ХАБАРИ ДОҒ

Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз

  • Чоршанбе, Июл 26 2023

Хоҷа Сарбоз ҳам мисли мадрасаҳои Хоҷамашҳаду Хоҷа Дурбод мавзеи таърихӣ буда, мутаасифона дар бораи ин мавзеъ дар сарчашмаҳои таърихӣ ва навиштаҳои олимон аснодеро дучор наомадаам.

Хоҷа Сарбоз дар деҳаи Лолазори н.Шаҳритуси вилояти Хатлон ҷойгир буда, аз 1 ҳуҷраи калони бо девори баланд гирд гирифта иборат аст. Болояш кушода аст. Сабаби кушода будани қалъаро аз мӯсафеди 90 - солаи деҳаамон Хӯшмат-бобо  Эшматов пурсон шудам.

-Ёд дорам дар  хурдиам солҳои 50 -ум падарам нақл карда буданд, ки одамони деҳа 2 маротиба болояшро пӯшонидаанд, вале ҳар 2 маротиба ҳам саҳар рафта мебинанд, ки боз шудааст. То ҳозир асрораш номаълум. Боз ҳолдонҳо мегӯянд, ки дар дохили ҳуҷра ҷасади ҳамон Хоҷа Сарбоз гӯронида шудааст. Гӯё кушода будани қалъа ба ҳамон мурдаи дохил рабт дошта бошад, - гуфт Хӯшмат – бобо.

 Инчунин кафшерчӣ Хурсандмурод Мусулмонқулов ба хотир меорад, ки вақти хурдсолиаш бобояш Бегмуҳаммад Зарифов дар баданаш яраи донаҳои сурх баровардааст. Дар гумбази тарафи шимоли мадрасаи Хоҷамашҳад ва пас аз он ба Хоҷа Сарбоз рафта хокҳояшро молидааст, баъди ҳафтае аз он яраҳо ному нишон намондааст. Ин далел эътимоднок аст, чунки бисёр шахсони ба бемориҳои пӯст (ғайр аз сафедшавии пӯст) гирифторшуда, омада аз хоки ин 2 манзили таърихӣ шифо ёфта мераванд

 

Мавзеъҳои фаромӯшшуда...

Далели дигари миёни мардум овоза шуда ин, ки Хоҷа Сарбоз бо Хоҷамашҳади деҳаи Сайёду Хоҷадурбоди деҳаи Қизиласкар акаву бародаронанд. Агар чунин аст, пас сохтмони бино ба асрҳои 9 -12 мутаалиқ мебошад.

 Боз 2 қалъаи дигар - Хоҷа Муллоёқуб дар деҳаи Комсомоли н.Носири Хусрав ва Хоҷаи Ҷон (ҷояш номаълум) низ вуҷуд дорад. Ҳамчунин суханҳо атрофи 7-бародарон будани ин мавзеи таърихӣ ҳам ҳаст. Мо 5-тоашро ин ҷо зикр намудем. Шояд хонандаи азиз барои ёфтани 2 қалъаи дигар ёрӣ мерасонад?

Бо мадрасаи Хоҷамаҳшад ҳамаср будани Хоҷасарбоз аз ҷониби олимон бо роҳи муайяну муқоиса кардани хокҳо бо истифодаи технологияи ҳозиразамон имконпазир мегардад.      

 Ёд дорам, вақти мактабхонӣ соли 1973, олимони археолог дар якҷоягӣ бо Юсуфшо Яқубов дар Мадрасаи Хоҷамашҳад ҳафриёт гузаронда буданд. Ҳамон вақт низ Хоҷа Сарбоз сарфи назар шуд. Бале, бо таассуф бояд қайд намуд, ки на дар солҳои шӯравӣ ва на дар солҳои истиқлолият аз ҷониби масъулони соҳаи фарҳанги ноҳия боре ҳам таваҷҷуҳ зоҳир нагардидааст.

 

Гуландом Ашӯрова,

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter