Рӯзи 29.10.2017 «Ҳоҷӣ Шариф» яке аз бозорҳои калонтарин дар Қӯрғонтеппа-маркази вилояти Хатлон ба коми оташ рафт. Бар асари сӯхтор 20 анбору мағозаи нуқтаи савдо зарар дид. Бар пояи хулосаи пешакӣ сабаби сар задани сӯхтор "расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ" будааст.
Субҳонае, ки 1 бозорро сӯхт!
Ҳангоми сухтор мухбири СССР дар ҷои ҳодиса қарор дошт. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки 1 соҳибкор субҳ ба анбори худ даромада, гармкунаки барқиро пайваст карда, барои субҳонахӯрӣ берун меравад. Ин ҳангом расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ сар зада, сӯхтор ба амал меояд.
Файзов Ҷумъа-полковники Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилоят дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ҳангоми сар задани сӯхтор беш аз 18 мошини оташнишонӣ аз шаҳру ноҳияҳои Сарбанд, Бохтар, А.Ҷомӣ, Балхӣ ва худи Қурғонтеппа расида омаданд. Ӯ гуфт, «сӯхтор соати 8:12-и саҳар дар 1 қисми бозор-нуқтаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ сар задааст. Алангаи сӯхтор ба ҳадде баланд буд, ки ҳарораташ аз 800 то 1000 дараҷа боло рафт. Хушбахтона сари вақт пеши оташро гирифтем. Ҳоло комиссия зарарашро бояд муайян кунад».
Анборҳои сохтмонӣ бештар зарар диданд
1 манбаъи мӯътамади СССР аз дохили бозор гуфт, ки «ман 1 анбор доштам, пурра ба коми оташ рафт. Дар ин анбор қуттиҳои ранг-краска ба миқдори 100.000 сомонӣ буд. Ҳоло масъули бозор ваъда додааст, ба соҳибкороне, ки дар ин ҳодиса зарар дидаанд, ҳамчун кӯмаки молӣ анбор сохта медиҳад».
Соҳибкори дигар ба СССР гуфт, «хайр, дар насибамон будаст. Беш аз 100.000 сомонӣ масолеҳи сохтмонии ман пурра сӯхта хокистар шуд».
Раиси шаҳр: Дар 20 рӯз зиёнро ҷуброн мекунем!
Исмоилзода Абдуалим-раиси ш.Қурғонтеппа дар сӯҳбат бо СССР афзуд, ки ҳангоми сар задани сӯхтор ягон нафар осеб надидааст ва алангаи оташро бо 18 мошини оташхомӯшкунӣ дар 1-2 соат куштаанд.
«Мо талош мекунем, дар муддати 15-20 рӯз нуқтаҳои савдои соҳибкоронеро, ки зарари иқтисодию молӣ диданд, ба пуррагӣ ҷуброн ва сохтмонашро барқарор карда диҳем. Комиссияи ҳукуматӣ дар 21 сохтор бо ҳамаи соҳибкорон ҳамсӯҳбат шуда, зарарҳои расидаро ҳисоб ва ба ҳукумат пешниҳод мекунанд. Ҳоло маълум нест, кадом соҳибкор аз бонк чӣ қадар қарз гирифтааст. Агар нафаре аз бонк қарз гирифтааст мо ҳатман ҳамон бонкро хоҳиш мекунем, аз соҳибкор мувофиқи мӯҳлат маблағ талаб накунад. Кӯшиш мекунем, ба ҳамаи зарардидагон кӯмаки хешро расонем»-гуфт раиси ш.Қӯрғонтеппа.
Баҳодур Уроқов,
СССР, вилояти Хатлон
