ХАБАРИ ДОҒ

Картошкакорӣ фронти зарбдор?!

  • Ҷумъа, Июн 16 2017


Ҳоло омӯзгоре нест, ки бо қурби имрӯза 100$ маош гирад, вале ҳама проблемаро имрӯз ба сари омӯзгор бор мекунанд! Баробари моҳи сентябр ба мактаб қадам монданаш аз ӯ пули журналу чанд ҳуҷҷати дигар талаб мекунанд. Ҳафтае нагузашта омӯзгорро ба ҷари обунаи маҷбурӣ тела медиҳанд. Ҳар омӯзгор на кам аз 200 сомонӣ месупорад, вале ба ҳафтанома ё маҷаллаи дилхоҳаш обуна шуда наметавонад, чунки обуна супоришӣ аст! Пас аз он сар мешавад, фалон муаллими фалон мактаб бемор будааст, бояд ҳар муаллим бе саркашӣ пул партояд, хонаи фалонӣ сӯхтааст, пул ҷамъ кардан зарур, кино меомадааст, курсҳои такмили ихтисос… Хуллас, рӯзе нест, ки аз омӯзгор пул наситонанд. Бар болои ҳамаи ин дар ш.Панҷакент картошкашинониро фронти зарбдор эълон карда, омӯзгорро маҷбур намуда истодаанд, ки барои хариди тухмӣ 100 сомонӣ супораду худ ба картошкакорӣ машғул шавад! Масъулин амали худро «супориши боло» мехонанд! Ғайр аз омӯзгор дар ин ҷомеа дигар кас зиндагӣ намекунад?! То кай омӯзгорро таҳқир мекарда бошанд???


Исмоил Зарифӣ,
деҳаи Косатарош, ш.Панҷакент

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter