Принт

Сурх, сафед, сиёҳ… «парол»-и ФХТ


(идома аз шумораҳои пешин)

Кенҷаев дар бозори Термиз
Дар ин нишасти Регар, барои он, ки сарбозони дастаҳои гуногун ҳамдигаррро шиносанд ва ягон ҳодисаи нохуше миёни онҳо сар назанад, ба қарор омаданд, ки дар дасти чап-аз оринҷ боло ҳар сарбоз бояд то соати 14-и рӯз порае аз матоъи сурх, пас аз соати 14 то соати 10-и саҳарии рӯзи дигар (25.10.1992) латтаи сурхро наканда, матоъи сурху сиёҳ ва аз соати 10-и саҳар латтапораи сурху сиёҳро наканда, матои сафед бидӯзад. Чунин тартиби якдигарро фарқ кардани сарбозону афсарон ба қумондонҳои ФХТ ва командирҳои шаҳру навоҳии ҷануби кишвар фаҳмонида шуд. Барои амалӣ намудани ин «низом» Сафаралӣ Кенҷаев аз шаҳри Термиз 10 метр матоъ (сон)-и сафед, 10 метр матои сиёҳ ва 10 метр матои сурх харидорӣ намуд. Аз ҳар намуди ин матоъ ӯ ба Ҷиёнхон ва чанд нафари дигар бо қайчӣ буррида дод. Дар охир, бори дигар аз Ҷиёнхон, Пирӣ Ҳусейн ва Рустами Абдураҳим хоҳиш кард, масъалаи ҳуҷум ба Душанберо хело дақиқ ва ҷиддӣ ҳал кунанду Сангаку Файзалӣ бояд ба пойтахт дароянд. Хуллас, он рӯз Кенҷаев 1 нусхаи нақшаи Душанбешаҳрро барои Ҷиёнхон дода, онҳоро ба Кӯлоб гуселонид ва ба он умед, ки Рустам бо дастаи худ ва тибқи барномаи хос бояд, ки соати 10-и рӯзи 16.10.1992 ба Регар биёяд…

Рӯзи ҷумъаи бахосият…
Вилояти собиқи Қӯрғонтеппа он шабу рӯз ба полигон-майдони ҳарбу зарб табдил ёфта буд. Ҳар 2 тараф-ҳам ФХТ ва ҳам нерӯҳои мухолифин дар задухӯрд аз техникаи вазнини ҷангӣ кор гирифтанд, ки дар натиҷа даҳҳо ҷавонони мулкӣ кушта ва биноҳои давлатию шахсӣ ба хок яксон гардиданд. Ахир, 19.10.1992, соати 12-и рӯз вукалои вил.Кӯлоб-Ҷиёнхон, Рустам ва Пирӣ ба Регар меоянд ва дар ҳузури мутахассисони ҳарбӣ, миёнаравон… ҳар кас андешаи худро мегӯяд, ки барои чӣ амалиёти 17.10.1992 ба Душанбе доир нашуд. Он ҷо ҳама Ҷиёнхонро гунаҳкор мекунанд, ки ба ин бемасъулиятӣ маҳз айби ӯст. Сипас ӯ вазъи дар Кӯлобу Қӯрғонтеппа бамиёномадаро ба ҳозирин объективона фаҳмонд, ки воқеан новобаста аз хоҳиши онҳо 1500 нафар силоҳдоронро аз дастаи Лангарӣ ва Файзалӣ дар давоми 2 рӯз ҷамъ намуда, бо силоҳ таъмин ва шинос намудан кори осон набуд. Дар ин вақт Рустам Ҷиёнхонро тарафдорӣ намуд. Ҳар 2 байни ҳам чизе пичиррос карданд. Пас Рустам ба ҳозирин рӯ оварда мегӯяд:
«Рӯзи ҷумъа (23.10.1992) бисёр рӯзи бахосият аст ва агар худо хоҳад, соати 5-и саҳар ба Душанбе медароем». Ин дам Кенҷаев ва чанд тани дигар аз ҳар 2 қотеъона мепурсанд, ки оё рӯзи 23.10.1992-ро бо қумондонҳои саҳроии худ маслиҳат кардаанд, ё на? Рустам мегӯяд, ки ин рӯз қарори қатъӣ асту амри муқаддасу раъйи муҳим. Кенҷаев аз Ҷиёнхон талаб мекунад, ки рӯзи 23.10.1992, соати 12 Рустам бо дастаи наттоқони идораи радио ва ТВи Кӯлоб бо барномаи хос ҳатман ба Регар биёяд ва ҳамроҳ ба Душанбе мераванд…

Ҳуҷуми ногаҳонӣ ба Кенҷаев
Рустам рӯзи 23.10.1992, соати 16:00 бо чархбол тани танҳо ва бе дастаи наттоқони радио ва ТВ Кӯлоб ба Регар меояд. Ӯро Кенҷаев пешвоз гирифта, чунин ранг гирифтани корро мепурсад. Дар посух Рустам мегӯяд: «Наттоқон бо чархбол ба Калининобод (ҳоло Сарбанд) ба штаби Сангак ва Файзалӣ парвоз карданд. Аз рӯи аҳд субҳи 24.10.1992 бо дастаи Файзалӣ ба Душанбе даромада, пешакӣ дар сари пули рӯди Душанбе (Путовский) бояд вохӯранд.
Субҳи 24.10.1992 Рустами Абдураҳим ба соаташ нигарист, ки соат аз 6 гузаштааст ва ба Кенҷаев рӯ оварда мегӯяд: «Дер кардем-ку?! Дастаи Лангарӣ ва Файзалӣ соати 5 ба Душанбе шояд даромада бошанд. Охир, нақша соати 5-и саҳар буд-ку!».
Вақте ки армияи Кенҷаев аз кӯпруки дарёи Душанбе ба кӯчаи Путовский (ҳоло И.Сомонӣ) мегузаранд, мухолифин онҳоро бо тиру туфанг пешвоз мегирданд. Тирпаронӣ аз тарафи бинои бозори Баракат ва хонаи истиқоматии 9-ошёнаи рӯбарӯи ҳамин бозор сар мешавад. Тири снайперу автомати Калашников ва пулемёти дастӣ аз 2 тараф ба сари армияи Кенҷаев мерезад. Ҳама зуд аз трактору мошинҳо фаромада, ба ҳуҷум мегузаранд. Ба қавли шоҳидон, мавқеъ-мишени оппозитсия хело хуб буд, чун онҳо аз боло, аз самти хонаҳои истиқоматии 9-ошёнаи кӯчаи И.Сомонӣ тир мекушоданд.

Аз нерӯи ҷанубӣ то ҳол дараке нест
Ин ҷо тибқи нақша бояд Файзалӣ бо аскаронаш омада, бо ҳам вомехӯрданд ва ҳамроҳи онҳо мебоист ровиёни радиову ТВ Кӯлоб низ мебуданд. Мувофиқи ҳамин маслиҳат Файзалӣ бо ёрии танку БТРҳо вориди маркази Душанбе шуда, дастаи наттоқонро гирифта, ба идораи радио ва ТВи марказӣ мерафтанд. Ин дам соат аз 6 гузашта буд. Рустам ин ҳолатро дидаву дар ҳайрат монда, дар фикр рафта ба Кенҷаев мегӯяд: «Чӣ сирре ин ҷо ниҳон бошад? Чаро онҳо наомаданд? Ягон ҳодиса рух дод магар?!»
Дар ин шапошапӣ 3 аъзои ФХТ маҷрӯҳ ва 1 нафар ҳалок мешавад. Рустам бошад дар байни муҳофизон. Дар ин лаҳза радду бадале байни Кенҷаеву Рустам сар мезанад ва Кенҷаев бо исрор аз ӯ мепурсад, ки барои чӣ армияи Сангаку Файзаливу Лангарӣ… дар ин вақту соати ваъдагӣ наомаданд? Ин ҷанги бидуни нақша ва аблаҳона расо 25-30 дақиқа давом мекунад. Мухолифин нобуд шуда, боқимонда мегурезанд. Кенҷаев аз рӯи нақша 50 сарбозро бо қумондонаш дар болои пули рӯди Душанбе (кӯч.Путовский) мегузорад, то ин ки касе аз самти шимолу ҷануб ва ғарб вориди марказ нашавад.

Сангаки зидди амалиёти Кенҷаев буд
Соат қариби 7 буд. Кенҷаев ба Рустам нигариста мегӯяд: «Чӣ бояд кард? Наттоқони кӯлобиро интизор шавем, ё не? Вақт рафта истодааст…». Рустам дар посух мегӯяд: «Не, корро худамон сар мекунем!»
Ҳар 2 ба ошёнаи 2-уми Хонаи Радио медароянд. Кормандони радио-3 нафар занони рус зуд студияи 1-умро барои онҳо кушода, ба кор медароранд. Рустам назди микрофон нишаста, мардумро ба оромӣ даъват мекунад. Аз бинои Хонаи Радио баромада, ба дивизияи 201-и Русия мераванд. Он замон садои тир дар Душанбе аҳён-аҳён мебаромад. Авзоъ дар пойтахт мисле ки ором буд, аммо аз дастаи Лангариву Файзалӣ ва гурӯҳи наттоқони радиову ТВ Кӯлоб хабаре набуд. Ин замон Рустами Абдураҳим бетоқатона дар ҳузури Кенҷаев ва чанд қумондони ФХТ ба Ҷиёнхон тавассути телефони ВЧ занг зада, нисбати то ҳол ба Душанбе наомадани дастаҳои Лангариву Файзалӣ бо ғазаб ва дуруштона мепурсад. Дар посух аз ун тарафи гӯшӣ Ҷиёнхон дар бораи Сангак чизе мегӯяд, ки барои Кенҷаеву Рустам аслан нофаҳмо буду ғайриинтизор. Ба гуфти Ҷиёнхон, Сангак комилан зидди воридшавии дастаи Лангариву Файзалӣ ва гурӯҳи дикторҳои радио ва ТВ Кӯлоб ба Душанбе будааст…


Шаҳрзоди Амин,
СССР

Матлабҳои дигар