминанд. 

Ин ҳама пешрафти  ҷамъияти мо  танҳо неъмати  Истиқлолият набуда, алалхусус аз  дастгириҳои бевоситаи Сарвари давлат-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  ва масъулони бовиҷдони мақомотҳои қудратиаш медонем.

Бо камоли эҳтиром: Наҷотхон Исомадинова, 

роҳбари ҶДММ “Наҷот”, ш.Исфара, тел: 98 703 16 27 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter