Принт

Ҳисоботе пеши душман…

 

1 нафаре бо исму насаби Султон Сафаров тариқи сайти иҷтимоии Фейсбук пайваста аз мо эрод мегирад, ки шумо чиро Метавонед, ки шиоратон «Мо Метавонем!» аст? Чӣ коре кардаед??? Ва ғ. ва ҳ... Дар тӯли 11 соле, ки СССР таъсис ёфт, ҳаргиз худнамоӣ ва миннати некие накардаем, вале чун ин нафар ба таъбири Одинаи Ҳошими раҳматӣ "гузаронид"..., ин посухро навиштемаш. Аммо дӯстони мо медонанд, ки ин ҳама шингиле аз хӯшаҳои хайрияҳои мост. Зеро Мо Метавонем! Ва воқеан!!!

 Сафсаттаи 1 «бизнесмен»

Султон Сафаров ба суоли журналист Саъдии Маҳдӣ, ки пурсидааст аз ӯ, боре газетаи мардумии СССР-ро хондаӣ, посухи «олиҷаноб»-е додааст, ки аз умқи бесаводӣ, сиёҳдилӣ ва ифротгароияш дарак медиҳад. Ӯ гуфтааст: Ман китоб мехонам. "Нисо", Арбоб Камол "," Марги Судхур "," Одина ". Ман бизнесменам ва ин китобҳои тавсиядодаи Бек Сабур "мощно связан с бизнесом" ҳастанд. Экономический характер доранд. Зачем мне газета ваша? (оё ягон матлаб дар СССР-атон ҷиҳати мазаммати ин "қаҳрамон" (Б.Сабур) навиштаед?? Оне, ки тамоми дунё шоҳиди бесаводиаш гаштанд. Шумоён, ки ҳамаро ба қалами мазаммату маломат ва мазҳака мекашед мудом. Агар нанавиштед, барои чӣ?! Аз кӣ метарсед???

 Далелҳои СССР

Додарам, Султон Сафаров! Саъдии Маҳдӣ беҳуда намегӯяд, ки 1 бор СССР хон!!! Бек ва тамомии бекҳо садҳо бор дар мо интиқод шудаанд ва хоҳанд шуд. Бадбахтии олами Фейс ва шахсан аз ту ҳам ин аст, ки намехонед, вале танқид мекунед. Мо дар ҳамин шумораи гузаштаамон беш аз 30 матлаби танқидӣ дорем. Минҷумла, раиси Мастчоҳ, вил.Суғд, Хатлон, Бохтару Вахшу Исфара… Раисони Кумитаи андоз, Гумрук, Амвол, Палатаи ҳисоб, вазири кишоварзӣ, иқтисод ва савдо, 4 бозори пойтахт, муовинони раиси ш.Душанбе, нақлиёт… зери тозиёнаи танқиди мо қарор гирифтаанд! Нахондаву надидаву наозмуда эрод нагир!

Бизнесат илоҳо рушд кунад, лек мо ҳамасола ба садҳо маъюб аробачаву ба садҳо тан ғизову ба садҳо нафари дигар кӯмаки билоиваз мебарем. 80 кӯдаки камбағалу душвортарбиятро футболист кардаем, онҳо дар мактаби вежаи варзишии СССР 6 сол шуд тамрин мекунанд. Онҳоро бо тамомии сарупову тӯбу тренер таъмин кардаем. Кӯдаконро шаҳр ба шаҳр гардонидаву сабқат баргузор мекунем. Ҳамасола 200 кӯдакро дар мусобиқаи Ҷоми СССР аз сартосари кишвар ҷамъ меорем, садҳо наврасро дар меҳмонхонаҳо ҷо мекунем, садҳо танро ба сайру сайёҳӣ мебарорем, садҳо кӯдаки помириву кӯлобиву суғдиву зарафшониро аз ин шаҳр ба ун шаҳр мебарем, то МИЛЛАТи ваҳид дар оянда ташаккул ёбад…, вале инро фош намекунем. Зеро тибқи ривоёти «Дасти рост хайр кард-чап набояд бинад ва баракс» амал менамоем. Вале чун ту чанд сол аст даъво дорӣ, ин амалро кӯчак карда пешат мекорем... Ва агар ту бизнесмен (!) ва ғамхори миллатӣ (!!), биё, ақаллан ба 1 аксияи мо пайванд! Ба вежа, дар моҳи Рамазон ва бо чашми сар бин, ки Мо Метавонем! Слабо??? Ещё как!

 Мо метавонем!-шиори миллат!!!

Султонбой-ако ба ин аксҳо диққат кун ва бин, ки чигуна ин атфол дӯстдори футболанд. Синнашон аз 5 то 15 сола аст. Аллакай бархе аз ин атфол баркамол шудаву дар Донишгоҳу Омӯзишгоҳҳо мехонанд-бо саводи худ дохил шуданд, зеро волидайн пул надоранд-камбизоатанд-ва ҳанӯзам дар дастаҳои донишҷӯӣ футбол мезананд. Онҳоро мо тарбият кардем, Султон! Зеро талабот дар варзишгоҳи СССР аз ин ҷавонон 3 чиз аст: 1.Хониши аъло. 2.Одобу фарҳанг. 3.Дашном надодан…

Ҷамъияти мо ҳама фалсафафурӯшӣ мекунем, ки дар кӯча насли наврас дашному ҳақорат медиҳад, вале хасеро болои хасе барои ислоҳи вазъ намегузорем. Мо 6 сол шуд, ки ба ин кӯдакон дашном накарданро меомӯзем! Зеро агар 1 бор дашном кард, аз варзишгоҳ ва дастаи футболи СССР абадан пеш карда мешавад. Мегӯӣ, намешавад? Мешавад! Мо тӯли ин 6 сол ҳамагӣ 4 нафарро пеш кардем, барои сақатгӯӣ ва он ҳам дар соли аввал. Воқеан ҳам шиори ҳамаи инҳо «Мо Метавонем!» аст... Яъне чӣ? Яъне мо ин шиорро шиори МИЛЛАТ кардаем. Миллате, ки тавоност бояд чунин шиор дошта бошад. А, туву «спонсорҳо»-и наҳзативу салафият зидди на танҳо шиор, ки алайҳи дилхоҳ пешрафти Тоҷикистонед.

Султон-бой! Ана ин дӯстрӯякон, ки дар акс мебинӣ, ятиманд... Ту худатро ШЕР мехонӣ. Агар Шер бошӣ, биё, ба онҳо 1 сарупо-экипировкаи футболӣ бихар..., то қиёмат дуояшон дастгират мешавад... Акнун дарк кардӣ, ки аз дур ҳамаамон ШЕРем?!

 Шер, ки бузе беш нест!

Ту ҳамон шере ҳастӣ, ки ҳазрати Бедил дар ҳаққат мефармояд:

Даъвии мардони ин аср инфиоле беш нест,

ШЕР меғурранд, чун вомерасӣ, БУЗғолаанд!!!

Мо ҳамин варзишгоҳро барои онҳо сохтаем!!! Ва худо хоҳад, бо кӯмаку дастгирии дӯстон, хонандагон, муаллифон ва аъзои Ихвон ал СССР, имсол боз варзишгоҳи замонавишон месозем!!! Мо Метавонем!

Султон Сафарови гиромӣ ва ШЕР... ту ин матлабро дар Фейс хонда хомӯш шудӣ! Медонӣ барои чӣ? Барои он, ки мо аз туи бизнесмен дархост кардем, агар мардӣ биёву бар кӯдакони миллатат кӯмакчае кун. Гурдаи хайр надорӣ ва худро тоҷику мусалмон мехонӣ? Хестӣ, ки хобӣ! Дилхоҳ Тоҷике, ки имрӯз дар ин давлат қарор дораду барои пешрафти ин миллат коре мекунад, Ӯст Тоҷик! Шумо ҷумла манқуртаконе беш нестед ва садқаи нону намаки Мастчоҳу Бӯстони нозанин кунад ҳамаи шуморо! Воқеан ҳам, мақомот бояд аз падару модари ин сакалту бозпурсад, ки оё медонанд, писари «ШЕР-бузғолаашон» дар Русия бо чӣ коре банд аст? Ва аз ҳама охир: Чун фаҳмидем, ки ин сакалту аз вил.Суғд аст, ин далелеро, ки низ исботи шиори «Мо Метавонем!» аст, пешорӯяш мекашем:

Шоираи Раҳимҷон-мудири Маркази продюссерии СССР ҳамасола дар Душанбеву Суғд консерти хайрия барпо кардаву пули онро бештар ба сокинони маризу камбизоати ин вилояти Тоҷикистон мебахшад. Мо соли пор дар Хуҷанд консерт барпо кардем ва пули онро барои табобати чанд тифлаки суғдӣ, ки хеле сахт мариз буданд, гузаронидем...Ва медонӣ Султони «бизнесмен» аз ин консерт мо чанд % барои худ гирифтем? 0%!!! Ва ин консертҳоро мо пайваста баргузор мекунем. Зеро Мо МЕТАВОНЕМ!!! Ту ҳоло намедонӣ, ки мо дар садади чӣ қадар проектҳои ормони миллӣ будем, ҳастем ва хоҳем монду чӣ миқдор солхӯрдагонро дар солҳои қаҳтиву қиматӣ ярмарка таъсис дода, бо ғизои арзон таъмин мекардем, дасти чандин пиру барноро гирифтем, мушкилкушои чанд ҳазор кас гардидем… Ин миннат нест: ин факту далелест, ки пешорӯи туи сакалту рехтем. Мо Метавонем!

СССР

PS: Аз тамомии комментҳои ин баччаи «бизнесмен» ва «шер» бӯи ифрот меояд ва мақомот бояд рӯи ӯ кор кунанд:

Сари чашма бояд гирифтан ба бел,

Чу пур шуд нашояд гузаштан ба пил!

 

Матлабҳои дигар