Ноҳияи Деваштич яке аз ноҳияҳои калонтарини картошкапарварӣ буда, имсол ба майдони 5360 га картошка коридааст. Инчунин боз ӯҳдадор шудааст, ки майдони киштро ҳазор гектари дигар зиëд намояд. Ноҳия вазифадор аст, ки баҳри бехатарии таъмини озуқаи кишвар ба хирмани он 230 ҳазор тонна картошкаи хушсифат резад, нарх дар бозорҳо арзон гашта, сокинон азоб накашанд.
Бо вуҷуди кишвари обии дорои захираҳои бойи он будан ба киштзор об намерасад. Инро ба эътибор гирифта, сокинони ноҳия аз ҳисоби маблағҳои шахсии худ 513 чоҳи артизанӣ кофта, об бароварда, бо ëрии ин об ҳосили худро обëрӣ карда истодаанд. Бадии кор дар он аст, ки Шуъбаи барқи дар Истаравшан буда ва шуъбаи дар минтақаи собиқ Калининибод буда, ҳоло ҷамоати Исмоили Сомонӣ аҳолиро бо барқи хушсифат таъмин карда натавониста истодаанд. Дар ин бора 3 маротиба аз тарафи банда ва раиси комитети маҳалла Мадалиев Салоҳидин дар ҳафтаномаи мазкур мақола чоп карда бошем ҳам, натиҷае нест. Аз ин лиҳози маънӣ аз сардабири СССР Сайëфи Мизроб хоҳиш менамоем, ки мухбирони худро ба мавзеъҳои картошкакори ноҳия фиристода, вазъиятро омӯзад ва холисона баҳо дода, дар беҳбудии он ëрии амалии худро расонад.
С.Мадалиев,
Ҷ. Яҳёев, деҳаи Қалъаи Ҳоҷӣ,
н.Деваштич
Аз редаксия: Хонандаи гиромӣ! Тавре ба мо итиллоъ доданд, ин масъала дар маҷлиси ҷамъбастии МИҲД вилояти Суғд, ки рӯзи 14.07.2023 бо ширкати муовини Сарвазири кишвар Сулаймон Зиёзода сурат гирифта буд, матраҳ шудааст. Яъне дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин мушкили шумо хабар доранд ва гурӯҳи корӣ аллакай ба кор шуруъ намудааст. Мушкил сари ҳамон барқ аст, ки бо якҷоя намудани системаи барқии чанд шаҳру ноҳия шиддатнокии кори трансформаторҳои бузург паст шуда, боиси кор кардану накардани нассосҳои обкашӣ гардидааст. Мо пайгири ин мавзуъ ҳастем! Мо Метавонем!!!