«Президент» Кенҷаев!
Субҳи барвақти 24.10.1992 армияи ФХ аз самти ғарб, аз ҷониби ноҳияҳои водии Ҳисор ба Душанбе даромада, биноҳои Дастгоҳи президент, Шӯрои олӣ, радио ва ТВро ғасб ва Сафаралӣ Кенҷаевро президент эълон карданд. Ҳарчанд чун юрист “Катании Тоҷик” медонист, ки президентро эълон намекунанд, интихоб мекунанд, вале бо ин амали популистӣ хост таносуби нирӯҳоро ба тарафи худ гардонад ва раҳбарии кишварро худаш ба даст гирад. Аммо комёб нашуд. Аз сабаби наёфтани мутахассисон ҷангиёни ФХ, ки аксаран ӯзбекзабон буданд, ТВро ба кор андохта натавонистанд. Танҳо Рустами Абдураҳим, яке аз раҳбарони ФХ, ки сарсупурдаи “Катанӣ” буд, аз тариқи радио Кенҷаевро президенти Тоҷикистон эълон кард. Аммо аллакай субҳи он рӯз боевикҳои исломӣ аз штабҳои Базаи 3-юм, масҷиди Южний ва Авул ба муқовимат бархоста, корро дигар хел ҳал карданд. Душанбе дар 1 рӯз ба майдони ҷангу қатлу куштору бедодиву тирпаронии сахт табдил ёфт. Задухӯрдҳои асосӣ дар назди кинотеатри "Ватан”, маркази шаҳр, “подземка”-и ЦУМ ва дар рӯи кӯпруки Путовский сурат гирифтанд. Дар нимаи дуюми рӯз ҷангиёни ФХ маҷбур ақиб нишастанд. Ҷанговарони Кенҷаевро шоми 24 октябр аз Душанбе таҳти ҳимояи танку БТРҳои дивизияи 201-и Русия ронданд. Дар маҷмӯъ, дар ҳамлаи рӯзи 24 октябр қариб 100 нафар кушта шуд. Нирӯҳои мухолифин яке аз саркардаҳои ин ҳамла Рустамро дастгир карда, бо шиканҷаву бадрафтории зиёд куштанд ва мурдаашро дар теппаҳои пушти кӯчаи Қаротегин бароварда оташ заданд. Ин бераҳмии вежаи исломистон ҳамин бедодгарии онҳоро дар Ироқу Сурияи имрӯзаро ба ёд меорад. Шоҳидон қисса мекунанд, ки исломистони тоҷик ҷасади Рустамро пушти БТР баставу гирди шаҳр мегардониданд ва табли шодӣ рӯи мурдаи ӯ мекӯфтанд. Баъдан овозаҳо бархост, ки Кенҷаев бар ивази озодии худ Рустамро ба оппозитсия фурӯхтааст...
“Маслиҳатошӣ” дар Регар
Кенҷаев дар китоби хотираҳояш (“Табаддулоти Тоҷикистон”) гуфтааст, тарҳи ҳамла ба Душанбе ҳанӯз рӯзи 12 октябр дар ш.Турсунзода дар ҳузури генерали артиши Русия Валерий Воробев маслиҳат шуда буд. Ӯ дар хотироташ навиштааст, ки дар ин нишаст Ҷиёнхон Ризоев-раиси кумиҷроияи вил.Кӯлоб низ буд ва Воробев 23 октябрро ҳамчун рӯзи оғози ҳамла муайян кард. Вале Ризоев барои омодагии хубтар 1 рӯзи дигар хоста, ҳамларо ба рӯзи 24 октябр гузаронд. Бар асоси ин нақша бояд қариб 1000 нафар аз водии Ҳисор аз самти ғарб ба Душанбе ҳамла меоварданд ва боевикҳои минтақаи Кӯлоб бо раҳбарии Файзалӣ Саид, Сангак Сафаров, Саидшо Шамолов ва Лангарӣ Лангариев аз самти ҷануб. Бо ҳамин, бояд тақрибан 500 каси дигар аз самти шимол-вил.Ленинобод вориди Душанбе мешуданд. Воробев дар ин нишаст ваъда додааст, ки дивизияи 201 роҳҳои даромад ба Душанберо таҳти назорат мегирад ва ба мухолифин имкон нахоҳад дод, то техникаи вазнинро ба пойтахт оварда, мавқеи худро мустаҳкам кунанд. Ӯ танҳо хоҳиш кардааст, ки худи Сангак ба Душанбе наояд, чунки бедодгарӣ хоҳад кард. Хуллас, дар ин нишасти Регар қарор шуд, ки нирӯҳои ФХ аз водии Ҳисор бо ҷангиёни таҳти фармони Сангак ва Файзалӣ дар болои пули Путовский вомехӯранд ва сипас ҳамроҳ ба тасарруфи иншооти муҳими пойтахт идома хоҳанд дод.
Чаро Сангак Ҷиёнхонро парронд?
Чун рӯзи 24.10.1992 ҷангиён аз водии Ҳисор ба Путовский расиданд, онҳоро ин ҷо ба ҷои нирӯҳои Сангаку Файзалӣ ҷангиёни содиқ ба мухолифин бо оташ пешвоз гирифтанд. Баъди ноком шудани ҳамла Кенҷаев ба дивизияи 201 руст шуд. Ин ҳуҷум дар ҳоле сурат гирифт, ки нирӯҳои ФХ аллакай аксари қаламрави водии Вахшро тасарруф карда, ба пойтахт наздик мешуданд. Водии Ҳисор, вилоятҳои Ленинободу Кӯлоб низ аз контроли ҲММ баромада, раҳбарони кишварҳои СНГ-Русия, Узбекистон, Қазоқистон низ дигар дар бораи ҲММ фикр намекарданд. Сангак баъди шикасти ҳамлаи 24 октябр дастандаркорони он, аз ҷумла, Кенҷаевро ба хиёнат айбдор карда гуфт, ин ҳамла бе ризоияти ӯву дигар раҳбарони ФХ сурат гирифтааст. Маҳз баъди ҳамин эътирозаш, бобои Сангак Ҷиёнхонро бо дасти худ парронд.
Таъсис ва ҳаракати Штаби Ургут
Узви собиқ ФХ дар Армияи Сафаралӣ Кенҷаев, Бахтиёр Қаҳҳоров (маъруф бо тахаллуси “Бахтиёри Ургутӣ”)-соҳибкор аз Бозори Султони Кабир дар 1 сӯҳбати вежа бо СССР хотираи 25 соли пешро варақ зада, гуфт, ки чаро ва чӣ тавр Кенҷаев рӯзи 24.10.1992 вориди пойтахт шуд:
-Мо 1 ситод доштем бо номи “Штаби Ургут” воқеъ дар мкр.46-уми ш.Душанбе. Дар гурӯҳ бачаҳои шинохта зиёд буданд, ба мисли Абуалӣ Исматов (маъруф бо лақаби Славик), Саид Мусофиров, раҳматӣ Амон Давлатов, Боймурод ва даҳҳо тани дигар, ки дар моҳи сенябр ва октябри с.1992 кушта шуданд.
Баъди 2 ҳафта шабона ҷамъ шуда, бо роҳбарии Анвар Бозоров (ҳоло раҳбари “Тоҷиктекстил”) ба ҷониби Регар раҳ гирифтем. Мақсад дар он ҷо ташкил кардани гурӯҳ ва омада пойтахтро аз дасти оппозитсияи мусаллаҳ гирифтан буд. Дар Регар шахсиятҳои шинохта-Сафаралӣ Кенҷаев, Мӯсо (аз н.Москва), Ибод Бойматов буданд. Хуллас, дар Регар бо Армияи онҳо пайвастем, ҳама либоси сиёҳ доштем ва субҳи 24.10.1992 тақрибан 2000 нафар боевик (аз инҳо 200 нафар кӯлобии тоза буданд) ба Душанбе омадем.
Аз Сангаку Лангарӣ дараке набуд
Дар назди бозори Путовский (назди фурӯшгоҳи “1001 майда-чуйда”) ҷанги шадиди мо бо гурӯҳҳои силоҳбадасти оппозитсия сар зад ва Фронти халқии Регар расо 1 соат ҷангид. Нерӯҳои оппозитсия бештар дар хонаҳои мардум, дар сексияҳо камин гирифта буданд ва аз ин рӯ, шикаст додани онҳо бениҳоят мушкил буд. Бо ин ҳама оппозитсия шикаст хӯрд ва мо бинои СеКа, Шӯрои Олӣ ва Хонаи Радиоро гирифтем. Беш аз 2 шабонарӯз пойтахт дар дасти мо қарор дошт.
1 гапро бояд гӯям, аммо намедонам, он то чӣ андоза ҳақ аст. Вуруди Армияи Кенҷаев ба пойтахт ба он хотир буд, ки тибқи овозаҳо, байни Кенҷаеву Сангак Сафаров, Файзалӣ Саидов ва Лангарӣ Лангариев маслиҳат будааст, ки бояд дар ҳамин шаб аз 4 тарафи Душанбе дароянду пойтахтро аз дасти оппозитсия гиранд. Чун мо тибқи ҳамин нақша ба пойтахт даромадем ва бо ҷанг биноҳои мазкурро гирифтем, аз Сангаку Файзаливу Лангарӣ ягон дарак набуд. Баъд шунидем, ки ваъдаи онҳо дурӯғ будааст. Агар ин маслиҳат то охир анҷом меёфт, мо ҳич гоҳ шикаст намехӯрдем.
Ҷӯрабек-«спонсор»-и Штаби Ургут
-Аз 2000 ҷанговар қариб 500-600 нафар дар ин набарди 2-шабаи пойтахт, дар подземкаи бозори Путовский, назди Филармонияи давлатӣ, СеКа ва бинои ТВ кушта шуданд. Он қадар хун рехт, ки беҳисоб. Бачаҳо пароканда шуданд ва гурӯҳе сӯи Регар ва аксарият аз захмиён ба дивизияи 201-уми Русия (ҳоло дар ҷои ин дивизия Қасри миллатро сохтаанд) ворид шуданд. Аз ҷумла, ман ҳам захм бардоштам. Чун аз болои девори Дивизия ба дохил паридем, моро нахуст аскарҳои рус дошта, бесилоҳ ва баъд ба утоқҳои табобатӣ бурда, доруву дармон карданд. Баъди 1-2 рӯз афсарони Русия ман ва чанд каси дигари захмиро ҳамроҳ бо чанд ҷасади кӯлобибачаҳо, дар мошини хӯрока бор карда, ба ш.Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб гусел намуданд… Дар хона қариб 1 моҳ истодам, то беҳ шудани саломатиям. Ва дигарбора бо бачаҳои Кангурт ба шаҳр барои бачаҳои пойтахт хӯрока овардем, ки аллакай шаҳр пурра дар дасти Фронти Халқӣ афтода буд.
Ман 1 «сир»-ро бояд ба мухлисони газетаи СССР фош кунам, ки таъминоти молӣ-фонди Штаби Ургут аз чӣ ҳисоб буд? Падари ман-Ҷӯрабек Қаҳҳоров (ӯро бештар бо номи Ҷӯрабеки Ургутӣ мешинохтанд) аз с.1980 то с.1986 директори автопрокати н.Данғара буд. Аз с.1986 то рӯзи марг (с.2010) директори Интернати давлатии Кангурти н.Совет (ҳоло н.Темурмалик) буд. Унвони Аълочии маорифи халқ ва Корманди шоистаи Тоҷикистонро дошт. Шербачаҳои Штаби Ургут дар кисаашон ягон пайса надоштанд, ғайр аз ман!!! Ҳама хӯрду хӯрок аз ҳисоби худам буд. Ман, ки раисбача будам, каме тиловорӣ доштам ва тиллоҳоро ба 1 нафар ҳамшаҳриам фурӯхтам. 1 сумка пул шуд. Дастурхони 2-ҳафтаинаи «Штаби Ургут» аз ҳамин ҳисоб буд. Аксарият бачаҳои Штаб имрӯз дар қайди ҳаётанд ва бигзор дар СССР хотираи худро нависанд, ки он замон аз чӣ ҳисоб рӯз мегузарониданд…
Давом дорад
Шаҳрзоди Амин
СССР
