Принт

Миссия

Бидуни ғараз-2

Гунҷишкбачча очаша ҷик-ҷик нишон медиҳад.

(Масали халқӣ)

Воқеан ҳам миллати ворастае ҳастем, ки дар ҳама мавзуъи зиндагонӣ, сар аз иҷтимоиёт то иқтисоду сиёсат масалҳои хубу ихчам дорем. Мегӯянд, аксарияти қавму қабоили атрофи мо тибқи масалу ривоёту панду насиҳати мо амал кардаву ба ҷое расидаанд. Илло худи мо, ки машинаи маталбофӣ гаштаему мутобиқи ҳич яки он амал намекунем. Мисол мехоҳӣ, хонанда? Марҳамат!
Дур равонат намекунам, каҷпаҳлӯ зану қуттии телевизионатро даргирон. Мондӣ? Акнун бин, ки аз ин қуттӣ ким моро насиҳат мекунад? Кӯдакону наврасону ҷавононе, ки аз 100 гулашон якеш нашкуфтааст. Намедонам, миссияи «саллаву каллаорӣ» кай дар идеологияи мо хатм мешуда бошад? Таври маълум, соли равон Соли ҷавонон ҳукм гирифт, ки айни савоб аст. Аммо на ба ин ҳадде, ки расонаҳои электронии мо фикр кардаанд. Ба пиндори сирф фардии ман, ки метавонад ғалат ҳам бошад, дар Соли ҷавонон бояд мо-солмандону солхӯрдаҳо бештар ба ҷавонон насиҳат мекардем, то ба роҳи росту дуруст ҳидоят шаванд. Вале дар мо баракс шуд! Аз субҳи солеҳ то дили шаб моро, солдидаву солхӯрдаҳоро … ҷавонону наврасон, гулдухтарони дар ҳукми гул насиҳат мекунанду насиҳат мекунанд.
Танзим? Марҳамат. 4 кӯдак (аз нуқтаи назари Бобои Ғуломҳо) сарҷамъ нишаставу дар бораи бурду бохти ин маъракаи хеле муҳим баҳс мекунанд. О, кӣ дар ҷамъияти солмандсолории мо ба наврасон бовар хоҳад кард? Фаромӯш накунед, ки миллати мо тӯли 7-ҳазорсола маҳз тавассути фарҳанги солмандсолорӣ ё худ эҳтиром аз калонсолон, аз чанги ҳаводис раҳидааст. Беҳуда Лисонулғайб намегуфт:
…Ки ройи пир аз бахти ҷавон беҳ!!!
Ва шумо мехоҳед ин миллатро, ки дар хотира «устав»-и нонавиштаи «дар ҷамъияте бузургаш маълум нест, ҳавола ба риш кунед!» дорад, бо панду андарзи чанд кӯдак даъват ба Танзим намоед? Ё худ бигирем, масъалаи манъи никоҳи хешутаборӣ ва фарҳанги оиладориро. Ман ҳоло надидам, ки мӯсафедон (миссияи оқсақолони туркзабонҳо аз фарҳанги солмандсолории мо маншаъ мегирад!) роҷеъ ба ин масъала дар ТВ баҳс карда бошанд. Ҷавонону наврасоне, ки атрофи муҳимтарин дастоварди миллати Тоҷик-фарҳанги табордории ориёӣ баҳс мекунанд, албатта, савод доранд, мавзуъро низ ҳиҷҷа карда, азёд кардаанд ва мисли муллоҳои қорӣ, ки Қуръонро хуб мехонанду сарфаҳм намераванд, суханбозӣ ҳам мекунанд. Аммо аз барои Худо, наврасе, ки ҳоло худ оиладор несту дасти чапро аз рост (бо ҳар 2 маъно) фарқ намекунад, магар ҳуқуқи насиҳати 8 млн нафарро дорад?
Оила бузургтарин ва нозуктарин рукни ҳаёт аст. Сари ин муаммо ҳатто ман, ки Худоро шукр, 5 фарзанд дорам, метарсам, сӯҳбат кунам. Рӯиҳамрафта ҳаргиз касеро насиҳат намекунам. Зеро ҳоло намедонам, оқибати ман дар ин лабиринт чист? Бисёр мардони аслро медонем, ки муаммои оиладорӣ онҳоро то суитсид кашид. Аз занҳо ҳарфе намегӯям, ки фавҷ-фавҷ ба худкушӣ даст мезананд. Ва дар ин додуситад чанд кӯдакро ҷамъ кардану сари масоили оиладорӣ насиҳат кардани 1 миллат, малеҳтар карда гӯям, беодобист! Ба назар мерасад, ё масъулин расонаҳои худро гӯш намекунанд ва ё воқеан ҳам фикр доранд, ки дар соли ҷавонон ҳама аркони зиндагониро метавон ҳаволаи наврасон кард. На-ме-ша-ваддд! Гӯш намекунад ин миллат шуморо. Бовар надоред, 1 бор, барои омм не, барои худатон 1 пурсиш-опрос гузаронед, ки чанд % аз аҳолӣ шуморо мебинаду гӯш мекунад? Чунин пурсишҳо бояд соле 2 бор баргузор гарданд, ки бар нафъи кор аст. Бинед, тамомии сохторҳои бонкиву пуливу молӣ, корхонаҳо, ташкилотҳо дар 2-3 сол ҳатман 1 бор аудит мегузаронанд. Аудит барои ҷилавгирӣ аз хароҷоти барзиёд, коррупсия ва фасод аст. Камбуде, ки ёфтанд, ҳатман рафъ месозанд. Пас чаро расонаҳои электронии мо, ки Ҳукумати марказӣ зимоми 8 млн нафарро ба дасти онҳо додааст, 1 бор аудити иҷтимоӣ, яъне пурсиш-опрос нагузаронанд, то барномаҳои ҷолибро қавӣ ва программаҳои заъифро лағв созанд? Ҳоло ман танҳо перомуни 2-3 мавзуъ баҳс кардам. Дар асл, ин мавзуъот аз пиндор зиёданду мардумро дилбазан кардаанд. Ман зи дилсӯзӣ ин ҳамаро мегӯям, ки гуфтаанд «Дӯст гӯяд табарвор!». Зеро бо чашми худ мебинам, ки марзҳои виртуалии мо кайҳо шикаставу фурӯ рехтаанд. Боз далел мехоҳед? Марҳамат!
Мардона бигӯ, хонандаи ин сутур, оре, маҳз туе, ки фикр дорӣ «СМ маро дар назар дошта бошад?», болои бомат моҳвора гузоштаӣ? Агар ҳа, пас намепурсам, ки кадом каналҳоро тамошо мекунӣ… Зеро ниёз модари пешниҳод аст (Спрос рождает предложение!-John Maynard Keynes; 1883 — 1946). Яъне ту ниёз ба чизе дигар дорӣ… Пас чӣ бояд кард? Ба фикри инфиродии ман, ки ҳаргиз метавонед қабулаш накунед, БОЯД барои мӯсафедон, минёсолон ва солдидаҳо (фикр намекунам, нафақа ба маънии онҳоро ҳатман аз қатори одамон хат задан бошад!), журналистони солманд ва барномаҳои диданиро баргардонед! Инҳо, ки ҳамунҳоро гӯш карданд, миссияи асливу усулии ТВ ва Радио-«ба мардум расонидани афкори умум!»-ро иҷро мекунанд. Ва бовар кунед, мӯҳтарам масъулин, сухани 1 пире 200 факту далели ҷавонро барға мезанад. Намезанад? Ещё как мезанад!!!
Мо Метавонем!

Матлабҳои дигар