Дар ҳоле, ки тибқи Паёми нави президенти Тоҷикистон, Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафи ҷаҳоруми стратегии мамлакат саноатикунонии кишвар аст, тӯли солҳост, дар ҳукумати шаҳри Панҷакент шӯъбаи саноат вуҷуд надорад. Ин дар ҳолест, ки ин минтақа яке аз шаҳрҳои саноатии мамлакат дониста мешавад. Тибқи маълумоти оморӣ, дар ш.Панҷакент 11 номгӯи корхонаҳои саноатӣ фаъоланд, ки яке аз калонтарини он КМ тиллоистеҳсолкунии Тоҷикистону Чин-“Зарафшон” аст, ки дар рӯйхати андозсупорандагони «азим»-и мамлакат қарор дорад ва 98%-и андозҳо аз захираҳои табииро дар Панҷакент мепардозаду зиёда аз 2000 коргар дорад. Гурӯҳе бар инанд, ки шумораи саноатчиёни Панҷакент шояд беш аз 5000 нафарро ташкил диҳад, лек набуди шӯъбаи саноат, ки назорату фаъолияти ин соҳаро бояд танзиму таҳлил кунанд, ба 1 аудиторияи пур аз донишҷӯю вале бе муаллим монанд аст.
Рӯйхати корхонаҳои саноатии Панҷакент:
1. ҶДММ КМ “Зарафшон”
2. ЧСК “Парандис”
3. ҶСНК “Гӯшту шир”
4. ҶСК “Панҷкӯл”
5. ҶСШК “Заводи хишт”
6. Матбаа
7. ҶСП “Мармари Зарафшон”
8. ҶДММ “Дион ангишти Тоҷикистон”
9. ҶДММ “Сиёвуш Ф”
10. ҶДММ “Хишти Саразм”
11. ҶДММ “”Номвар”
Ба саволи чаро дар ҳукумати маҳаллии Панҷакент шӯъбаи саноат амал намекунад, 1 нафар аз ҳукумати ш.Панҷакент ба шарти наовардани номаш гуфт, ки барои ташкили шӯъбаи саноат бояд аз ҳукумати маҳаллию Вазорати саноат ташаббус шавад ва онро Ҳукумати ҷумҳурӣ дастгирӣ намояд.
-Барои ин воҳиди корӣ бояд ҷудо гардад. Дуруст аст, ки сарпарасти соҳаи саноат ва сохтмон дорем, аммо шӯъба нест – гуфт ҳамсӯҳбати мо!
Ба иттилои манбаъ, айни замон фаъолияти шӯъбаи саноатро дар ҳукумати ш.Панҷакент шӯъбаи иқтисодиёт пеш бурда истодааст. Солҳои пеш, ба гуфтаи ҳолдонҳо, ин шӯъба аз ҳисоби дигар шӯъбаҳо фаъолият мекард ва маошаш ҳам аз сарчашмаҳои дигар буд. Баъдан мушкилоти пардохти маоши кормандон пеш меояд ва оҳиста-оҳиста кормандонаш ҳам аз кор даст мекашанд ва бо ҳамин фаъолияти шӯъбаи саноат пурра аз байн меравад. Дар ҳоле вазири қаблӣ, ки худ зодаи ҳамин диёр буду ба ин мушкил аз паси панҷа менигарист, суоли матраҳ ин аст, ки вазири тозатаъйини саноат ва технологияҳои нав ин муаммои Панҷакентро ҳал мекунад?
Хуршед Фозилов
Махсус барои СССР, ш.Панҷакент