(идома аз шумораҳои пешин)
Сарпарасти Ҷумъа кӣ буд?
Воқеан саволе ба миён меояд, ки чаро расонаҳои хабарии Ӯзбекистону Қирғизистон пайвас¬та мегуфтанд, гурӯҳҳои ҳизби исломӣ аз сарҳади Тоҷикистон убур кардаанд? Онҳо, ки дар самтҳои Боткенту Намангон, Фарғонаву н.Гулистони вил.Тошканд меҷангиданд, чӣ гуна пайдо шуданд? Либос, хӯрокворӣ, тиру тӯпро дар муддати 3 моҳ аз кӣ гирифтанд? Албатта, бе ёрии бевоситаи ташкилотҳои ғайрирасмии ҳизбашон фаъолият карда наметавонистанд. Фикр мекунам, бо айбдор кардани Ҳукумати Тоҷикистон оид ба задухӯрдҳо мехостанд, мардуми худро аз проблемаҳои дохилӣ, вазъи ноустувори ҷамъиятиву сиёсӣ дур кунанд. Хосса, ҳукуматдорони Ӯзбекистон бояд дарк кунанд, ки қувваҳои беруниву дохилии кишварашон муштарак амал карда, кайҳо боз мухолифинро ташаккул додаанд. Айб дар вазъи номӯътадили ҳамин кишварҳост, на дар марзу буми Тоҷикистон!
Ба маломатҳои Ҷумъа нигоҳ накарда, Ғайратшоҳ Адҳамов оҳиста ба сухан даромада, ба ӯ фаҳмонд: «Бародар, ҷои хафагӣ нест. Ҳар як фард бояд ба тақдир тан диҳад. То он рӯзе ки якҷо будем, мо нисбати шумо, зану фарзандатон ҳар чӣ аз дастамон омад, кардем. Лекин имрӯз барои мо аз якпорчагӣ ва ваҳдат дида чизи заруртаре нест. Мо ҷанг карданӣ нестем. Дида истодаӣ, ки ба сари мо айбномаву доғҳои сиёҳро ҳамшаҳриҳоятон бор кардаанд. Ба ин нигоҳ накарда сарвари мо санги маломат назад, ба хотири вайрон нашудани муносибатҳои ҳамсоягӣ то бас гуфтан тамкину тоқат кард. Дӯстам, моро ба ҷои худат дар Ӯзбекистон тасаввур кун. Оё президенти Шумо ваколат медод, ки мо хушӣ ба хушӣ аз он ҷо биравем? Албатта, не! Мо бошем, тамоми ваколату салоҳиятро дорем, ҳатто дастур дорем, ки ту ва зердастону гурезаҳоятро бо анҷому аслиҳаатон ба Афғонистон бурда амниятатонро таъмин кунем».
Тамоси Азимов
Дар вақти гуфтугӯ ман ҳам Ғайратшоҳро дастгирӣ карда, розигии Ҷумъаро оид ба бе ҷангу ҷидол тарк кардани воҳаи Қаротегин ва ба Афғонистон интиқол дода шуданашон хоҳон шудам. Таклифҳои ӯро оид ба кушодани роҳ дар сарҳади ҷониби Ӯзбекистони вил.Боткенти Қирғизистон мо дастгирӣ накардем. Оқибати чунин «меҳрубонӣ», албатта, ба мо маълум буд. Чунин сурат гирифтани масъала ба ҷанҷолҳои минтақавӣ оварда мерасонд. Тахминан соатҳои 7-и саҳар Ҷумъа риштаи суханро канда гуфт: «Ба ҳар ҳол бо устодам як машварат карданам лозим» ва хайру маъзур карду рафт.
Мо вақти холиро истифода намуда, барои тарҳи амали минбаъда лаби дарёи Хингоб рафтем. Қарибиҳои нисфирӯзӣ баргашта ба меҳмонхона омадем. Ба мо хабар расид, ки Амирқул Азимов илтимос карданд, то бо Тоҷикобод тамос бигирем. Аз мухобирачӣ илтимос кардам, ки моро бо ҳам пайваст кунад. Баъди ҳолпурсӣ ба он кас муфассал оид ба вохӯрӣ бо Ҷумъа иттилоъ додам. Пурсиданд, ки то чӣ андоза бовар кардан мумкин? Гуфтам: «Аз эҳтимол дур нест, ки гуфтугӯ боз идома ёбад. Аммо аён аст, ки ӯ мушовир дорад ва фишор бештар аз ҷониби қумандонҳои воҳа ҳис карда мешавад». Ҳамзамон таъкид карданд, ки агар то бегоҳӣ мо наомадем, ба ҳар воситае ки бошад, Шумо ба Тавилдара биёед.
«Устод Абдулло»-мушовири Ҷумъа
Баъди нисфирӯзӣ каме вақти холӣ пайдо шуду Муҳаммадӣ Ҳакимов назди ман даромада хабар дод, ки дар давоми гуфтушунидҳои мо ӯ дар байни мусаллаҳони ӯзбек 2 фарди хориҷиро дида, бо онҳо ҳамсӯҳбат шудааст. Қариб ҳамаи зердастони Ҷумъа ба яке аз онҳо «Устод Абдулло» гӯён бо эҳтироми хос муроҷиат карда, маслиҳат мепурсидаанд. Номи падари дуввумаш Абӯ будааст. Пас маълум шуд, ки мушовирони Ҷумъа-устод Абдулло араб ва Абӯ ҳинду будаанд. Аниқ кардем, ки онҳо дар хидмати силоҳбадастони ӯзбек аз рӯзҳои қумандон таъйин шудани Ҷумъа ширкат доштаанд. Ҳамаи амалиёт, тайёр кардани лавозимот, тирпаронӣ ва машқҳои ҳарбӣ бевосита таҳти назорати онҳо мегузаштааст. Вақте аз ин воқеа огоҳ шудам, бар¬ало фаҳмидам, ки «боз як машварат кунам» гуфта баромада рафтани Ҷумъа маънӣ дошта, манзур ҳамин мушовиронаш будааст. Рӯз бегоҳ шуд. Қарибиҳои соати 6 А.Азимов ба қароргоҳи мо омад ва аз гуфтугӯҳои бо Ҷумъа суратгирифтаи мо муфассал воқиф шуд. Баъди шом Ҷумъа боз бо якчанд ҳозирбошҳояш омад. Азбаски мо пагоҳии ҳамон рӯз бо ӯ сӯҳбат доштем, суханро Азимов оғоз карда, ба Ҷумъа мақсади омадани комиссияи давлатиро ба воҳаи Қаротегин шарҳ доданд. Ман ин ҷо мазмуни гуфтушунидро ошкор намесозам, зеро раванди гуфтугӯ ҳамон сӯҳбати субҳ кардаи мо буд.
4 шарти Ҷумъа
Ҷумъа домани баҳсро кӯтоҳ карда гуфт: «Мо тамоми андешаҳои шуморо дар тарозуи ақл баркашида, ба хулосае омадем, ки аз Тоҷикистон ба Афғонистон ба ситоди ҲИӮ, ки дар Мазори Шариф ва Қундуз қарор дорад, меравем. Лек чанд савол дорам:
-Аввал, кафолати таъмини бехатарии моро кӣ ба ӯҳда мегирад?
-Дуввум, ман шубҳа дорам, боз чунин нашавад, ки ҳавопаймоҳои Ӯзбекистон дар роҳ, дар соҳили дарёи Панҷ аз ҳаво моро бомбаборон кунанд? Худатон медонед, ки Давлати исломии Афғонистон қувваҳои зиддиҳавоӣ надорад;
-Сеюм, мо аз Тоҷикистон ба хориҷи он ба шарте меравем, ки зердастони ман аз ҷануби марзи ҷумҳурӣ, ки зери назорати Толибҳоянд, ба мавзеъҳои Кампи Сахии Афғонистон интиқол дода шаванд. Ба он мавзеъҳо, ки таҳти фармондеҳии Аҳмадшоҳи Масъуд ва зердастони ӯ қарор доранд, мо намеравем. Зеро дар ҳайати Толибон, дар набардҳои хунин бар зидди онҳо ҷангида будем;
-Чаҳорум ва охирин талаби ман ин аст: Оғоён Адҳамов, Камолов, Азимов ҳамроҳи ман то лаби дарёи Панҷ якҷоя дар 1 мошин раванд. Агар ҳамин шартҳо иҷро шаванд, тайёрем, ки тамоми гурӯҳҳо ва силоҳбадастонро аз қаламрави Тоҷикистон барорем.
Инро гуфту ба сукут рафт. Мо баҳси зиёде накарда, бе шарҳи Ҷумъа ҳам пайхас кардем, ки пешниҳодҳои ӯ аз талвосаи ҷон буданд. Воқеан ӯ метарсид. Лек барои мо-тоҷикон, аз ҷонҳои ширинамон дида ҳам оромии воҳа ва кишварамон муҳимтар буд. Пеш аз сафар Президенти кишвар гӯё, ки пешбинӣ карда бошад, андешаҳои Ҷумъаро таъкид карда буданд: фаъолияти кории комиссия махфӣ гузарад ва ахборот пахш нашавад, ки мо бо гурезаҳои ӯзбек сару кор дорем. Ин дастурҳоро ба дӯши аъзои Комиссияи давлатӣ чун масъулияти фавқулодда калон гузошта буданд. Андак беэҳтиётӣ боиси ҷорӣ шудани ҷӯи хун шуда метавонист. Ба хотири амнияти Ҷумъа ва зердастонаш, ҳатто бо марзбонони Русия, ки дар хати аввали марзҳои ҷумҳурӣ меистоданд ва гузаштани силоҳбадастон аз дарёи Панҷ ба Афғонистон бе иҷозати онҳо ҳаргиз амалӣ намешуд, мо хабар додем, ки аз марзи Тоҷикистон фақат гурезаҳои ӯзбекро таҳти сарварии Рустам (Ҷумъа) мегузаронем.
Ноинсофии қирғизӣ
Ин ном ба хотири рӯпӯш намудани мақсади амалиёт буд. Минтақаи гузаришро мо заставаи «Қубод»-и н.Қубодиён интихоб кардем, ки рӯ ба рӯи қарияи Кулӯхтеппаи Афғонистон қарор дошт. Дар масофаи 15 км дуртар аз ин қария Кампи Сахӣ мавқеъ дорад. Ин ҷойҳо таҳти тасарруфи Толибон буданд. Талаби охирини Ҷумъаро ба шарти гаравгон рафтани ашхоси мазкур қабул кардем. Охирин талаби ӯ сараввал интиқол додани гурезаҳо ва сипас силоҳбадастон буд. Баъди қабули ҳамаи талабҳои пешниҳодкардаи ӯ нисбати гаравгонҳои Ҷопон сухан оғоз кардем. Ӯ хабар дод, ки Билол ҳамроҳи Муҳаммадшоҳ бо кормандони идораҳои қудратии Қирғизистон ва сафорати Ҷопон гуфтушунид дорад ва то субҳи дигар дар радифи иҷрои талабҳои баррасишуда онҳо низ озод мешаванд. Дар ҳамин ҷо қарибиҳои нисфи шаб сӯҳбати мо анҷом ёфт. Баъд маслиҳат кардем, ки қарибиҳои субҳ сӯи Тоҷикобод ҳаракат мекунем ва гуфтугӯро бо қумандонҳо-Шайх, Мулло Абдулло, Саидхоҷа ва дигарон, ки дар хонаи Шайх мунтазиранд, давом медиҳем. Ҷумъа моро нигарон нашуду баромада рафт. Пагоҳӣ то дамидани субҳ мо ҳам баромада ба Тоҷикобод рафтем. Дар роҳ ғарқи андеша будам…
Риштаи хаёлҳоро ғалоғулаи гурӯҳҳои мавзеи Лаби Ҷар истодаи мо канд. Муддати чанд дақиқа сардори пост бо мо ҳамсӯҳбат шуда, оид ба вазъ хабар расонд ва боз масири Тоҷикободро пеш гирифтем. Дар Тоҷикобод, дар бинои Кумиҷрояи ноҳия ба ҳамаи аъзои комиссия оид ба гуфтушунидҳо гузориши муфассал додем ва онҳо ҳамаи пешниҳодҳои моро тарафдорӣ карданд. Аъзои Комиссияи давлатӣ аз озод шудани гаравгонҳо ба мо мужда доданд. Қарор шуд, масоили ҷобаҷокунӣ ва реинтегратсияро бо фармондеҳони ба сохторҳо шомил шуда, намояндагони идораҳои қудратии ҷумҳурӣ, ки дар ҳайати комиссия буданд, ҳаллу фасл хоҳанд кард. Гуфтушунидҳо дар Тоҷикобод 2-3 рӯз идома ёфтанд ва муддате нагузашта бисёре аз масъалаҳо ҳал шуданд. Дар вохӯрие, ки дар ҳавлии Шайх бо иштироки Ҷумъаву дигар қумандонҳои ноҳия гузашт, ба мувофиқа расидем, ки тамоми гурезаву силоҳбадастони ӯзбек аз Ҳоиту Тоҷикобод, Ғарму Дарбанд ба Тавилдара омада озими сафар мешаванд. Баъди баргардонидани гаравгонҳо, хоса, шаҳрвандони Ҷопон, аз барномаи «Вести»-и ТВ Русия дар бораи нишасти матбуотии дар Бишкек барои журналистони хориҷӣ барпошуда, роҳбарони идораҳои қудратӣ, котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон хабар доданд, ки дар натиҷаи фаъолияти самарабахш ва амалиёти моҳиронаи онҳо гаравгонҳо озод карда шуданд. Ноинсофӣ ба ҷое расид, ақаллан 1 бор нагуфтанд, ки дар ин комёбӣ кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва идораҳои қудратии Тоҷикистон низ саҳм доранд. Мусаллам аст, ки онҳо чунин рафтори ношоистаро барои худситоӣ дар назди президенташон карданд. Дар асл, тамоми гаравгонҳо харида шуда буданд.
Хатмуламали «Рустам»-она
Баъди анҷоми гуфтушунидҳо дар ҷаласаи машваратии Тоҷикобод комиссия қарор дод, ман фавран ба марзи ҷануби ҷумҳурӣ рафта, ҷои гузаронидани гурезаҳо ва силоҳбадастонро интихоб ва ҷиҳати амалӣ шудани мақсад замина тайёр кунам. Ба хотири таъмини амният бо А.Азимов маслиҳат кардам, гурезаҳоро аз 1 нуқтаи марз ва силоҳбадастонро аз нуқтаи дигар мегузаронем. Ман ва Ҳакимов ба Душанбе омадем. Сараввал назди фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии Русия дар Тоҷикистон генерал Маркин А.С. даромада тамоми мушкилотро як ба як матраҳ сохта, баъди ҳаллу фасл онҳо роҳи н.Қубодиёнро пеш гирифтанд. Барои эҳтимол ба вуқӯъ напайвастани ягон дасиса роҳи гузаронидани гурезаҳоро аз постгоҳи марзии №5, воқеъ дар «Бешаи Палангон» ва силоҳбадастони ӯзбекро аз постгоҳи марзии №4-и «Қубод» интихоб кардам. Тайи 10 шабонарӯз дар комендатураи марзии Қубодиён бо фармондеҳи собиқи мухолифин Алӣ Ҳалимов (Алӣ Мунтоқ) истода, якҷо тамоми чораҳоро андешида, замина тайёр кардем. Вақте автобус ва мошинҳои боркаш овардани гурезаҳоро сар карданд, аз рӯи нақшаи дар даст буда, онҳо аз мавқеи постгоҳи №5, тавассути чархболҳо ба ҳудуди Панҷи Афғонистон гузаронида шуданд. Тибқи талаби Ҷумъа ман ҳам бояд дар 1 мошин ҳамроҳашон мебудам. Ба хотири он, ки аксари корҳои ба беруни кишвар бурдани онҳо ба сарҳад вобастагӣ дошт ва гумони бад накунанд гуфта, рӯзи ба вил.Хатлон ворид шудани онҳо, ман дар чорроҳаи н.Ғозималик (ҳоло Хуросон) онҳоро нигарон шудам. Дар мошине, ки Ҷумъа, А.Азимов, Ғ.Адҳамов савор буданд, ман ҳам нишаста, ҷониби марз-сӯи н.Қубодиён роҳ гирифтем. Берун аз ноҳия А.Ҳалимов барои «меҳмонҳои нохонда» дар чанд дег таъом тайёр карда буд. Мо, Ҷумъа ва 284 нафар зердастонаш, барои сарфи таъом даъват шудем. Пас аз ба итмом расидани ношто қатораҳои мошин ҷониби сарҳад ҳаракат карданд.
Сари 1 пиёла чой бо Ҷумъа
Дар постгоҳи марзии №4 аллакай 1 гурӯҳи калони афсарони рус таҳти сарварии Маркин моро интизор буданд. Баржаи одамкашониро мо 2-3 рӯз пеш аз Панҷи поён бо машаққати зиёд омода карда будем. Дар лаби дарё ба он тараф гузаронидани киҳо ва кадом гурӯҳҳоро сарҳозирбоши Ҷумъа, Билол ном шахс роҳбарӣ мекард. Ӯ писарамаки Ҷумъа будааст. Аз гуфтугӯе, ки бо мухобира Ҷумъа мекард, дар он сӯи соҳили дарёи Панҷ ба истиқболи интиқолшавандагон сарвари кулли ҲИӮ Тоҳир Юлдошев ва фармондеҳи сарҳадии толибон Ахтар ном шахс омада буданд. Тавассути баржа 10-15-нафарӣ мегузаштанд. Ҷумъа ва ҳозирбошҳояш, ки 20 нафар буданд, маслиҳат шуд, пас аз ҳама убур мекунанд. Маркин бо ман сӯҳбат ороста андаке хафагӣ карда бо гила гуфт, шумо гурезаҳо гуфтед, инҳо силоҳбадастанд-ку? Ӯро ором карда фаҳмондам, ки ин тавр гузаронидани амалиёт ба он хотир сурат гирифт, ки дар кишвари ҳаммарзи мо барои гузаронидани ягон дасиса хабар наравад. Сипас Ҷумъаро назди Маркин хонда шинос кардам. Ӯро фармондеҳ Рустам муаррифӣ намуда, аз термоси Маркин 1 пиёла чой додам. Худам ба сифати тарҷумон саволу ҷавобҳои онҳоро тарҷума кардам. Дар ҷараёни сӯҳбат Маркин дар кадом мавзеъ ҷойгир шудани Ҷумъаро пурсид. Ба фикрам дар Қундуз, – гуфт ӯ дар ҷавоб. Баъди сӯҳбати на чандон тӯлонӣ навбати гузаронидани Ҷумъа расид. Бо ҳама хайру маъзур кардем. Ӯ арзи сипос ва хоҳиш намуд, миннатдориашро ба президент расонам. Пеш аз ба баржа нишастанаш маро имо кард, ки гапи 1х1 дорад. Ман дуртар истода бо ӯ ҳамсӯҳбат шудам. Ӯ гуфт:
-Қумандон Камолов, ёд доред, ки шумо нахустин рӯзи шиносоӣ аз ман пурсидед, ки сарҳадро дар куҷо убур карда, ба Тоҷикистон омадам?
-Бале, – гуфтам.
-Ҳамон лаҳза ба саволи шумо ҷавоб надодам. Он овозаҳо, ки нисбати Муҳаммадшоҳи Искандар ҷой дорад ва гӯё, ман тавассути Ҷиргатол бо мадади ӯ омадам, асос надоранд. Ин овозаҳо ба он хотир буд, ки нуқтаи асосии ҷои гузаштани ман ошкор нашавад. Ҳамон шабу рӯз нисбати Муҳаммадшоҳ ғарази шахсӣ доштам, чунки вақти ба Бишкек рафтани мо ӯ маро дастгирӣ накард, садди роҳ шуд ва маҷбур шудем, бо пайраҳаҳои кӯҳӣ, бо машақати зиёд он тараф гузарем. Дар асл, ман аз постгоҳи марзи назди Бадахшон гузашта ба Язғулом омада будам.
-Кӣ туро дастгирӣ кард?
Бо табассум гуфт: Пули Амрико.
Аз ҷо бархоста тарафи баржа рафт. Болои баржа истода аз Адҳамов илтимос кард, ки 2 мошинаи боркашро гузаронанд. Адҳамов шӯхӣ карда гуфт:
-Ҳеҷ боке нест, агар 2 мошин дар Тоҷикистон монад.
-На фақат мошин, балки изи чархҳои онҳоро низ аз замини тоҷикон рӯфта бо худ мебарам, – гуфт дар ҷавоб Ҷумъа.
-Баржа ба самти муқобил ҳаракат кард.
-Баъди дар соҳили дарё фаромадани онҳо ба Маркин муроҷиат карда, шӯхиомез гуфтам: «Александр Степанович, оё шумо медонед, ки якҷо ба террористи байналхалқӣ чой нӯшидед?»
Ӯ чунин ҷавоб дод: «Гумон мекардам, ин ҳамон падарқусур аст».
Ҳар оғоз, билохира, анҷом дорад.
Саиданвар Камолов,
генерал-лейтенант