Принт

Ғалатҳои ғалатӣ барои Шарофзода

Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ рӯзи 13.02.2019 аз гуфтор ва тарзи навишти баъзе калимаҳо дар Газетаи мардумии СССР сахт эътироз намуда, дар нишасти хабарӣ эълон дошт, ки рӯзномаро ба хотири нақзи Қонуни забони тоҷикӣ ба Прокуратураи генералии кишвар хоҳад дод, то ҷарима кунанд ё суд!!!


Яке аз зертобеони дигари бону Гавҳар Шарофзода, Мавҷигул Давлатшоева-мудири бахши забоншиносии ин кумита бошад, ба масали мардумӣ гузаронид, ки гуфт, дар нашрия калимаву истилоҳҳое дарҷ мегарданд, ки ба забони мо бегонаанд. Мавҷигулу Гавҳарро мо ҳанӯз ҳам интизорем, ки биоянду мо-бесаводонро омӯзонанд, то ба гуфтаи бобои Ғулом «одам шавем» ва донем, ки дар даҳону забони онҳо чӣ бегонаасту чӣ худӣ...
 Мутахассисони Кумита иддао доранд, ки Газетаи мардумии СССР калимаҳои хориҷӣ-русӣ ва байналмилалиро дар асл дарҷ мекунад, ҳол он, ки ин калимаҳо тибқи меъёрҳои забон бояд бо тарҷумаи Тоҷикӣ нашр шаванд. Вале чун ба кӯчаҳои пойтахту шаҳру деҳот мебароед, навиштаҳои калон-калон ва баннерҳои фарзи мисол, кӯчаву хиёбонҳои шаҳрҳои Душанбею Хуҷандро дида ҳайрон мемонед, ки Гавҳару Мавҷигул чаро инҳоро намебинанд? Ва ё тибқи ҳамон фармоне, ки бар мо нишон доданду гуфтанд, ки бо хоҳиши худ не, бо амри Генпрокурор ба тафтишатон омадаем, дар ин радду бадал дигар кас даст дорад?
Хуб, сирри давлатиро фош намекунем. Додситон худаш медонад, ки чунин фармонро додааст, ё на?
Аммо дар пайи ин иддаои Гавҳарбону ва зертобеони эшон, ки боз ҳам имиҷ, яъне обрӯи давлатеро, ки даъвои озодии сухан дорад, хатчадор намуд, ман тасмим гирифтам 1 ҳафтаи охир дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт гашта, барои ин ниҳод боз факту далел ҷамъ намоям-факту далели дағалона вайрон шудани Қонуни забони Тоҷикӣ аз ҷониби бархе аз соҳибкорони шинохтаи тоҷик. Ку, бубинем, «зӯри» Шарофзода ва Давлатшоева ба ин «вайронкорони» забони тоҷикӣ мерасида бошад!? Мо метавонем!

Мину Аминзода,
махсус барои СССР
5.03.2019


PS: Дар охир мехостем, Гавҳар Шарофзодаву шогирди содиқаш Мавҷигул Давлатшоеваро бо 8 март табрик гӯем. Вале тарсидем, ҷарима нашавем, аз сӯи ин 2 бонуи ҳамдиёр, яъне ҳамкор. Зеро, бало занад, МАРТ ҳам калимаи ғайритоҷикист!!! Шояд ба солшумории арабӣ-ваҳҳобӣ гузарем???

Матлабҳои дигар